Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раисони Суғду Бодканд масоили марзиро баррасӣ карданд


Раисони вилоятҳои Суғди Тоҷикистон ва Бодканди Қирғизистон мулоқот кардаанд. Дар ин бора пойгоҳи хабарии AKIPRESS.COM рӯзи 21-уми феврал хабар дод. Ин мулоқот дар Бодканд баргузор шудааст.

Ба иттилои манбаъ, раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода раиси тозаъйини вилояти Бодканд Алишер Абдураҳмоновро ба муносибати таъйин шуданаш ба ин мақом табрик гуфта, хостори тақвияти робитаҳои дӯстона миёни сокинони минтақа ва беҳтар шудани муносибати ду ҷониб шудааст.

Манбаъ менависад, ки Алишер Абдураҳмонов низ ба зарурати ҳамкориҳои муштарак барои тақвияти дӯстии ду кишвар ва амният дар минтақаҳои марзии ду кишвар таъкид кардааст.

Ду тараф ҳамчунин ба идома фаъолияти комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Қирғизистон барои аломатгузории марзӣ ва низ пешгирӣ аз танишҳои марзӣ таъкид кардаанд. .

Манбаъ менависад, ки ин мулоқот дар чаҳорчӯбаи фаъолияти комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон, ки аз сӯи Азим Иброҳим, муовини нахуствазири Тоҷикистон ва Акрам Мадумаров, ҳамтои қирғизаш роҳбарӣ мешавад, баргузор шудааст.

Марзи Тоҷикистону Қирғизистон 976 километрро ташкил медиҳад, ки аз он танҳо 60 дарсадаш муайян ва аломатгузорӣ шудааст. Миёни ду кишвар тақрибан ҳафтод минтақаи баҳсӣ ва муайяннашудаи марзӣ мондааст. Дар ин минтақаҳо сар ҳар чанд вақт миёни сокинон танишҳо сурат мегирад.

XS
SM
MD
LG