Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

IOM: "Ҳадди ақал 60%-и муҳоҷирон дар Русия бекору даромад мондаанд"


Мардони дар ҷустуҷӯи кор. Шаҳри Душанбе, моҳи апрели 2020
Мардони дар ҷустуҷӯи кор. Шаҳри Душанбе, моҳи апрели 2020

Коршиносони умури муҳоҷират мегӯянд, дар шароити пандемияи коронавируси нав бо падидаи нави "муҳоҷирони дармонда ё бандмонда" (stranded migrants) рӯбарӯ шудаанд. Бар асоси арзёбиҳои тахминии Хадамоти муҳоҷирати Қазоқистон, танҳо дар ин кишвар тахминан 10 ҳазор нафар дар чунин ҳолат қарор доранд.

Ин муҳоҷирон, ки дар миёнашон шаҳрвандони Тоҷикистон низ ҳастанд, бо сабабҳои гуногун дар кишвари ғанӣ аз нафти Осиёи Марказӣ дармондаанд. Рӯзи 3-юми июн Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар дод, ки беш аз 200 шаҳрванди дармонда дар марзи Қазоқистону Узбекистон ба Тоҷикистон баргардонида шуданд.

Муҳоҷирони тоҷикро бо 5 мусофирбар ба Тоҷикистон расонданд. Бахше аз ин муҳоҷирон давоми ду моҳ мунтазири боз шудани марз истода буданд.

Созмони Ҷаҳонии Муҳоҷират (IOM) барои ин гурӯҳи муҳоҷирон ёриҳои башардӯстона ироа карда, масъулияти бо автобусҳо ба Тоҷикистон расондани онҳоро ба дӯши худ гирифт.

Зейнал Ҳоҷиев, ҳамоҳангсози масоили Осиёи Марказӣ дар Созмони Ҷаҳонии Муҳоҷират дар Қазоқистон, рӯзи 2-юми июн дар бораи чолишҳои нави муҳоҷирони Осиёи Марказӣ дар шароити пандемия изҳори назар кард.

Ӯ гуфт: Гап сари ин аст, ки инҳо гурӯҳи ягонаи муҳоҷирон нестанд. Ҳар сари чанд вақт аз Русия ва дигар гӯшаҳои Қазоқистон ҳам меоянд. Бисёр мешавад. Кишварҳои сеюм, ба мисли Узбекистон, долонҳоро боз мекунанд ва онҳо аз он қаламрав мегузаранд. Агар Русияву Қазоқистон бо ҳам машварат кунанд, пас, муҳоҷирон ба сарҳадҳои ҷанубии Қазоқистон рафта, дар он ҷо бо ҷониби Узбекистон вориди гуфтугӯ мешаванд. Чунин ҳолатҳо ҷой дорад.

Радиои Озодӣ: Бар асоси иттилои Шумо, дар маҷмуъ, дар тамоми муддати пандемия оё чӣ шуморе аз муҳоҷирон ҳамингуна дар марз ва ё дохили хоки Қазоқистон ҷамъ меоянд?

Зейнал Ҳоҷиев: Мо ин гурӯҳи муҳоҷиронро "муҳоҷирони дармонда" меномем. Ин гурӯҳи мардум таъминоти дуруст надоранд, бо сабабҳои мухталиф, аз набуди маблағ ва ё бо сабаби баста будани марзҳо дармондаанд. Онҳо кор ё даромад надоранд. Бисёр вақт ҷойи хобу зист надоранд ва дар вазъи риққатбор ҳастанд. Бар асоси маълумоти Хадамоти муҳоҷирати Қазоқистон, ҳоло тахминан 10 ҳазор муҳоҷири корӣ дар чунин вазъият ҳастанд. Ин зиёд аст. Шарт нест, ки ҳамаи онҳо дар марз бошанд. Онҳо дар шаҳрҳои калони кишвар ҳастанд ва мунтазир мондаанд, ки марзҳо боз шаванду ба ватанашон баргарданд. Вале ин гурӯҳ ба ҳар ҳол ҷойи зист дорад ва мо ба ин қабил муҳоҷирон ҳам дасти ёрӣ дароз мекунем. Ёрии мо тавассути ҳамкоронамон – созмонҳои ҷамъиятии маҳаллӣ сурат мегирад.

Радиои Озодӣ: Гурӯҳи ахири шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар марз дармонд, аввалин чунин гурӯҳ аст ва ё дар гузашта ҳам чунин вазъро шоҳид шуда будед?

Зейнал Ҳоҷиев
Зейнал Ҳоҷиев

Зейнал Ҳоҷиев: Ин муроҷиати нахустин ба мо аст. Тавре аз суҳбат бо сафири Тоҷикистон дар Қазоқистон хабар дорам, пеш аз баста шудани марзҳо (дар моҳи март) як гурӯҳи калони муҳоҷирон тавонист ба ватан баргардад. Ӯ дар бораи 1500 нафар мегуфт. Онҳо ёрӣ карданду ин мардум ба хонааш баргашт. Ҳоло ин гурӯҳ ҷамъ шуд. Мақомот ҳар сари чанд вақт бе ҷалби мо чунин барномаҳои бозгаштро ташкил мекарданд ва аввалин бор аст, ки ин кор бо ёрии мо анҷом мешавад. Як гурӯҳи дигари муҳоҷирони узбек ҳам ҳаст, ки тадриҷан ҷамъ мешавад. Ин гурӯҳ асосан онҳое мебошанд, ки аз Русия бармегарданд. Кишварҳо ҳам вобаста аз имкониятҳои худ ва бо назардошти муқаррароти давр (карантини замони пандемия) онҳоро роҳ медиҳанд, чунки баробари бозгашт ба ватан бояд бо карантин фаро гирифта шаванд.

Радиои Озодӣ: Шаҳрвандони Узбекистонро, тавре мефаҳмем, бо сабаби мустақим будани хатти марз бо Қазоқистон, зудтар ба ватан роҳ медиҳанду ба карантин мебаранд?

Зейнал Ҳоҷиев: Табиист, ки вақте ду давлат бо ҳам машварат мекунанд, кор зудтар пеш меравад ва вақте се кишвар дахил аст, гапи дигар аст. Шароити убур сангинтар мешавад. Дар гузашта чунин масоил набуд.

Радиои Озодӣ: Дар шароити кунунӣ оё нақши донорони байналмилалӣ дар заминаи кумак ба ин гурӯҳи муҳоҷирон аз чӣ иборат аст? Мо дар бораи ҳузур ва кори онҳо хабар дорем, барномаҳои калоне роҳандозӣ мешавад, вале дар шароити фавқулодае мисли имрӯз, ки бояд тасмимҳои зуд гирифта шавад, гӯё як бунбаст рӯй додааст. Шумо бо ин андеша розӣ ҳастед?

Зейнал Ҳоҷиев: Қисман розӣ ҳастам. Вале ин вазъиятро на бо набуди хоҳиши донорҳо, балки бо муқаррароти кор рабт бояд дод. Мо барномаҳои корӣ доштем ва буҷа ҳам барои иҷрои ҳамин барномаҳо нигаронида шудааст. Дар ҳолате, ки пеш омад, зарурати тағйир додани самти харҷи маблағҳо пеш омад. Донорҳои мо саховатманд буданд ва онҳо ба мо иҷоза доданд, ки ба ин харҷҳо роҳ диҳем. Агар онҳо розӣ намешуданд, чунин кумакҳоро карда наметавонистем.

Радиои Озодӣ: Яъне, дар созмони Шумо тағйири зуди стратегияи кор сурат гирифт?

Зейнал Ҳоҷиев: Бале, хеле зуд ва донорҳо ҳам хуб ёрӣ карданд. Маблағҳое, ки барои барномаҳои дигар нигаронида шуда буданд, истифода шуданд, вале буҷа беохир нест. Ҳеч кас ба мавҷи калони муҳоҷирон омода набуд. Барои қабули чунин қарор дар заминаи тағйири самти кор вақт лозим аст. Ин кор зуд анҷом намешавад. Тахминан се ҳафта пеш мо ба донорҳои байналмилалӣ як муроҷиате кардем. Пайомадҳои пандемияи COVID-19-ро ба муҳоҷирон дар як гузориши иҷтимоиву иқтисодии сабуке таҳлил кардем. Бахусус кишварҳоеро таҳлил кардем, ки аз муҳоҷират бастагии зиёд дорад - ин пеш аз ҳама Тоҷикистон ва Қирғизистон. Бар асоси ин таҳлили начандон амиқ мо муроҷиате кардем ва шарҳ додем, ки эҳтиёҷи муҳоҷирон дар Русия акнун аз чӣ иборат мешавад. Бархе аллакай вокуниш мекунанд, вале феълан мавзӯи маблағгузорӣ ҳал нашудааст. Умедворем, ки барои кумак ба нафарони бештар имкон пайдо хоҳем кард.

Радиои Озодӣ: Муроҷиати Шумо ба кӣ равона шуд ва сармоягузорони калидӣ кистанд?

Зейнал Ҳоҷиев: Барномаҳое доштем, ки онро Амрико ва Норвегия маблағгузорӣ карданд. Мо сармояи худро ҳам доштем, ки тавонистем барои ироаи ёриҳо равона кунем. Ҳоло инчунин ба Иттиҳоди Аврупо, Бритониё, ҳукумати Швейтсария ва кишварҳои дигари аврупоиву Амрико муроҷиат кардем… Онҳо суол медиҳанд, баъзе ҷузъиётро дақиқ мекунанд. Умед дорем, ки ин талошҳо натиҷа медиҳад.

Радиои Озодӣ: Бо як калима мушкили аслии муҳоҷирони дармондаро чӣ гуна шарҳ медиҳед?

Зейнал Ҳоҷиев: Ба назари ман – заъфпазир будани онҳо. Бисёр чиз гуфтан мумкин аст, вале муҳимтарин масъала ин аст, ки онҳо кори худро аз даст доданд ва дар ҳолате қарор доранд, ки ба хона баргашта наметавонанд. Агар ҳам онҳо ба хона баргашта битавонанд, замонати ин ки дар ватани худ кор меёбанд, вуҷуд надорад. Ба ҳамин хотир ҳам бисёр муҳоҷирон ҷое наҷунбида дар ин кишварҳо монданд. Дар аввалҳои моҳи март бар асоси иттилои Хадамоти муҳоҷирати Қазоқистон дар ин ҷо 170 ҳазор муҳоҷир қарор дошт.

Радиои Озодӣ: Ҳамаашон муҳоҷирони корию иқтисодианд?

Зейнал Ҳоҷиев: Бале, муҳоҷирони иқтисодиву корианд. Онҳо монданд. Бисёрашон баргаштанд. Масалан ҳамчунин бар асоси омори расмӣ, ки аз ҷониби Тоҷикистон ва Узбекистон дарёфт кардем, ин омор метавонад тағйир ёбад – аз оғози соли ҷорӣ тахминан 90 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон ба ватан баргашта тавонист. Дар байни онҳо инчунин нафароне буданд, ки то оғози буҳрони COVID-19 бо сабаби корҳои мавсимӣ ба хона баргаштанд. 150 ҳазор нафар ба Узбекистон баргашт. Ва бо шурӯи мавсими баҳорӣ онҳо дигар ба Қазоқистон омада натавонистанд. Мо бояд дар бораи онҳо ҳам андеша кунем. Соли гузашта дар Қазоқистон то 2 миллион муҳоҷир қарор дошт. Оғози сол, вақте бо сабаби пандемия тадбирҳои маҳдудкунанда ҷорӣ шуд, дар ин кишвар 170 ҳазор муҳоҷир буд. Ин омори расмӣ аст. Дар ин шароит аз кор на танҳо муҳоҷирон, балки сокинони маҳаллии кишвар ҳам маҳрум мешаванд. Бисёр соҳаҳои хидматрасонӣ ва марказҳои тиҷоратӣ баста шуда аз кор монданд.

Радиои Озодӣ: Шумори тахминии муҳоҷирони корӣ дар Қазоқистонро, ки бекор мондаанд, медонед?

Зейнал Ҳоҷиев: Ҳоло чунин омор нест, вале ин мавзӯъро дар як таҳлили иҷтимоиву иқтисодӣ мавриди омӯзиш қарор додем. Мо дар робита бо вазъ дар Русия маълумот дорем. Ҳадди ақал 60 дарсадашон аз даромад бенасиб мондаанд. Ин нафароне, ки корашро аз даст додаанд ва ё бе пардохти ҳаққи кор мондаанд.

Радиои Озодӣ: Оё баъди пандемия вазъ чӣ гуна хоҳад буд? Пешбинӣ карда метавонед, ки кай вазъият дубора одӣ мешавад ва мардум метавонанд боз пулу кор дошта бошанд? Умеде барои беҳбуд вуҷуд дорад?

Зейнал Ҳоҷиев: Ояндабинӣ на ҳамеша натиҷабахш аст. Бисёр чиз аз иқтисоди Қазоқистон ва Русия вобаста аст, ки чӣ гуна барқарор хоҳанд шуд. Табиист, ки ҳама манфиатдори зудтар беҳбуд ёфтани вазъият ҳастанд. Вақте кор дар самти барқарор шудани иқтисод пеш меравад, бояд омода буд, ки ҳукуматҳои муҳоҷирпазир дар қабули қарор пеш аз ҳама бо назардошти манфиати шаҳрвандони худ амал мекунанд. Ин қобили дарк аст. Вале бархе аз соҳаҳои иқтисод ҳамоно ба кори муҳоҷирон ниёз хоҳанд дошт. Дар чунин вазъ бояд ду масъала ҳалли худро пайдо кунад: пеш аз ҳама ин ки кор набояд бебандубор сурат гирад. Тарси мо ин аст, ки мавҷи муҳоҷирати танзимнашаванда меафзояд ва муҳоҷирон аз гузашта бештар заъфпазир хоҳанд шуд. Чунки дархост зиёд, вале пешниҳод кам мешавад. Бисёре аз муҳоҷирон бекор мемонанд. Ин гурӯҳ ба иҷрои ҳама гуна кор розӣ мешаванд ва туъмаи осони қочоқчиёни инсон мешаванд ва мавриди истисмор ё суистифода қарор мегиранд. Бояд ба чунин паёмадҳои манфӣ омода шуд. Аз ҳоло ҳам мо чунин ҳолатҳоро шоҳид мешавем ва на танҳо дар Русияву Қазоқистон, балки дар кишварҳои фиристанди муҳоҷирон ҳам инро мебинем. Ин як падидаи пешгӯишаванда аст ва вазифаи мо ин аст, ки дар бораи чунин пайомадҳо пешакӣ огоҳ кунем.

Умед вуҷуд дорад ё не? Албатта, вуҷуд дорад. Барои ин, бояд ҳам муҳоҷирон ва ҳам дигарон бисёр кор кунанд. Бояд, ки омодатар бошанд, то ба макони номаълум сафар накунанд, яъне таваккал карда ба ҷое нараванд. Дигар вазъият мисли гузашта намешавад.


Дуюм чизе, ки муҳим аст: ҳатто дар ҳолати хатми муҳлати маҳдудиятҳои марбут ба бӯҳрони COVID-19, бояд масъалаи дастрасии муҳоҷирон ба хадамоти тиббӣ ҳалли худро пайдо кунад. Ин як масъалаи хеле муҳим аст ва як камбуд ҳам мебошад. Муҳоҷирон бояд дар қатори шаҳрвандони он кишварҳо ба хадамоти тиббӣ дастрасӣ дошта бошанд. Гап дар бораи на фақат саломати муҳоҷирон, балки тамоми ҷомеа меравад. Ба ҳамин хотир, вақте мо ба сармоягузорон муроҷиат мекунем, на танҳо дар бораи мушкилоти гуманитарӣ гап мезанем, балки дар бораи ҳифзи ҷони инсонҳо ҳам мегӯем, ки ин масъалаи аввалиндараҷа аст. Умед вуҷуд дорад ё не? Албатта вуҷуд дорад, барои ин бояд ҳам муҳоҷирон ва ҳам дигарон бисёр кор бикунанд. Бояд, ки онҳо омодатар бошанд, то ба макони номаълум сафар накунанд, яъне таваккал карда ба ҷое нараванд. Дигар вазъият мисли гузашта намешавад. Кишварҳои фиристандаи муҳоҷирон бояд дар сиёсати худ ин эҳтиёҷотро ба инобат гиранд. Бояд ҳадди аксар талош кард, ки дар дохили кишвар ҷои кор эҷод шавад ва ба ҷои сафар ба маконе, ки намедонӣ туро чӣ интизор аст, муҳоҷир бояд тавонад дар ватани худ кор пайдо кунад. Дар ин ҷараён шарикони рушд ва созмонҳои байналмилалӣ ҳам бояд шеваи корро ҳамингуна танзим кунанд.

Радиои Озодӣ: Яъне, муҳоҷирон бояд ба хотири дарки беҳтари ҳуқуқ ва хатарҳо саводи худро боло баранд?

Зейнал Ҳоҷиев: Комилан дуруст аст.

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
XS
SM
MD
LG