Пайвандҳои дастрасӣ

З.Серетели: Ман ҳайкали муҳоҷири тоҷикро насохтаам (ВИДЕО)


"Муҷассама"-и Равшану Ҷамшуд дар Красноярск, акс аз сомонаи kp.ru
"Муҷассама"-и Равшану Ҷамшуд дар Красноярск, акс аз сомонаи kp.ru

Ҳайкалтароши шинохтаи Русия Зураб Серетели гуфтааст, ки касе ба ӯ сохтани ҳайкали муҳоҷири тоҷикро пешниҳод накардааст. Қаблан гуфта мешуд, ки ин ҳайкал алакай дар моҳи ноябр дар боғи ВДНХ дар шаҳри Маскав гузошта хоҳад шуд.

Зураб Серетели, ҳайкалтароши шинохта Русия дар сӯҳбат бо телевизиони “Мир” сарусадоҳо дар бораи сохта шудани ҳайкали муҳоҷири тоҷик дар устохонаи ҳайкалсозии ӯро рад кардааст. Зураб Серетели гуфтааст, ӯ соли дуюм аст, ки машғули рассомист ва бо истифода аз рангҳои мухталифи равғанӣ ба қавле фалсафаи рангҳоро меҷӯяд.

Ҳайкалтароши шинохта дар посух ба ин суол ки оё ӯ ҳоло дар пайи сохтани ҳайкали муҳоҷири тоҷик аст?, бо изҳори ҳайрат гуфтааст: “Номи маро мегиранд? Мариз аст ӯ пас, бояд табибонро даъват кард ва санҷид, ки чӣ хобе дидааст вай.”

Муҳаммади Эгамзод, намояндаи расмии сафорати Тоҷикистон дар Русия рӯзи 26 октябр дар мусоҳиба бо Радиои Озодӣ гуфт, агар дар воқеъ барномаи гузоштани ҳайкали муҳоҷири тоҷик дар пойтахти Русия вуҷуд медошт, ин мавзӯъ ҳатман дар мулоқотҳои ҳамагӣ чанд рӯз пеши шаҳрдори Душанбе ва раиси маҷлиси болоии порлумони Тоҷикистон Муҳаммадсаид Убайдуллоев бо шаҳрдори Маскав Сергей Собянин ва волии вилояти Маскав Андрей Воробёв матраҳ мешуд: “Як мавзӯи асосии ин мулоқотҳо масъалаи муҳоҷирони тоҷик буд ва ҷониби мизбон дар сӯҳбатҳо бо оқои Убайдуллоев хеле ситоиш карданд аз саҳми муҳоҷирони тоҷик дар таъмини ободонии шаҳру вилояти Маскав. Агар чунин нақшае дар миён мебуд, Собянин ва Воробёв ҳадди ақал дар ин мулоқотҳо ҳайати баландпояи Тоҷикистонро ҳатман дар ҷараён мегузоштанд, ки чунин барномае доранд ва мехоҳанд бо ин роҳ саҳми муҳоҷирони тоҷикро дар иқтисоди Маскав тақдир кунанд. Аслан ҳарфе набуд дар ин бора.”

Хабари сохта шудани ҳайкали муҳоҷири тоҷик дар устохонаи Серетели моҳи сентябр аз як хабаргузории ноошнои русие бо номи “Смиксер” бархост. Ин хабаргузорӣ бо такя ба бахши фарҳанги шаҳрдории Маскав навишта буд, ки ҳайкали муҳоҷири тоҷик ба шарафи саҳми ин мардум дар ободонии пойтахти Русия сохта шуда, алакай моҳи ноябри соли равон дар боғи ВДНХ қомат хоҳад афрохт. Ба дунбол дар расонаҳо ҳатто иддао шуд, ки феъли “қомат афрохтан” дар қиболи ҳайкали муҳоҷири тоҷик муносиб нест, чунки гӯё муҳоҷири тоҷикро сари зону ҳангоми чидани плиткаи роҳи пиёдагард мунъакис хоҳанд кард.

Чунин тарзи тасвири муҳоҷири тоҷик билофосила мавҷи интиқодҳоро дар матбуоти Тоҷикистон ва ҳам дар байни ҳомиёни ҳуқуқи муҳоҷирони тоҷик ба по кард, ки мегуфтанд, мардикори тоҷикро махсус сари зону, яъне ҳангоми таъзим, мехоҳанд тасвир кунанд ва ин ба маънои таҳқири тамоми мардум аст.

Зураб Серетели
Зураб Серетели

Аммо Зураб Серетели дар сӯҳбат бо “Мир” гуфтааст: “Чунин идеяро бори аввал мешунавам. Хандаовар аст. Як чизҳое фикр мекунанд ки... Ман ба ин идея машғул нестам, ғами худам кам нест.”

Муҳаммади Эгамзод, намояндаи расмии сафорати Тоҷикистон ҳам мегӯяд, азбаски як вазифаи сафорат расидагӣ ба ҳар хабари нашршуда дар матбуот дар бораи Тоҷикистон аст ва онҳо ба ин далел бо устохонаи Зураб Серетели ҳам дар тамос шудаанд, вале масъулони ин устохона низ ба намояндагони сафорати Тоҷикистон гуфтаанд, пешниҳоди расмие аз ягон ҷониб барои сохтани ҳайкали муҳоҷири тоҷик нагирифтаанд.

Оқои Эгамзод мегӯяд, ки онҳо усулан мухолифи сохтани ҳайкали муҳоҷирони тоҷик дар Русия нестанд, вале чунин барномаҳо бояд дар ҳамоҳангӣ бо сафорат ва созмонҳои дигари ҳомии ҳуқуқи муҳоҷирони тоҷик анҷом шуда, мисли ин сарусадоҳои охир дар бораи гӯё сари зону сохтани ҳайкали мардикори тоҷик “ба ҳар навъ чолиши сиёсӣ кашида нашавад.”

Ҷамъоварии имзоҳо барои сохтани ҳайкали Муҳоҷири тоҷик дар сомонаи avaaz.org
Ҷамъоварии имзоҳо барои сохтани ҳайкали Муҳоҷири тоҷик дар сомонаи avaaz.org

Ин нахустин сарусадо дар бораи сохтани ҳайкали муҳоҷири тоҷик нест. Дар моҳи феврал як гурӯҳи фаъолон дар сомонаи avaaz.org маъракаи ҷамъоварии имзоҳо барои сохтани ҳайкали муҳоҷири тоҷик дар маркази Душанберо ба роҳ андохта буданд. Ин фаъолон дар шарҳи пешинҳоди худ навишта буданд: “Маҳз муҳоҷири корӣ бештар аз ҳам дар Тоҷикистон муосир сазовори ҳайкал аст. Беш аз 1 миллион мардикор дар Русия кор карда, ба ватан пуле мефиристанд, ки ҳаҷмаш баробари нисфи маҷмӯъи маҳсулоти дохилии мост. Дар ягон кишвари дигари дунё чунин нест. Бидуни пуле ки ин мардикорон ба Тоҷикистон мефиристанд, миллионҳо нафар дар кишвари мо шояд гуруснагӣ бикашанд. Сатҳи фақр шояд хеле баландтар мешуд. Имкон дошт, ки ин ҳама шиддати иҷтимоиро пеш оварда, боиси афзоиши ҷинояткорӣ ва ҳатто ошӯбҳо мешуд. Мо асосан ба шарофати муҳоҷирони корӣ, ки бо хуну арақи ҷабини худ даро Русия пул кор мекунанд, дар як ҷомиаи нисбатан таъмин ва осуда зиндагӣ дорем.”

Ҳарчанд ин ибтикор дар шабакаҳои иҷтимоии ҳамовозии гарме пайдо кард, вале дар зарфи 8 моҳ дар сомонаи avaaz.org ба тарафдорӣ аз пешниҳоди гузоштани ҳайкали муҳоҷири тоҷик дар пойтахти Тоҷикистон ҳамагӣ 131 нафар имзо додаанд.

Ҳайкали Равшан ва Ҷамшуд дар Зелёная Роша

"Муҷассама"-и Равшану Ҷамшуд дар Красноярск, акс аз сомонаи kp.ru
"Муҷассама"-и Равшану Ҷамшуд дар Красноярск, акс аз сомонаи kp.ru

Вале маълум мешавад, ҳанӯз 2 сол пеш дар минтақаи Зелёнаяи Рошаи шаҳри Красноярск “муҷассама”-ҳои танзомези Равшан ва Ҷамшудро гузоштаанд. Равшан ва Ҷамшуд қаҳрамонони барномаи танзомези “Наша Russia’-анд, ки ба гуфтаи худи муаллифонашон, симои умумии муҳоҷирони хориҷист, вале дар Тоҷикистон бисёриҳо ин ду симоро таҳқири муҳоҷирони кории тоҷик дар Русия қабул карданд.

Нашри филмҳо дар бораи Равшану Ҷамшуд дар ин барнома дар пайи эътирозҳои мукаррари матбуот ва мақомоти Тоҷикистон қатъ шуд. Аммо ҳайкали танзомез ва ба ақидаи ҳомиёни ҳуқуқ, нисбат ба як мардуми коргар таҳқиромези Равшану Ҷамшуд дар Красноярск боқӣ мондааст.

Омори расмӣ шумори муҳоҷирони тоҷикро дар Русия ҳудуди 800 000, вале манобеъи дигар аз 1 то 1,5 миллион нафар баровард мекунанд. Солона ин мардум ба Тоҷикистон танҳо тавассути бонкҳо ва ширкатҳои интиқоли пул, яъне фақат бо роҳҳои расмӣ беш аз 4 миллиард доллар пул мефиристанд, ки аз ҳаҷми буҷаи солонаи Тоҷикистон бештар ва баробари нисфи маҷмӯъи маҳсулоти дохилии ин кишвар аст.

Аробаи рӯзгори аксари хонаводаҳо дар Тоҷикистон, ки фақиртарин кишвар дар паҳнои пасошӯравӣ ва вобастатарин кишвари дунё аз пули муҳоҷирон эътироф шудааст, асосан аз ҳисоби пули фиристодаи ҳамин мардикорон мечархад.

XS
SM
MD
LG