Дар маросими таҷлил аз 90-солагии таъсиси “Садои шарқ” -- нахустин маҷаллаи тоҷикӣ, адибону аҳли фарҳанг ва хонандагони доимии он ширкат доштанд. Дар ин ҳамоиш аз "Садои шарқ" ба унвони маҷаллае ном бурда шуд, ки муассисонаш дар саргаҳи адабиёти тоҷик менишастанд ва зарурати чунин як майдони адабӣ барои аҳли адаби тоҷикро эҳсос мекарданд.
Абудхолиқи Набавӣ, ходими пешбари илмӣ дар Пажуҳишгоҳи забон ва адабиёти тоҷик гуфт, ки "ин маҷалларо дар ибтидо номаш “Барои адабиёти сотсиалистӣ” буд. Маҷалла дар заминаи ҳамон маҷаллаи “Раҳбари дониш” таъсис дода шуд.”
Маҷаллаи “Садои шарқ” солҳои барои Тоҷикистони шӯравии ҷавон мушкили 30-юми қарни 20, бо нашри матолиби илмиву адабӣ дар бедории миллӣ ва ҳифзи арзишҳои фарҳангии тоҷикон корҳои муҳимеро анҷом додааст.
Ба гуфтаи Муҳиддин Панҷшанбезода, мушовири ёрдамчии президенти Тоҷикистон дар ин ҳамоиш гуфт, маҷаллаи “Садои шарқ” дар он солҳои вазнин чароғи рӯшанеро мемонд, ки хонадони маънавии мардуми тоҷикро рӯшан мекард. Ба гуфтаи оқои Панҷшанбезода, ин нашрия натанҳо дар тарғиби адабиёти тоҷик, балки дар тарбияи қаламкашони бузург ва инкишофи забони миллии мо нақши бориз дошт.
Исми маҷаллаи "Садои шарқ дар давраҳои гуногуни таърихи фаъолияташ тағйир додаанд. Муҳаққиқон мегӯянд, аммо ҳадафи аслии он ҳамеша як буд ва саҳм гузоштан дар рушди адабиёт ва фарҳанги миллии тоҷикон ва роҳнамое барои адибону омӯзгорон.
Хуршеди Ҳамдам, муҳаққиқи таърихи матбуоти тоҷик мегӯяд, "ҳатто Раҳим Ҳошим аз публитсистони барҷастаи тоҷик баъд аз ҳудуди 50 соли чопи “Раҳбари дониш” дар ёддоштҳои худ менависад, ки дар ҳамон замон адибону нависандагону публитисисони давр ҷонфидоӣ кардаанд, бе маошу бе пуштибонии маънавӣ ин нашрияро таъсис доданд, то барои ояндагон як майдони фарохи адабӣ ва маърифатӣ фароҳам ё муҳайё шавад.
Маҷаллаи “ Садои шарқ” аз оғози таъсис то кунун меъёру сифати адабиёти тоҷик унвон мешавад. Осори гаронарзиши адибони тоҷик қабл аз ҳама дар ҳамин маҷалла нашр мешуд ва низ то кунун нашр мешавад. Ё ба қавли муҳаққиқони таърихи адбиёт, раванди адабӣ ва фазои адабиёти тоҷикро дар тӯли таърихи 90 соли ахир аз осори нашршуда дар маҷаллаи “Садои шарқ” мешавад рӯшан мушаххас кард.