Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Машъали олимпии Сочӣ - дар дасти як тоҷик. Алидод Исмоилов - дар меҳмонии Озодӣ


Алидод Исмоилов
Алидод Исмоилов

Барои нахустин бор ба як муҳоҷири тоҷик ҳаққи бурдани машъали олимпиро доданд. Алидод Исмоилов дар радифи варзишкорони шинохта ва арбоби маъруфи ҷамъиятии Русия машъали Бозиҳои зимистонаи олимпии Сочиро дар шаҳри Кемерово гардонд.

Бо онки то Олимпиадаи зимистонаи Сочӣ ду моҳи дигар мондааст, раҳпаймоии машъали олимпӣ аз шаҳрҳои Русия идома дорад. Дар қатори шахсиятҳои шинохтаи варзишу фарҳанг ва ҳаёти ҷамъиятии Русия дар шаҳри Кемерово, дар минтақаи Сибир, гардондани машъали олимпиро ба як зодаи Тоҷикистон низ бовар кардаанд.

Алидод Исмоилов, варзишгари тоҷики муқими шаҳри Новокузнетски Русия дар гурӯҳи варзишгарони номдори Русия машъали Бозиҳои Зимистонаи Олимпии Сочиро дар шаҳри Кемерово бардошт.

То ҳол дар бораи ширкати варзишгарони тоҷик дар бозиҳои Сочӣ хабари дақиқе нашр нашудааст, ба ҷуз ин ки Андрей Дригин баъд аз ширкат дар як мусобиқаи дигар шояд роҳхат ба ин бозиҳоро ба даст орад. Алишер Қудратов - лижарони дигар аз Тоҷикистон низ имкони ширкат дар бозиҳоро аз даст надодааст.

Вале Алидод Исмоилов мегӯяд, ки мумкин аст ӯ низ дар гурӯҳи варзишгарони номдор чун мухлис ба Олимпиадаи Сочӣ даъватнома бигирад.

Мо телефонӣ Алидодро дар шаҳри Новокузнетск пайдо кардем ва сӯҳбати мо ин гуна оғоз ёфт:

Гуфтугӯи Озодӣ бо Алидод Исмоилов
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:20 0:00
Линки мустақим


Алидод Исмоилов соли 1973 дар рустои Тсорҷи ноҳияи Роштқалъаи вилояти Бадахшон ба дунё омада, номзади варзиш дар риштаи волейбол аст. Ӯ соли 1992 ба Донишкадаи варзиши Душанбе дохил шуд, вале баъди оғози ҷанги шаҳрвандӣ маҷбур шуд, таҳсилро тарк гӯяд. Алидод Исмоилов соли 1996 ба Русия омада, баъди чанде дар тими волейболи “Локомотив”-и Новокузнетск, тими марбут ба ширкати роҳи оҳани Сибири ғарбӣ шомил шуд.

Сафорати Тоҷикистон дар Русия мегӯяд, дар пайи фавҷи ахбори манфӣ дар бораи муҳоҷирони тоҷик дар муҳити иттилоотии Русия хабари ба зодаи Тоҷикистон бовар кардани бурдани машъали олимпӣ, “бидуни ягон шакку шубҳа, саҳифаи равшане дар таърихи диспораҳои тоҷикон дар хориҷи кишвар, ва пеш аз ҳама дар Русия аст.” Сафорати изҳори умед кардааст, ки расонаҳои Русия ба ин хабар аҳамият қоил хоҳанд шуд. Ҳамчунин сафорат аз ҳамватанон хостааст, то бо таблиғи хабари машъалбардории Алидод Исмоилов “ба боло бурдани имиҷи миллат ва Ватани мо мусоидат кунанд.”

Ин хабар дар ҳоле нашр мешавад, ки муҳоҷирони тоҷик дар Русия дар вазъи мушкиле ба сар мебаранд ва ҳамарӯза ба онҳо хатари таъқиби пулису гурӯҳҳои қавмгаро ва хатари ихроҷ аз қаламрави Русия таҳдид мекунад. Ахиран мақомоти вилояти Краснодар ва шаҳри Сочӣ низ амр додаанд, то пойтахти Бозиҳои олимпии соли 2014-ро дар пешорӯи ин Олимпиада, ки қарор аст, моҳи феврал шурӯъ шавад, аз ҳузури “бегонагон” тоза кунанд. Ҳадаф пеш аз ҳама рондани даҳҳо ҳазор муҳоҷир, бо шумули ҳазорон муҳоҷири тоҷикест, ки аксари иншооти олимпии Сочӣ маҳз бо заҳмати онҳо қомат афрохтанд.

Ҷамъи муҳоҷирони тоҷик дар Русия то 1,5 миллион нафар гуфта мешавад. Пуле ки ин мардум ба ватан мефиристанд, беш аз 3 миллиард доллар ё баробари қариб нисфи маҷмӯъи маҳсулоти дохилии Тоҷикистон баровард шуда, як омили асосии таъмини суботи иҷтимоӣ дар ин фақиртарин кишвари Шӯравии собиқ эътироф шудааст.
XS
SM
MD
LG