Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русия созишномаи муҳоҷирати тоҷиконро тасвиб кард


Сардори Хадамоти муҳоҷирати Русия ба Думаи давлатӣ пешниҳод кард, муҳлати манъи бозгашти муҳоҷирони ихроҷшуда ба Русия ба ҷойи панҷ 10 сол эълон шавад.

Думаи давлатии Русия созишномаи тартиби будубоши шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русияро ба тасвиб расонд. Ин санад, ки 8-уми феврали соли равон дар Маскав ба имзо расидааст, муҳлати ниҳоии сабти муваққатии иқоматро барои шаҳрвандони Тоҷикистон аз 7 ба 15 рӯз расонд.

Ба гуфтаи раиси Кумитаи умури ИДМ, ҳамоиши павруосиёӣ ва робита бо ҳамватанон Леонид Слутский, ҳоло 1 миллиону 300 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар қарор дошта, аз лиҳози муҳоҷират тоҷикон баъд аз украинҳо, узбакҳо ва қазоқҳо дар ҷойи чаҳоруманд. Вай мизҳори умедворӣ кард, ки тасвиби ин санад ба таҳкими равобити байни Русия ва Тоҷикистон кумак хоҳад кард.

Дар ҷараёни баррасии қарордод сардори Хадамоти муҳоҷирати Русия Константин Ромодановский гуфт, дар соли 2013 наздик ба 90 000 шаҳрванди Тоҷикистон аз ҳаққи вуруд ба Русия маҳрум шуданд. Вай инро натиҷаи тағйир дар қонуни муҳоҷират донист, ки омилҳои радди хоҳишмандони сафари Русияро бештар намуд. Ин дар ҳолест, ки дар соли равон ба 440 000 нафар иҷозаи вуруд ба Русия дода нашуд.

Ин манбаъ афзуд, дар соли 2013 вуруди шаҳрвандони Тоҷикистон ба Русия 18 дарсад афзуд ва 40 дарсади муҳоҷиронро афроди аз 17 то 29-сола ташкил додаанд.

Ҳамзамон ҷаноби Ромодановский пешниҳод кард, ки ҷавобгарии ҷиноӣ ва маъмурӣ барои нақзи қонунҳои сафар ва иқомат дар Русия барои муҳоҷирон сахттар карда шаванд. Вай дар Думаи давлатии Русия ва дар ҳоле суҳбат мекард, ки созишномаи муҳоҷират дар байни Русия ва Тоҷикистон барои тасвиб пешниҳод шудааст. Сардори Хадамоти муҳоҷирати Русия гуфт, аз соли 2012 то ҳоло 14 санади ҳуқуқие тасвиб шудаанд, ки муҳоҷират ва кору иқомати хориҷиёнро дар Русия ба танзим меоранд. Вай афзуд, сатҳи ҷинояткорӣ дар байни муҳоҷирони тоҷик дар се соли охир бетағйир боқӣ монда, қарордоди нави байнидавлатӣ ба он таъсири манфӣ нахоҳад дошт.

Дар ҳоле ки Тоҷикистон ва Русия созишномаи беҳбуди вазъи ҳуқуқии муҳоҷирони тоҷик дар Русияро имсол имзо карданд, шиддат гирифтани рӯҳияи зидди муҳоҷирон ва тағйиру дигаргуниҳо дар қонунгузории Русия сабаб гашт, ки ҳазорон муҳоҷири тоҷик бо ҷурми андак ва гоҳо тақаллубӣ аз ҳаққи сафар ба Русия маҳрум шаванд. Ҳатто донишҷӯёне, ки тибқи саҳмияи Тоҷикистон ба таври қонунӣ дар донишгоҳҳои Русия таҳсил мекунанд, имсол натавонистанд, баътд аз таътили тобистонӣ ба Русия баргарданд. Ин мушкили наздик ба 20 донишҷӯи тоҷик аз 10 донишгоҳи олии Русия буд, ки то ҳол ба таври комил ҳал нашудааст.

Ин донишҷӯён дар соли нави таҳсил баробари ворид шудан ба ҳудуди Русия бо иттиҳоми нақзи қонуни муҳоҷират ихроҷ шуданд. Аммо худи донишҷӯён мегӯянд, асноди онҳо ҳама дуруст буд ва ягон иштибоҳе ҳам накардаанд. Даҳҳо муҳоҷири тоҷик низ шикоят кардаанд, ки мақомоти Русия онҳоро бе сабаб ва далел ихроҷ кардаву вуруди онҳоро ба Русия барои 5 сол манъ кардаанд.

Дар иҷлосияи Думаи давлатии Русия рӯзи 20-уми декабр сардори Хадамоти муҳоҷирати Русия Константин Ромодановский пешниҳод кард, муҳлати манъи бозгашти чунин муҳоҷирон ба Русия ба ҷойи панҷ 10 сол эълон шавад.
XS
SM
MD
LG