Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

“Ба ман гуфтанд, ки ту муҳоҷирӣ ва ҳаққи шикоят кардан надорӣ”


Ҳафизахон Бутаева ҳангоми ташхис
Ҳафизахон Бутаева ҳангоми ташхис

Як зани тоҷик дар Русия мегӯяд, мақомоти пулиси он кишвар на танҳо гумонбари латту кӯби ӯро дастгир накарданд, балки худи ӯро аз он кишвар ронданд.

Эътироз кардам, чун маро бо фиреб ба додгоҳ бурда буданд. Додрас гуфт, дар парванда таъкид шудааст, ки ҳеч санади расмӣ надорӣ.

Ҳафизахон Бутаеваи 39-сола шоми 3-юми марти имсол аз тарафи фурӯшандаи мағозаи "Магнит" дар Маскав латту кӯб шудааст. Ӯ гуфт, барои додхоҳӣ ба мақомоти пулиси ҷои зисташ, минтақаи Шёлково, муроҷиат намуд, аммо ба ҷойи дастгирӣ таҳдид шунид.

Баҳс аз куҷо бархост?

"Тобистони соли гузашта бо соҳиби мағоза баҳс доштем. Онҳо ба ман йогурти муҳлаташ гузаштаро фурӯхта буданд. Шаби 3-юм дубора баҳс бархост ва фурӯшанда маро бо ашёи сахт зад. Дар оғоз пулис ба ман гуфт, ки ба ҳеч ҷо шикоят накун. Агар касе пурсид, гӯй, ки афтодам. Гуфтанд, ки ту муҳоҷири корӣ ҳастӣ ва ҳаққи шикоят надорӣ", - нақл кард ӯ рӯзи 12-ми март дар суҳбат бо Радиои Озодӣ.

Бутаева мегӯяд, дар натиҷаи латту кӯб чашм ва косахонаи сараш сахт осеб дидааст ва ӯ барои додхоҳӣ ба додситонии минтақаи Шёлково низ рафтааст. Дар додситонӣ аз ӯ натиҷаи ташхиси тиббиро хостаанд.

Ҳафизахон Бутаева мегӯяд, соҳиби мағоза ба чашму сараш бо ашёи сахт задааст
Ҳафизахон Бутаева мегӯяд, соҳиби мағоза ба чашму сараш бо ашёи сахт задааст

Ҳафизахон Бутаева мегӯяд, вақте ба бемористон барои гирифтани натиҷаи ташхис рафт, маъмурони пулис ӯро дастгир карда аввал ба шуъбаи корҳои дохилӣ ва рӯзи 5-уми март ба додгоҳи Шёлково бурдаанд. Ҳамон рӯз додрас қарори ихроҷи ӯро хондааст.

"Маро бо фиреб ба додгоҳ бурданд"

"Эътироз кардам, чун маро бо фиреб ба додгоҳ бурда буданд ва асли қазияро намедонистам. Додрас гуфт, дар парванда гуфта шудааст, ҳеч санади расмӣ надорӣ. Дар ҳоле ки ман 4 сол боз дар Русия ҳастам ва ҳамаи ҳуҷҷатҳоям дуруст аст. Агар ҳуҷҷатам дуруст намебуд, ҳамон рӯзи аввал маро ихроҷ мекарданд", - гуфт ӯ.

Бутаева аз рӯи қарори ихроҷ шикоят кардааст ва то замони ниҳоӣ шудани қазия дар Русия хоҳад монд.

Ӯ барои кумак ба намояндагии Вазорати меҳнату муҳоҷират ва сафорати Тоҷикистон дар Русия низ муроҷиат кардааст. Дар ин ду ниҳод ба Радиои Озодӣ гуфтанд, аризаи Ҳафизахон Бутаева, сокини шаҳри Душанберо дастрас кардаанд.

Мақомоти пулиси Русия дар бораи ҳодиса ҳеч чиз нагуфтанд. Аммо онҳо дар гузашта боздошт ва ихроҷи бештари муҳоҷирони тоҷикро бо ҷурми нақзи қоидаи будубош аз он кишвар қонунӣ дониста буданд.

Танҳо, бо ду фарзанд

Ҳафизахон Бутаева соҳиби ду фарзанд аст ва харҷи хонаводаашро ба танҳоӣ меёбад. Ин зан то замони латту кӯб шудан дар як коргоҳи тавлиди ширинӣ дар Шёлково кор мекард. Мегӯяд, агар қарори ихроҷаш бозбинӣ шавад, ба кори худ идома хоҳад дод, вагарна аз он маҳрум мешавад.

Бино ба иттилои расмӣ, то як миллион аҳолии қобили кори Тоҷикистон дар Русия кору зиндагӣ доранд. Дар аввал муҳоҷирати меҳнатӣ хоси мардон буд ва солҳои охир занони тоҷик низ ба ин "корвон" ҳамроҳ шудаанд.

Бештари муҳоҷирон мегӯянд, асосан ба сабаби бекорӣ ё камии маош дар Тоҷикистон барои зиндагии беҳтар рӯ ба Русия овардаанд. Ҳар сол даҳҳо муҳоҷири корӣ дар он кишвар латту кӯб ва дар баъзе ҳолат кушта мешаванд.

XS
SM
MD
LG