Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Иззатулло ба ҷои ҳама ҷавоб дод


Сергей Пономарев
Сергей Пономарев

“Дузди зӯр соҳиби говро мебандад”. Моҷарои ба додгоҳ кашидани се муҳоҷири тоҷик аз сӯи хабарнигори нашрияи "Комсомольская правда" Сергей Пономарев дар зеҳни бисёриҳо дар Тоҷикистон ҳамин мақолро овард.

Ин хабарнигори рус, ки баъди сафари кӯтоҳ ба Тоҷикистон сафарномаи, ба гуфтаи хонанадаҳо, пур аз тамасхуру тавҳинро нашр кард, мавҷи нороҳатиро дар дохили Тоҷикистон ва шабакаҳои иҷтимоӣ ба бор овард. Ин ҳодиса ҳудудан як соли пеш рух дод. Аммо хабари ахир, ки ӯ яке аз норозиёни сафарномаашро ба додгоҳ кашида, маҷбур

Дар мукотиба бо Пономарев муҳоҷири тоҷик, ки баъди хондани мақолаҳои тамасхуромези Пономарев, аз ҷумла ватани "Равшану Ҷамшуд" - ду қаҳрамони мазҳакаи "Наша Раша" ва ҳамин тавр "як кишвари гадо ва пур аз ифлосӣ номидани Тоҷикистон" ба хашм омад ва навишт - “агар туро ёбам аввал, дастат поят ва баъдан саратро мебурам”.

ба узрхоҳӣ кардаст, ба оташи қаҳри бисёр тоҷикҳои дохилу хориҷи кишвар дубора равған рехт.

Ончи қаҳри корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ ва ҳамин тавр, бисёр бошандагони Тоҷикистонро ба бор овард, ин буд, ки бо вуҷуди таҳқири як миллат, хабарнигори рус вокуниши намояндагони ин миллатро ба унвони таҳдиди куштор қаламдод кард ва ба истилоҳ, таҳдидгаронашро хост муҷозот кунад.

Рӯзи 17 -уми июл пулиси Маскав дар як мурофиаи кӯтоҳ қазияи "таҳдиди муҳоҷири тоҷик Иззатулло Махсумов ба ҷони Сергей Пономоревро" баррасӣ кард.

Ин дар ҳолест, ки тафтишоти Додситонии кулли Тоҷикистон, ки ҳанӯз як сол қабл ба санҷиши навиштаҳои Сергей Пономарев, хабарнигори нашрияи “Комсомольская правда” пардохта буд, зоҳиран ба ҷое нарасид.

Иттиҳом алайҳи ин муҳоҷири тоҷик бар пояи як мукотиба дар шабакаи иҷтимоии "Одноклассники" эълон шуд. Дар мукотибо бо Пономарев муҳоҷири тоҷик, ки баъди хондани мақолаҳои тамасхуромези Пономарев, аз ҷумла ватани "Равшану Ҷамшуд" - ду қаҳрамони мазҳакаи "Наша Раша" ва ҳамин тавр "як кишвари гадо ва пур аз ифлосӣ номидани Тоҷикистон" ба хашм омад ва навишт - “агар туро ёбам аввал, дасту поят ва баъдан саратро мебурам”.

Бар пояи мукотибаҳои муҳоҷирони тоҷик дар шабакаҳои иҷтимоӣ бо ин хабарнигор пулиси Маскав тибқи моддаи 119-уми Кодекси ҷиноии Русия «Таҳдид ба куштор ва ё расонидани зиёни ҷисмонӣ” парванда боз кард. Пулиси Маскав ҳуввияти се нафар аз “таҳидгарони Пономарев”-ро, ки бештарашон зери “ник”-ҳои гуногун дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҳузур доштанд, мушаххас кард ва онҳо барои бозпурсӣ даъват шуданд.

Иззатулло Махсумов муҳоҷири 23-солаи тоҷик, ки дар Маскав бо таъмири хонаҳо пул меёбад, яке аз се нафар аст, ки пулис ӯро дар робита ба “таҳдид ба хабарнигор” бозпурсӣ кардааст.

Дар як сӯҳбати телефонӣ рӯзи 20-уми июл Сергей Пономарев ба Радиои Озодӣ гуфт, ки парвандаи Махсумов аз сӯи муфаттишон таҳия шуда, омодаи фиристодан ба додгоҳ буд, вале ӯ аз гуноҳи муҳоҷир гузашт. Вай гуфт:

“Бо назардошти он ки Махсумов ягона ноновари хонаводаашон аст ва қаблан гуноҳ содир накардааст, мо тасмим гирифитем дар нисбати ӯ аз даъвоямон гузарем. Ин моддаи кодекси ҷиноии Русия пешбинӣ намудааст, ки дар сурати ҳамдигарфаҳмӣ миёни ҷабрдида ва айбдоршаванда парванда қатъ мешавад”.

Пулиси Маскав дар робита ба ду муҳоҷири дигар гуфт, ки онҳо низ муттаҳам ҳастанд, аммо аз қаламрави Русия берун шудаанд.

Баҳси Пономарев бо фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ ва корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ, ки соли гузашта баъди нашри сафарномаи "Таджикистан: из советского прозябания в светлое будущее" ("Тоҷикистон: аз карахтии Шӯравӣ ба ояндаи дурахшон") сар зад, ба назар мерасад, ҳоло идома хоҳад ёфт.

Пономарев навореро дар сомонаи "Комсомольская правда" нашр кард, ки дар он муҳоҷири корӣ аз ӯ маъзарат хостааст. Маҳз ҳамин кори ӯро корбарон ҳамчун таҳқири дубораи ватану миллати худ пазируфтанд. Онҳо мегӯянд, ба озодии сухан арҷ мегузоранд, вале танқид бояд аз таҳқир фарқ кунад.

Дориюши Раҷабиён
Дориюши Раҷабиён

Дориюш Раҷабиён хабарнигори тоҷики муқими Лондон дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ оид ба навиштаҳои Пономарев дар бораи Тоҷикистон гуфт:

“Бар пояи навиштаҳояш Пономарев як нажодпараст аст, то ин ки рӯзноманигор бошад. Чун хабрнигор ҳар он чизе, ки ҳаст, бидуни ғараз ва бардоштҳои шахсии худаш бояд мунъакис кунад, воқеанигор бошад. Мушкили Пономорев ин аст, ки ӯ кӯтаҳиҳои як нафарро ба тамоми миллат нисбат медиҳад”.

Раҷабиён дар идомаи сӯҳбат гуфт, давлати Тоҷикистон бояд ҳатман дар хориҷ аз кишвар аз ҳуқуқи шаҳрвандонаш ҳимоят кунад, аммо вазифаи аз ин бартар эҷоди ҷойи корӣ дар дохили кишвар аст.

“Воқеан хеле зишт аст, ки мардум маҷбуранд ба кишваре бираванд, ки дар он ҷо онҳоро дидан намехоҳанд ва 25 сол фарзандони ин сарзамин хориву зиллати муҳоҷиратро мекашанд ва касе дар фикри эҷоди шароити шуғли кофӣ барои шаҳрвандон нест, то мардум маҷбур ба муҳоҷират набошанд”, иброз дошт Раҷабиён.

Ба думболи ин баҳсҳо мо аз Сергей Пономарев пурсидем, ки ӯро бисёриҳо нажодпараст мегӯянд, оё ӯ ба ин сифат розӣ аст? Хабарнигори "Комсомольская правда" гуфт, ки ӯ нажодпараст нест, танҳо сабки навиштаҳояш “кинояҳои талх” дорад, вале баёнгари вазъи воқеии Тоҷикистон аст.

То аризанависиҳои Пономарев ба пулиси Маскав алайҳи муҳоҷирони тоҷик, Додситонии кулли Тоҷикистон ҳам ба омӯзиши матолиби Пономарев шурӯъ карда буд. Юсуф Раҳмон, Додситони кулли Тоҷикистон моҳи августи соли 2016 ба хабарнигорон гуфта буд, ки “тадқиқоти пешакӣ нисбати мақолаҳои Пономарев шурӯъ шудааст ва дар сурати ошкор шудани таҳқири миллату давлат нисбати Пономарев, парвандаи ҷиноятӣ боз хоҳад шуд”.

Юсуф Раҳмон
Юсуф Раҳмон

Аммо то имрӯз кам иттифоқ афтодааст, ки мақомдорони тоҷик барои таҳқири давлат ва миллати худ аз ҷониби хабарнигорони рус нафареро ба додгоҳ кашида, ё ба узрхоҳӣ маҷбур карда бошанд. Дар бисёр ҳолат мақомот талош мекунанд, ингуна мавридҳоро бо ибрози пинҳонии норозигӣ ба мақомоти Маскав ҳал кунанд. Ин дар ҳолест, ки матолиби фармоишӣ, махусусан дар остонаи таҳаввулоте, ки Маскав ба натиҷаи он манфиатдор аст, дар матбуоти Русия зиёд ба нашр мерасад.

Аммо баргардем ба қаҳрамони баҳсҳои ахир, ки ҳоло ба таъмири хонаи навбатии сокини Маскав машғул аст ва бародараш Дилшод ба хоҳиши мо оиди сӯҳбат бо ӯ гуфт: "Илтимос, коре кунед, ки бародарам ба мушкилоти бештар аз ин рӯ ба рӯ нашавад".

XS
SM
MD
LG