Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошт барои "таҳқири президент" баъди бозгашт аз муҳоҷират


Умар Давлатов, сокини ноҳияи Мӯъминобод.
Умар Давлатов, сокини ноҳияи Мӯъминобод.

Як муҳоҷири 30-солаи тоҷик, ки моҳе пеш аз Русия ба ватан баргашт, ба "таҳқири президент ва таблиғи сарнагунии ҳукумат тариқи интернет", айбдор мешавад.

Баргашт ва боздошт шуд

Ба гуфтаи мақомот, Умар Давлатов, сокини ноҳияи Мӯъминободи вилояти Хатлон замоне, ки дар муҳоҷират буд, даст ба амалҳое зад, ки аз рӯи моддаҳои "таҳқири президент" ва "таблиғи сарнагунии ҳукумат тариқи интернет", баррасӣ мешавад. Ӯ рӯзи 12-уми июн ва лаҳзаҳое боздошт шуд, ки тавассути ҳавопаймои Маскав-Кӯлоб ба зодгоҳаш фуруд омад.

Тоҷикистон ҷазо барои таҳқири президент ва даъват барои сарнагунии ҳукуматро шадидтар кардааст. Соли гузашта дар қонунгузорӣ тағйирот ворид шуд ва онҳое, ки ин амалро дар интернет анҷом медиҳанд, низ ҷазо дода мешаванд.

Пайвандонаш мегӯянд, ӯ бо даъвати мақомоти тоҷик ва ваъдаи афв ихтиёран аз Русия ба ватан баргашт. Ҳарчанд, моҳи марти имсол ӯ бо дархости мақомоти тоҷик дар Русия боздошт карданд, вале бо далели ирсол нашудани далелҳои кофӣ, ӯро истирдод накарданд. Зимнан, моҳи май, ду моҳ пеш аз бозгашт ба Тоҷикистон Умар Давлатов дар як тамосаш бо Радиои Озодӣ гуфт, ки "ҳеҷ гуноҳ надорад" ва “бо дили пур ба ватан бармегардад". Ӯ гуфта буд, умедвор аст, ки ҳабс намешавад.

Як манбаъ аз мақомоти интизомӣ дар минтақаи Кӯлоб рӯзи 18-уми июл ба Радиои Озодӣ гуфт, аз Умар Давлатов танҳо хоста шуда буд, ки ба ватан биёяд ва бегуноҳии худро исбот кунад. Ба гуфтаи ӯ, салоҳияти бегуноҳ донистани ӯ бар дӯши додгоҳ ҳаст ва феълан парванди ӯро додситонӣ таҳқиқ мекунад.

Ин ҳамсӯҳбати Радиои Озодӣ гуфт, Умар Давлатов дар миёни 544 дӯстонаш дар саҳифаи "Одноклассники" видеоҳоеро, ки дар он бо роҳи зӯрӣ сарнагун кардани ҳукумат таблиғ мешавад, нашр карда, дар шарҳи онҳо президенти Тоҷикистонро таҳқир кардааст.

Ин ҳамсӯҳбати Радиои Озодӣ аз ин шарҳи бештар надод ва танҳо гуфт, тафтиши парванда анҷом шудааст ва бояд ба додгоҳ ирсол шавад. Тасмими ниҳоӣ дар бораи ин ҷавонро додгоҳ мегирад. Пайвандони ин ҷавон мегӯянд, агар Умар Давлатов гунаҳкор мебуд, ихтиёран ба ватан барнамегашт.

"Наход барои ҳамин қадар боздошт кунанд?"

Мурод Давлатов, падари Умар рӯзи 18-уми июл ба Радиои Озодӣ гуфт, пеш аз бозгашташ ваъда карданд, ки дигар коре ба ӯ надоранд. Ӯ мегӯяд, писараш "амалан ба ҳеҷ коре даст назадааст" ва "дониши сиёсӣ ҳам надошт, чун то синфи 9 таҳсил кардааст". Ин падар мегӯяд, шояд писараш иштибоҳан коре карда бошад, вале барои як амале, ки касе аз он зиён надидааст, набояд боздошту зиндонӣ шавад.

Ӯ гуфт: "Аз барои Худо, маҳбас пури ҷавонони тоҷик шудааст. Хайр, аз беақлӣ кардааст, аз нофаҳмӣ кардааст, як кас фиребаш кардааст. Азобу уқубате, ки дар Русия мехӯрад, гурусна мемонад, ташна мемонад, мумкин зӯраш омад, ки ин хел гапҳо гуфтааст. Наход, барои ҳамин қадар боздошт кунанд."

Мақомот мегӯянд, ҳарчанд ин ҷавон узви гурӯҳи тундрав набуд, вале ақидаҳои онҳоро, ки президентро таҳқир мекунанд, таблиғ кардааст.

Ҷазои шадид барои "таҳқири президент" дар Тоҷикистон

Тоҷикистон тайи ду соли охир ҷазоро барои як зумра ҷиноятҳо сангинтар кард. Аз ҷумла, дар соли 2016 ҷазо барои таҳқири оммавии президент ва ё "Пешвои миллат" сахтар карда шуд ва дар сурати ошкор шудани ин кирдор дар интернет муттаҳам метавонад, то 5 соли зиндонӣ шавад.

Дар гузашта даҳҳо муҳоҷири тоҷик бо иттиҳоми ифротгароӣ ва узвият дар гурӯҳҳои тундрав дар Русия боздошт ва ба Тоҷикистон истирдод шуданд.

Дар як соли ахир ҳукумат он ҷавононе, ки бо эҳсоси пушаймонӣ ба ватан бармегарданд, афв мекунад. Ин ҷавон, ки дар "таҳқири президент ва таблиғи даъвати сарнагунии ҳукумат" айбдор мешавад, то куҷо мавриди афв қарор мегирад, маълум нест.

XS
SM
MD
LG