Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хешовандони муҳоҷири маҷрӯҳи тоҷик ёфт шуданд. ВИДЕО


Баҳриддин Раҳимов дар шифохонаи марказии шаҳри Кимри дар вилояти Твер аст.
Баҳриддин Раҳимов дар шифохонаи марказии шаҳри Кимри дар вилояти Твер аст.

Ба як ҷавони хайрхоҳи тоҷик ва Радиои Озодӣ муяссар шуд, хешовандони як муҳоҷири тоҷикро, ки дар Русия латукӯб шуда, хотираашро гум кардааст пайдо кунанд. Муҳаммад Раҳмонов, сокини Кӯлоб рӯзи 5-уми июн ба Радиои Озодӣ муроҷиат кард ва хост, ки дар пайдо кардани хешовандони ҷавоне бо номи Баҳриддин Раҳимов, ки “бесоҳиб дар шифохонаи шаҳри Кимри дар вилояти Твер” муолиҷа мегирад, кӯмак расонем.

Ӯ видео ва аксҳои Баҳриддин Раҳимовро ба мо фиристод, ки дар бистари беморист ва ба суолҳои Муҳаммад ва онҳое, ки ба аёдаташ омадаанд, ба сахтӣ ҷавоб мегӯяд ва сипас мегиряд.

Муҳаммад Раҳмонов, ки дар шаҳри Дубна дар вилояти Маскав кор мекунад, баъди шунидани қазияи Баҳриддин Раҳимов ба суроғи ӯ, ба вилояти Твер рафтааст.

“Ба шифохона даромадам, бачаро дидам, каме хотираашро гум карда буд, аз шӯъбаи эҳёгарӣ ба шӯъбаи умумӣ гузарондаанд, кам-кам гап мезанад” - гуфт, ӯ.

Ба шифохона даромадам, бачаро дидам, каме хотираашро гум карда буд, аз шӯъбаи эҳёгарӣ ба шӯъбаи умумӣ гузарондаанд, кам-кам гап мезанад.

Аз сӯҳбат ва санадҳои Баҳриддин Раҳимов маълум шудааст, ки ӯ сокини рустои Саричашмаи ноҳияи Шамсиддини Шоҳин (Шӯрободи пешин) аст. Ба Радиои Озодӣ муяссар шуд, ки бо сокинони ин русто тамос бигирад ва хешовандони Баҳриддин Раҳимовро пайдо кунад.

Ҳусейн, бародари Баҳриддин рӯзи 5-уми июн ба Радиои Озодӣ гуфт, ки бародараш ду сол пеш моҳи феврал ба Русия рафта буд ва дар коргоҳи тахтасозие кор мекард. Ӯ гуфт, ки барои кӯмак ба бародараш ба Муҳаммад Раҳмонов, ки масъалаи кӯмак ва бозгардонидани Баҳриддин Раҳимовро бо муҳоҷирони дигари тоҷик баррасӣ мекунад, тамос хоҳад гирифт.

Дар бемористони марказии шаҳри Кимри ҳам ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки дар воқеъ Баҳриддин Раҳимовро дар ҳолати вазнин ба шифохона оварданд ва сиҳатиаш беҳтар мешавад. Фаррух Муҳиддинов, табиби шӯъбаи шикастабандии шифохона, ки худаш ҳам аз Тоҷикистон аст, ба Радиои Озодӣ гуфт, сари Баҳриддин сахт осеб дидааст, аз ин рӯ ҳоло дуруст ҳарф зада ё ҳаракат карда наметавонад.

“Як тарафи росташ кор намекунад, тарафи рост, дасту пояш кор намекунад, забонаш нағз кор намекунад. Ҳоло беҳтар мешавад, забонаш ба кор даромад, худашро мешиносад, бо мо гап мезанад. Беҳтар мешавад”

Ба гуфтаи Фаррух Муҳиддинов, мумкин аст, ҳофизаи Баҳриддин комилан дуруст шавад, вале барои баргаштани ҳаракат ба дасту пои росташ се чаҳор моҳ лозим мешавад.

Соҳибони муҳоҷири беёди тоҷик дар Русия пайдо шуд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:57 0:00

Ба гуфтаи табиби тоҷик, ҷанҷоли Баҳриддин бо як рафиқи русаш дар 30-уми май ба занозанӣ печидааст ва дар натиҷаи латукӯби сахт ҷароҳатҳои вазнин бардоштааст.

Маъмурони пулиси Русия ин ҷавонро дастгир кардаанд. Русия мизбони аслии садҳо ҳазор муҳоҷири кории тоҷик аст ва солона садҳо нафар аз ин муҳоҷирон ё дар натиҷаи тасодуф, ё муноқиша, ё аз дасти миллатгароёни рус куштаву захмӣ мешаванд.

Шумо ҳам агар видео ва ё хабар ва ё акси ҷолибе доред, ба Радиои Озодӣ фиристед ва аз тариқи ИМО, Вайбер ва Вотсапп ва ба ин шумора: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG