Пайвандҳои дастрасӣ

Вокунишҳо ба ташкили созмони ягонаи тоҷикон дар Русия


Абдулло Давлатов
Абдулло Давлатов

Баъзе аз раҳбарони итттиҳодияҳои мустақили муҳоҷирон ташкили созмони ягонаи тоҷикон дар Русияро "сиёсӣ" медонанд. Онҳо мегӯянд, ҳадаф на ҳимоят аз муҳоҷирон, балки таблиғи ҳукумат аст.

Баъзе аз раҳбарони иттиҳодияҳои мустақили муҳоҷирон дар Русия ташкили созмони ягонаи тоҷикон дар ин кишварро “сиёсӣ” медонанд. Онҳо мегӯянд, ҳукумат аз ин роҳ мехоҳад, аз шакл гирфтани нерӯи мухолифон дар Русия ҷилавгирӣ намояд. Дар ҳоли ҳозир дар ин кишвар беш аз 1 миллион шаҳрванди Тоҷикистон барои дарёфти рисқу рӯзии худу фарзандон кору зиндагӣ мекунанд ва ахиран гуруҳе аз онҳо дар манотиқи мухталифи Русия гирди ҳам омада, алайҳи ҳукумати Тоҷикистон баромад карданд.

Абдулло Давлатов, раиси Иттиҳоди тоҷикони Русия, мегӯяд, созмони ягона, ки зоҳиран бо ҳимояти раисиҷумҳури Тоҷикистон ташкил хоҳад шуд, алтернативаи ҷамъиятҳои мустақил буда, ба ҷои ҳалли мушкили муҳоҷирон, бараъкс, ба фаъолиятҳои сиёсӣ машғул хоҳад шуд. "Дар ҳар сурат, фақат метавонанд иғво андозанд. Вагарна дар гузашта низ чандин бор тасмими ташкили созмони ягона буд, аммо таваҷҷуҳ нашуд. Ин кор бояд дар дохили Русия аз тарафи худи муҳоҷирон сурат бигирад. Вақте аз тарафи ҳукумат ин кор анҷом меёбад, пас, манзурашон чизи дигар аст",-илова кард Давлатов.

Иззат Амон
Иззат Амон

Иззат Амон, раҳбари Созмони ҷавонони тоҷик дар Маскав, ҳам мегӯяд, масъалаи ташкили созмони ягонаи тоҷикон дар Русия баъд аз овозаи гирдиҳамоиҳо бо ишитроки муҳоҷирон матраҳ шуда, ҳадаф дар даст доштани ҷилави онҳост, на чизе аз ин бештар. "Якум, онҳое, ки бо президент сӯҳбат карданду ин пешниҳодро матраҳ намуданд, аслан ҳаққи аз номи муҳоҷирон сухан гуфтанро надоранд. Дуюм, агар ин "созмони умумирусиягӣ" аз ҷониби ҳукумат ва ё намояндагиҳои он дар Русия таъсис ёбад, ҳатман ба таблиғи ҳукумат миёни муҳоҷирон машғул хоҳад шуд",-таъкид дошт ӯ.

Ба қавли Иззат Амон, агар ҳадаф ҳимоят аз ҳаққи муҳоҷирони тоҷик мешуд, ин корро намояндагиҳои расмии кишвар низ метавонистанд анҷом диҳанд ва ҳоҷат ба харҷи бештар намемонд. "Вале равандҳои ахир ба хубӣ нишон доданд, ки муҳоҷирон дигар намехоҳанд бозичаи кадом як гурӯҳи сиёсӣ шаванд",-афзуд раҳбари Созмони ҷавонони тоҷик дар Русия.

Баҳси созмони ягонаи тоҷикони Русия дар мулоқот бо Э.Раҳмон

Раҳбарони беш аз 20 ҷамъияти тоҷикони муқими минтақаҳои гуногуни Русия рӯзи 15 октябр дар сӯҳбати рӯ ба рӯ бо Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, пешниҳод кардаанд, то дар таъсиси созмони умумирусиягии тоҷикон мусоидат намояд. Ин раҳбарони ҷамъияти тоҷикон дар Русия як рӯз пеш барои иштирок дар мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо соҳибкорону сармоягузорони дохилу хориҷ омада буданд.

Пешниҳоди ин сӯҳбати рӯ ба рӯ низ дирӯз дар мулоқот бо соҳибкорон аз тарафи яке аз намояндагони ҷамъияти тоҷикон дар Русия садо дод ва оқои Раҳмон аз зердастонаш хост, онҳоро баъд аз соати даҳуними рӯзи 15 октябр ба "Қасри Миллат" биоранд.

Мулоқоти Э.Раҳмон бо раҳбарони диаспораҳо. Акс аз сомонаи president.tj
Мулоқоти Э.Раҳмон бо раҳбарони диаспораҳо. Акс аз сомонаи president.tj

Раисиҷумҳури Тоҷикистон, ба гуфтаи дафтари матбуоташ, пешниҳоди таъсиси созмони умумирусиягии тоҷиконро пазируфта, таъкид кардааст, “тавассути ин созмон бояд фаъолияти тоҷикон хуб ҳамоҳанг шавад”. Дафтари матбуоти раёсати ҷумҳури Тоҷикистон мегӯяд, “изҳори боварӣ карда шуд, тоҷикони муқими Русия минбаъд ҳам омили муҳими таҳким ва густариши робитаҳои судбахши Тоҷикистон ва Федератсияи Русия хоҳанд буд.”

Дар сӯҳбати раисиҷумҳури Тоҷикистон бо намояндагони ҷамъиятҳои тоҷикони муқими Русия гуфта шудааст, “ба фаъолияти пурсамари муҳоҷирони кории тоҷик, ки аксари кулли онҳо бо заҳмати бенуқсон ва одобу ахлоқи накӯяшон соҳиби обрӯю нуфуз шудаанд, ҳам Тоҷикистон ва ҳам Русия манфиатдоранд.” Онҳо таъкид кардаанд, барои боз ҳам беҳтар намудани фазои будубош ва кору зиндагии тоҷикон дар Русия бояд дар худи Тоҷикистон омӯзиши забони русӣ ва ҳунаромӯзии муҳоҷирон ба роҳ монда шавад.

Пешниҳоди таъсиси созмони умумии тоҷикони Русия нахустин ибтикор барои муттаҳид кардани ҷамъиятҳои тоҷикони он кишвар нест. Дар соли 2006 бо баргузории як анҷуман таҳти сарпарастии сафорати Тоҷикистон дар Русия Иттиҳодияи тоҷикистониҳои Русия таъсис ёфта, табиби тоҷики муқими Маскав Абдулло Давлатов раисаш интихоб шуд. Аммо ин созмон ҳам натавонист ҳамаи ҷамъиятҳои тоҷиконро муттаҳид кунад. Баъдан Иттиҳодияи тоҷикистониҳои Русия бо сафорат низ мушкил пайдо кард ва дар ниҳоят қазия мунҷар ба он шуд, ки ин созмон ба далоили мушкили сабтином ва масоили дигари зоҳиран ҳуқуқӣ аз байн биравад.

Каромат Шарипов
Каромат Шарипов

Дар солҳои охир Каромат Шарипов, раҳбари як ҷамъияти дигари тоҷикони Русия бо таъсиси Ҷунбиши муҳоҷирони кории тоҷик дар Русия талош дорад, то ҳадалимкон шумори бештари ҷамъиятҳои тоҷикони он кишварро зери чатри ин созмон гирди ҳам биорад. Аммо ин ҷунбиши Каромат Шарипов бо вуҷуди чанд сафари ӯ ба Душанбе ва мулоқотҳояш бо мақомоти гуногун дар сохторҳои расмии Тоҷикистон чандон тарафдор пайдо накардааст.

Дар Русия, бино ба оморҳо, беш аз 1 миллион муҳоҷир аз Тоҷикистон кору зиндагӣ мекунанд. Ин мардум танҳо тавассути каналҳои расмӣ дар соли гузашта ба Ватан беш аз 4 миллиард доллар фиристодаанд, ки бештар аз ҳаҷми буҷаи давлатии Тоҷикистону баробари нисфи маҷмӯи маҳсулоти дохилии ин кишвар аст. Пули муҳоҷирон як василаи умдаи таъмини суботи иҷтимоӣ ва гузарони зиндагии аксари хонаводаҳо дар Тоҷикистон, ки бо ҳудуди 120 доллар маоши миёнаи мардумаш фақиртарин кишвари пасошӯравист, боқӣ мемонад.

XS
SM
MD
LG