Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сарнавиштҳои гумшуда. Русия барои шиносоии 3 кӯдак аз Тоҷикистон кумак хост. САДО


Яке аз духтарони ёфтшудае дар Ироқ, ки эҳтимол меравад тоҷик аст. Акс аз Russia Today
Яке аз духтарони ёфтшудае дар Ироқ, ки эҳтимол меравад тоҷик аст. Акс аз Russia Today

Русия барои дақиқ кардани шахсияти се кӯдак, ки аз мавзеъҳои озодшудаи таҳти назорати гурӯҳи "Давлати исломӣ" дар Ироқ пайдо гардидa, эҳтимол меравад тоҷик ҳастанд, ба мақомоти Тоҷикистон муроҷиат намудааст.

Инҳо се ё чаҳорсола ҳастанд. Агар волидонашон соли 2014-2015 ба Ироқ рафта бошанд, дар ҳамон ҷо забонро ёд гирифтаанд. Ҳоло тахмин кардан дар бораи ҳуввияти онҳо, ки тоҷик ҳастанд ё не, барвақт аст.

Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, танҳо яке аз ин кӯдакон, ки чеҳраи онро шабакаи телевизионии “Russia Today” намоиш дод, худро тоҷик ва Марям меномад, вале ду нафари дигар, ки тахминан се-чаҳорсола ҳастанд, ҳуввияташонро дуруст намедонанд. Ҷониби Русия гуфтааст, онҳо баъзе калимаҳои тоҷикиро истифода мекунанд ва эҳтимол шаҳрванди Тоҷикистон ҳастанд.

Як манбаи огоҳ аз қазия рӯзи 25-уми август ба Радиои Озодӣ гуфт, мақомоти Ироқ бинобар русӣ сӯҳбат кардан онҳоро ҳамроҳ бо кӯдакони русзабон нигаҳдорӣ мекунад ва барои пайдо кардани наздиконашон ба Русия муроҷиат кардааст. Ба гуфтаи ин ҳамсӯҳбати мо, як кӯдак ба тоҷик буданаш эътироф кардааст, вале он ду кӯдак ба ҷуз истифодаи чанд калимаи тоҷикӣ аз куҷо буданашонро намедонанд.

Ӯ гуфт, “дар бораи аз куҷо буданашон намедонанд. То ҷое медонем, ДИИШ кӯдакони ҷангҷӯёни кишварҳои Шӯравии собиқро дар як макон нигаҳдорӣ мекард ва забони гуфтугӯи онҳо русӣ буд. Пайвандони ин кӯдакон ҳамзамон дар Русия низ ҷустуҷӯ мешаванд. Шояд кӯдакони тоҷиконе бошанд, ки шаҳрванди Русия ҳастанд. Инҳо се ё чаҳорсола ҳастанд. Агар волидонашон соли 2014-2015 ба Ироқ рафта бошанд, дар ҳамон ҷо забонро ёд гирифтаанд. Ҳоло тахмин кардан дар бораи ҳуввияти онҳо, ки тоҷик ҳастанд ё не, барвақт аст.”

Сарнавиштҳои гумшуда. Русия барои шиносоии 3 кӯдак аз Тоҷикистон кумак хост
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:58 0:00
Линки мустақим

Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, айни замон бо Ироқ тамоси мутақим надоранд ва дар мавриди тоҷикони пайдошуда бо сафорати Русия дар ин кишвар ҳамкорӣ мекунанд.

Умарҷони Эмомалӣ, сухангӯи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон, низ гуфт, барои пайдо кардани ин кӯдакон аз Русия дархост дарёфт кардаанд, вале мушаххас кардани ҳуввияти онҳо вақт мехоҳад. Ӯ гуфт, ҷустуҷӯро аз кӯдаке оғоз кардаанд, ки дар паноҳгоҳе дар Ироқ нигаҳдорӣ мешавад ва баъзе ҷузъиёт дар бораи худаш додааст.

Умарҷони Эмомалӣ
Умарҷони Эмомалӣ

"Ин ду кӯдак ҳеҷ нишонае надоранд. Кӯдаке, ки худро тоҷик гуфт, баъзе далелҳоро баён дошт. Гуфт, ки дар Миср таваллуд шудааст ва падараш тоҷик аст. Мо рӯйхати дар Миср таҳсилкардаҳоро ҷустуҷӯ дорем. Ин духтар 7-8 сола аст. Дар он ҷо таваллуд шуда бошад, падару модараш хеле барвақт рафтаанд. Ба ҳар ҳол, ҷустуҷӯро оғоз кардаем. Аксҳоро ба наздикони онҳое, ки дар Сурия ҳастанд, нишон медиҳем", - гуфт ӯ.

Тибқи иттилои расмӣ беш аз 200 кӯдаки тоҷик ҳамроҳ бо хонаводаҳои худ ба Сурия ва Ироқ рафтаанд. Аз сарнавишти онҳо ҳеҷ иттилое рӯи даст нест. Пайвандонашон дар Тоҷикистон мегӯянд, моҳҳо боз аз Сурия ва Ироқ касе ба онҳо занг намезанад.

Ҷангҷӯёни ДИИШ дар шабакаҳои иҷтимоӣ иддао мекарданд, ки аксаран дар Мавсил, яке аз пойтахтҳои худхондаи ДИИШ қарор доранд. Моҳи июн ин шаҳр аз дасти гурӯҳи тундрави «Давлати исломӣ» озод шуд, вале маълумоте дар бораи боздошти шаҳрвандони Тоҷикистон дарёфт нашуд.

Нафисаи Кӯҳнавард
Нафисаи Кӯҳнавард

Нафисаи Кӯҳнавард, хабарнигори Би-би-сӣ, ки аз Ироқ гузориш медиҳад, рӯзи 21-уми июл ба Радиои Озодӣ гуфта буд, шаш шиносномаи як хонаводаро дидааст, ки шаҳрвандони Тоҷикистон ҳастанд, вале сарнавишти онҳо рӯшан нест. Ӯ гуфт, ҷангҳои зидди ДИИШ хеле шадид ҳастанд ва эҳтимоли кушта шудани узви хонаводаҳои ин гурӯҳи тундрав низ аз эҳтимол дур нест.

Хабарҳо дар бораи пайвастани тоҷикон ба гурӯҳҳои тундрав дар Сурия ва Ироқ соли 2014 пайдо шуд. Ба гуфтаи мақомот, беш аз ҳазор шаҳрванди кишвар ба Сурия ва Ироқ рафтаанд ва сарнавишти аксари онҳо норӯшан аст. Ҳоло мақомот аз миёни ҳазорон нафар танҳо дар пайи дақиқ кардани шахсияти се кӯдак ҳастанд, ки эҳтимол меравад, тоҷик ҳастанд.

XS
SM
MD
LG