Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ифтитоҳи 7 парвандаи ҷиноӣ дар робита ба муноқишаи марзӣ. ВИДЕО


Кумитаи порлумонӣ оид ба масоили байналмилалӣ, дифоъ ва амнияти Қирғизистон рӯзи 19-уми март дар ҷаласаи паси дарҳои баста гузориши ҳукумати ин кишварро дар бораи низоъ дар марз бо Тоҷикистон шунид.

Дар ҷаласаи рӯзи сешанбе Қурбонбой Искандаров, намояндаи махсуси ҳукумати Қирғизистон дар масоили марзӣ, раҳбарони хадамоти сарҳадбонӣ, намояндагони Вазорати корҳои дохилӣ ва ниҳодҳои дигар иштирок карданд. Бахши қирғизии Радиои Озодӣ гуфт, ҷузъиёти ҷаласаи пушти дарҳои баста ифшо намешавад.

Рӯзи 19-уми март Додситонии кулли Қирғизистон гуфт, дар пайи низоъ дар марз 7 парвандаи ҷиноӣ боз шуда, таҳқиқи ҳодиса оғоз шудааст.

Гузориши видеоӣ аз Ворух:

Роҳи Ворух-Исфара боз шуд
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:56 0:00

Хабаргузории "Интерфакс" бо такя ба сухангӯи додситони кулли Қирғизистон навишт, "гурӯҳи байнидавлатии таҳқиқи ҳодисаҳои ҳафтаи гузашта дар марзро бар асоси моддаҳои "сӯиқасд ба куштор", "куштор", "ғоратгарӣ" ва "бетартибиҳои оммавӣ" шурӯъ кардааст. Ин таҳқиқотро намояндагони Додситонии Тоҷикистон ва Қирғизистон ҳамоҳанг мекунанд", - афзудааст сухангӯи додситонии Қирғизистон.

Мақомоти нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон гуфтанд, ки дар муноқишаи ахири марзӣ ду шаҳрванди Тоҷикистон – Расоуддин Тешаеви 37-сола ва Ҳусейн Ҳакимови 43-сола кушта шуданд. Расоуддин Тешаев ҳамзамон шаҳрванди Русия аст. Дар ин ҳодисаҳо беш аз 20 шаҳрванди Тоҷикистон ва се шаҳрванди Қирғизистон маҷрӯҳ шуданд.

Пизишкони бемористони Ворух гуфтанд, ки ду марди тоҷик бар асари тири силоҳ ҷон бохта, дигарон дар сангпартоиҳо маҷруҳ шудаанд.

Музокирот анҷом шуд

Муноқиша дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон баъди он сар зад, ки сокинони деҳоти марзии Қирғизистон сохтмони роҳи Кӯктош-Оқсой-Тамдиқро, ки аз соли 2014 мутаваққиф шуда буд, аз сар гирифтанд. Сокинони Тоҷикистон, ки монеи сохтмон шуданд, гуфтанд, ин қаламрав аз нуқтаҳои баҳсии марз ба шумор меравад ва метавонад дар оянда даъвоҳои бештарро ба бор орад. Ҳамингуна, тирамоҳи соли 2018 сокинони Қирғизистон монеи сохтмони лӯлаи обе дар маҳаллаи Тоҷикони Ворух шуда буданд.

Музокироти ҳайатҳои ҳукуматии Тоҷикистону Қирғизистон, ки 14-уми март шурӯъ шуд, чаҳор рӯз идома кард. Дар натиҷа, рӯзи 18-уми март, ҳарду ҷониб гуфтанд, ки ба созиш расиданд. Ин ҳайатҳоро муовинони нахуствазирони ду кишвар – Азим Иброҳим ва Ҷениш Раззоқов раҳбарӣ карданд.

Дар протоколи муштарак дар поёни музокирот гуфта шуд, ки ҷониби Қирғизистон ба бунёди қитъаи роҳи моҷаробарангези Оқсой-Тамдиқ идома медиҳад ва дар баробари он ба сокинони Тоҷикистон иҷоза мешавад, дар 2-километрии ҷанубтари ин қаламрав дар қитъаи роҳи Ворух-Сомониён-Исфара роҳи худро бисозанд. Илова ба ин, қарор шуд, ки аз ҳисоби ходимони милисаи ду кишвар патрули муштарак созмон дода шавад, то ки ин гурӯҳҳо таъмини амниятро дар марз назорат кунанд. Посгоҳҳои марзӣ аз ин макон бардошта мешаванд.

Тавофуқи дигар – таҳқиқи муштараки ҳодисаҳо ва ба ҷавобгарӣ кашидани гумонбарони ҷиноятҳо мебошад. Азим Иброҳим, муовини нахуствазири Тоҷикистон, рӯзи 18-уми март дар ҳузури хабарнигорон гуфт, “ба ҷавобгарӣ кашидани омилони ҷиноятҳо хеле муҳим аст”. Дар маҷмӯъ, ба гуфтаи Ҷениш Раззоқов, муовини нахуствазири Қирғизистон, “созиши ҳосилшуда бо назардошти манфиатҳои ҳарду кишвар ба даст омадааст”.

Роҳ боз шуд

Яке аз муҳимтарин тасмимҳои музокирот – боз шудани роҳҳои мошингард дар самти Ворух-Исфара (Тоҷикистон) ва Ботканд-Лайлак (Қирғизистон) шуд.

Хабарнигори Радиои Озодӣ Маъсуми Муҳаммадраҷаб рӯзи 18-уми март аз Ворух гуфт, пеш аз боз шудани роҳҳо, раҳбарони маҳаллии деҳоти Ворух ва Оқсой дар марзи ду нуқтаи ҷуғрофӣ рӯбарӯи ҳам омада, бори дигар ба зарурати пойдории сулҳу субот дар минтақа таъкид карданд. Намояндагони ҷамоатҳои ҳарду кишвар дар сӯҳбатҳои рӯбарӯ ёдовар шуданд, ки ин макон маҳалли зисти бобову падарони онҳо аст ва дар давоми даҳсолаҳо мардуми қирғизу тоҷик одат кардаанд “мисли хешу бародар ва ҳатто қудо” зиндагии ҳамшафат дошта бошанд.

Ин сӯҳбати онҳоро хабарнигорон ва ҳам ходимони милиса ва аз фосилаи 100-200 метр сокинони деҳоти атроф назорат мекарданд.

Баъди ин, ҳарду ҷониб сангҳои рамзии миёни роҳ гузошташударо бардоштанд ва роҳи мошингард дубора боз шуд. Аз ин роҳ аввал мошинҳои борбар гузаштанд, ки давоми панҷ рӯзи баъди шурӯи муноқишаҳо дар марз дармонда буданд.

Бахши қирғизии Радиои Озодӣ гуфт, мақомот ҳудудан 450 сокини деҳаи Оқсойро, ки муваққатан кӯч дода шуда буданд, ба маҳалли зисташон интиқол доданд. Занону кӯдакон ва пиронсолони сокини Оқсой давоми ду рӯз муваққатан дар як хобгоҳе дар Ботканд ҷой дода шуданд.

Тоҷикистону Қирғизистон беш аз 970 километр марз доранд ва аз ин ҳисоб беш аз 470 километри он муайян ва аломатгузорӣ нашудааст. Ҳамин номуайянӣ боис мешавад, ки сари чанд вақт сокинон барои сохтмони роҳ ва обу чарогоҳ бо ҳам ҷанҷол кунанд.

XS
SM
MD
LG