Нилуфари 5-сола як соли охир ба касе иҷоза намедиҳад, ки мӯяшро қайчӣ зананд. Ӯ қариб ҳар рӯз аз модару бибӣ мепурсад, ки кай мӯяш дароз мешавад. Ин интизории Нилуфар ба ваъдаи бозгашти падараш аз муҳоҷират вобаста аст.
Падар дар сӯҳбатҳои телефонӣ пайваста ба Нилуфар мегуфт, ҳар вақте мӯи духтари зебояш дароз шавад, ӯ ҳам аз муҳоҷират бармегардад. Нилуфар ҳам ба ин сахт бовар дорад. Бехабар аз он, ки як сол боз падари муҳоҷираш бе ному нишон аст.
Ашкҳои пинҳони модар барои писар
Муҳаббат Ҷаҳонова, модари Зоир Зокирови 33-сола ҳудудан як соли ахир пинҳонӣ аз кӯдакон барои писари гумшудааш ашк мерезад. Ин модар мегӯяд, хоб аз чашмонаш паридааст ва ҳар боре хабари овардани ҷасади муҳоҷиреро мешунавад, ҳолаш хеле бад мешавад.
"Фикрам куҷоҳое намеравад… Дирӯз як ҳамсояамонро оварда, гӯр карданд. Интизориҳои кӯдаконро дида, дилам месӯзам. Духтарчааш ҳар рӯз пеши оина рафта мӯяшро чен мекунад, ки "кай дадаам меояд".
Зоир Зокиров падари се фарзанд аст ва ба гуфтаи модар, се соли пеш бо ваъдаи кор дар Русия бо як дӯсти бародараш ба муҳоҷират рафт. Наздикон аз нақли Зоир мегӯянд, ӯ дар вилояти Уляновск, дар хонаи вакиле бо номи Евгений мардикорӣ мекард.
Ба гуфтаи модар ва ҳамсар, Зоир то баҳори соли 2018 пайваста ба онҳо тамос мегирифт ва бо кӯдакон сӯҳбатҳои видеоӣ мекард. Моҳҳои ахири пеш аз бенишон шудан ӯ дар сӯҳбатҳояш бо хонавода аз он шикоят мекардааст, ки корфармо пули корашро намедиҳад. Гуфтааст, ки пулашро бигирад, зуд ба хона бармегардад.
"Занг мезанам, телефон хомӯш ва худаш бедарак аст"
Раҳматулло Зокиров, бародари Зоир мегӯяд, бори охир 5-уми марти соли гузашта дар сӯҳбат бо ӯ, бародараш нороҳат буд. "Гуфтам, ки чаро ин қадар зиқӣ? Гуфт, "пуламро надода истодаанд". Гуфтам, "пас, хезу биё". Гуфт "не, ман пуламро мегирам, баъд меоям". Ман гуфтам, "вай ватани худаш аст, зӯр аст". Агар "ҳуҷҷатҳоятро гирифта бошад, ба мақомот муроҷиат кун". Гуфт, "не, он ҷо одам доранд". 100 ҳазор рубл бояд ҳаққи корашро мегирифт. Баъди ҳамин дигар чанд бор занг задам, телефон хомӯш ва худаш бедарак шуд".
Аз баҳори соли 2018 ин хонавода аз муҳоҷири ҷавон ҳеҷ хатту хабаре нагирифтааст. Телефонаш хомӯш аст ва саҳфаҳояш ҳам дар шабакаҳои иҷтимоӣ фаъол нест. Волидони Зоир, ки дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ зиндагӣ мекунанд, мегӯянд, барои ҷустуҷӯи писар намедонанд, куҷо муроҷиат кунанд.
Танҳо коре, ки то ҳол кардаанд, кӯмак хостан аз муҳоҷирони дигар дар дарёфти Зоир ва муроҷиат ба фолбину экстрасенҳо аст, ки онҳо ҳам барояшон хабари хуше намедиҳанд.
"Яке мегӯяд, бемории вазнин аст. Яктааш мегӯяд, ҷое рафтагӣ аст, ки ягон шинос ҳам нест, ки пурсем куҷо шуд. Ҳайронем, ки куҷоро ҷустуҷӯ кунем", мегуяд, бародараш.
Наздикони Зоир намедонанд, барои ҷустуҷӯи фарзандашон кадом ниҳоде метавонад ба онҳо кӯмак кунад ва расман ҷое ҳам муроҷиат накардаанд. Шароит ҳам надоранд, ки мустақиман ба ҷустуҷӯяш раванд. Ҳоло бо нашри акси ӯ дар шабакаҳои иҷтимоӣ, аз муҳоҷирони дигар дар Русия барои дарёфти Зоир кӯмак хостаанд.
Даҳҳо муроҷиат барои пайдо кардани пайвандон
Дар соли 2018 ҳудуди 300 шаҳрванди Тоҷикистон аз мақомот ва бархе аз созмонҳои кор бо муҳоҷирон ва созмони "Ҳилоли Аҳмар" дар ҷустуҷӯи наздикони гумшудаи худ кӯмак хостаанд. Масъулини намояндагии Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон дар Русия мегӯянд, дар соли гузашта расман ба онҳо 32 нафар наздикони муҳоҷирон дархости кӯмак кардаанд ва 23 нафар ҳам пайдо шудаанд.
Иброҳим Аҳмадов, сухангӯи ин намояндагӣ дар Русия дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ рӯзи 28 январ гуфт, "ҳолатҳо мухталифанд. Бархе арақ менӯшанд ва ба касе аз наздикон занг намезананду бедарак мегарданд. Ҳолате ҳаст, ки ба боздоштгоҳҳо меафтанду ному насаби аслии худро намегӯянд ва бархе ҳам ҳастанд, ки намехоҳанд бо хонавода тамос гиранд ва рақамҳоро иваз кардаву бенишон мешаванд. Ду ҳолати марг ҳам буд, ки зери барф мондаву дар баҳор пайдо шуданд".
Дар Тоҷикистон ягон ниҳоди махсусе дар самти ҷустуҷӯи муҳоҷирони гумшуда кор намебарад. Аммо дар ин чанд соли ахир ин ба як самти аслии кори созмони "Ҳилоли Аҳмар" табдил ёфтааст.
Ҷамъияти "Ҳилоли Аҳмар"-и Тоҷикистон, ки якҷо бо Кумитаи байналмилалии Салиби Сурх лоиҳаи "барқарорсозии робитаи оилаҳо"-ро амалӣ мекунад, бештар аз ҳама аз наздикони муҳоҷирон дархост барои ҷустуҷӯ мегиранд. Соли гузашта, ба ин созмон барои ҷустуҷӯйи 138 нафар муроҷиат кардаанд.
Муҳоҷирон чаро бедарак мешаванд?
Зулфия Нуралиева, як масъули ин барнома дар созмони "Ҳилоли Аҳмар" мегӯяд, бештари муҳоҷирон бо иллати надонистани ҳуқуқҳои худ ва ноогоҳӣ як муддат беному нишон мешаванд.
Ӯ мегӯяд: "Ҳолатҳое ҳаст, ки нафари ҷустуҷӯшавандаро мо дар маҳбас пайдо мекунем. Дар ин ҳолат тавассути лифофаҳои махсуси Салиби Сурх робитаи нафари ҷустуҷӯшаванда ва аъзои оилаи он барқарор карда мешавад. Тариқи ин лифофаҳо шахси ҷустуҷӯшаванда аз ҳолу аҳволи худ ба наздиконаш хабар мерасонад"
Аксар созмону ҷамъиятҳое, ки бо муҳоҷирон кор мебаранд, мегӯянд, дар бисёр маврид муҳоҷирон бо ному насаби дигар ба боздоштгоҳҳо меафтанд ва бо ҳамин сарнавишти онҳо барои пайвандон дар Тоҷикистон моҳҳову солҳо норӯшан мемонад.
Дар бархе маврид ҳамчунин шаҳрвандони Тоҷикистон дар муҳоҷирати корӣ ба доми фиреби гурӯҳҳои қочоқбар меафтанд ва наметавонанд муддатҳо аз худ дарак диҳанд.
Ҳомиёни ҳуқуқи муҳоҷирон мегӯянд, ҳолатҳое ҳам ҳаст, ки ҷасади муҳоҷирони гумшуда аз сардхонаҳои Русия пайдо мешаванд. Вақтҳои охир муроҷиати муҳоҷирони тоҷик дар Русия барои шиносоии ҷасад дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҳам хеле зиёд аст.
Тибқи омори расмӣ, дар 9 моҳи соли гузашта, 85 нафар дар муҳоҷират фавтидааст. Аммо бино ба оморҳои ғайрирасмӣ, ҳар сол дар ин кишвар садҳо шаҳрванди Тоҷикистон ба иллатҳои мухталиф аз олам чашм мепӯшанд.
"Пайдо кардани ҷасадҳо мушкил шудааст"
Каримҷон Ёров, ҳомии ҳуқуқи муҳоҷирон дар Русия ва раҳбари созмони ғайриҳукматии "Этмос" мегӯяд, дар баъзе мавридҳо муҳоҷирон дар пайи баҳс сари ҳақмузди худ бо корфармо ё миёнравҳо кушта ва дар ҷангалҳо партофта мешаванд.
"Қаблан мо сардхонаҳоро гашта, ҷасадҳоро як-як медидем ва муҳоҷирони гумшударо мекофтем. Ҳоло ин мушкил шудааст, санади зиёд талаб мешавад. Вале аслан вақте ин ҷо як ҷасади ношиносу беҳуҷҷат пайдо мешавад, аксашро мегиранд, як муддат бо нашри эълон соҳибонашро ҷустуҷӯ мекунанд. Агар касе шиносад, хуб, нашиносад, як моҳ пас метавонанд ҷасадро бисузонанд",-афзуд вай.
Созмонҳои кор бо муҳоҷирон таъкид мекунанд, ки як мушкил дар пайдо кардани муҳоҷирони гумшуда - пешниҳод нашудани нишону маълумоти дуруст аз ҷониби наздикони онҳо аст. Ба таъкиди масъулини ин созмонҳо хонаводаҳо дар Тоҷикистон барои ҷилавгирӣ аз чунин мушкил, ҳатман бояд маълумоти муҳимро дар бораи наздикони муҳоҷири худ дошта бошанд.
Аз ҷумла, онҳо бояд бидонанд, ки бародар ё фарзанду падарашон дар куҷо кор мекунад, бо киҳо равуо дорад ва дар куҷо зиндагӣ мекунад. Агар онҳо ин маълумотро дошта бошанд, барқарор кардани робитаҳо осонтар мешавад. Дар акси ҳол, масалан, бо гум шудани телефон, робитаҳо қатъ мешавад ва ҳарду ҷониб ҳам аз ҳамдигар бехабар мемонанд.
Машварати ҳомиёни ҳуқуқ ба муҳоҷирон
Машварати ҳомиёни ҳуқуқ ин аст, ки ҳама муҳоҷирон дар тамос бо хешовандонашон дар бораи макони буду бош, ҷои кор, тамосҳои телефонии ёру наздиконашон, корфармоёнашон ва ҷузъиёти дигарро дар ихтиёри хешовандонашон бигузоранд. Дар чунин ҳолат, ҷустуҷӯ ва талоши пайдо кардани шахси гумшуда душвор намешавад.
Наздикони Зоир Зокиров, муҳоҷире аз ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ, ки як сол боз бедарак аст, ҳоло умеди худро пурра аз даст надодаанд ва тахмин мезананд, ки ӯ зинда аст ва шояд дучори мушкиле шудаасту базудӣ аз худ дарак медиҳад.
Модари Зоир мегӯяд, дигар барои ӯ кору пули писараш даркор нест, ӯ ҳоло фақат дар орзуи бозгашти ҷигарбандаш аст. Муҳаббат Ҷаҳонова, модари муҳоҷири гумшудаи тоҷик мегӯяд, "ҳеҷ чиз даркор нест дигар. Як бор аз дарвоза дарояд, бихандад ва "очаҷон" гӯяд, бас аст бароям".