Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Манобеъ: Тоҷикистону Қирғизистон ба табодули 23 гектар қитъаи баҳсӣ розӣ шуданд. Мақомот чизе намегӯянд


Нишасти охири ҳайатҳои Тоҷикистону Қирғизистон дар масъалаи марз. Бодканд, 21-уми феврали 2020
Нишасти охири ҳайатҳои Тоҷикистону Қирғизистон дар масъалаи марз. Бодканд, 21-уми феврали 2020

Ба камияш ду манбаи наздик ба ҳайати Тоҷикистон дар музокироти марзӣ бо Қирғизистон ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки ҷонибҳо "барои ташхис ва табодули 23 гектар қитъаи баҳсӣ" розӣ шудаанд. Хабаргузории "Азия-Плюс" ҳам бо такя ба манобеаш гуфт, "нисфи қаламраве, ки барои иваз кардан пешбинӣ шудааст, ба Тоҷикистон ва нисфи дигараш ба Қирғизистон тааллуқ дорад".

Нишасти ҳайатҳои Тоҷикистону Қирғизистон охири ҳафтаи гузашта дар вилояти Бодканди Қирғизистон баргузор шуд. Мақомот дар Душанбеву Бишкек дар бораи нишаст хабар доданд, аммо дар бораи табодули қитъаҳои баҳсӣ чизе нагуфтанд ва ҳеч рақамеро ба забон наоварданд.

Ҷониби Қирғизистон, ки натиҷаҳои музокироти гузаштаро зуд ифшо мекард, то ҳол ба таври расмӣ натиҷаи музокираро шарҳ надодааст.

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон рӯзи 24-уми феврал иттилоъ дод, ки тарафҳо "бо мақсади бартараф намудани қаитъаҳои пароканда ва қитъаҳои дар ҳудуди ҳамшафат дохилшуда... то анҷом додани делимитатсия ва демаркатсияи марзии ҳарду кишвар изҳори ҳусни тафоҳум намуданд".

Як манбаи наздик ба ҳукумати вилояти Суғд рӯзи 24-уми феврал дар суҳбати телефонӣ ба Радиои Озодӣ гуфт: "Ҳайатҳои ду тараф дар Бодканд музокира намуданд ва рӯзи шанбеи гузашта ба ин натиҷа расиданд, ки қитъаҳои марзӣ дар ҳудуди 23 гектар иваз шуда, хатти марз ташхис гардад."

"Мавзеъҳои баҳсӣ дар байни ноҳияҳои Лайлак (Қирғизистон) ва Бобоҷон Ғафуров (Тоҷикистон), Ворухи Исфара (Тоҷикистон) ва Бодканд (Қирғизистон) қарор дорад", - афзуд мусоҳиби мо.

Ин манбаъ, ки нахост номаш фош шавад, гуфт, дар назар аст, дар охирҳои моҳи март ҳайатҳои ду тараф бар асоси ин қарор санадҳои ниҳоиро дар бораи тарзи табодули қитъаҳои баҳсӣ тартиб дода, барои имзо ба президентҳои ду кишвар пешниҳод кунанд.

Ҷузъиёти аз ин бештар дар даст нест.

Дар як соли ахир мақомоти Тоҷикистону Қирғизистон ошкору ниҳон дар бораи эҳтимоли табодули қитъаҳои баҳсӣ чанд дафъа изҳори назар кардаанд.

Сооронбой Ҷеенбеков – раиси ҷумҳури Қирғизистон – рӯзи 25-уми декабри соли гузашта дар нишасти матбуотӣ дар Бишкек гуфт, барои суръат бахшидан ба ҳалли баҳсҳои марзӣ бо Тоҷикистон омодаанд, "баъзе аз қаламравҳоро табодул кунанд".

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон низ моҳи июли соли 2019 ҳангоми мулоқот дар сарҳади Воруху Оқсой ишора карда буд, ки "гоҳе ба гузашт ҳам роҳ додан лозим аст".

Ҳайатҳои Тоҷикистону Қирғизистон дар музокироти рӯзи 14-уми январ дар шаҳри Исфара ба мувофиқа расида буданд, ба 114 километр марзе, ки гурӯҳҳои топографии ду ҷониб муайян кардаанд, баҳои ҳуқуқӣ дода ва хатти марзро муайян кунанд.

Марзи Тоҷикистону Қирғизистон 976 километрро ташкил медиҳад, ки аз он танҳо 60 дарсадаш муайян ва аломатгузорӣ шудааст. Миёни ду кишвар тақрибан ҳафтод минтақаи баҳсӣ ва муайяннашудаи марзӣ мондааст.

Бархе аз журналистон ва коршиносоне, ки аз вазъ дар ҳарду ҷониби марз дидан кардаанд, мегӯянд, эҳтимоли табодули қаламравҳо сокинони наздимарзиро дар ташвиш гузоштааст.

Аксарият дар ҳарду ҷониби сарҳад намедонанд, ки шарти табодули марзӣ аз чӣ иборат мешавад ва то куҷо ҳуқуқи онҳо риоя хоҳад шуд.

Дар як мусоҳибаи ахираш бо Радиои Озодӣ собиқ муовини сарвазири Қирғизистон ва раҳбари ҳайати ин кишвар дар гуфтушуниди марзӣ бо Тоҷикистон Ҷениш Раззоқов гуфта буд, ки “ҳама табодул баробар ва бо назардошти хости мардум сурат мегирад”.

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
XS
SM
MD
LG