Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Парвозҳои мустақим миёни Тоҷикистону Эрон барқарор мешавад.ВИДЕО


Пас аз таваққуфи чандмоҳа парвозҳои мустақим миёни Тоҷикистону Эрон дубора барқарор мешавад. Ба як ширкати ҳавопаймоии эронӣ иҷоза дода шуд, ки аз Душанбе ба Машҳад, парвоз анҷом диҳад.

Баъди қатъ шудани парвозҳои ширкати "Осмон эйр"-и Эрон дар хатсайри Душанбе-Машҳад ва ба мушкили молӣ рӯ ба рӯ шудани ширкати "Тоҷик эйр" аз Тоҷикистон, дигар ягон парвоз ба самти Эрон анҷом намешуд ва ин ҳам кору харҷи мусофиронро зиёд карда буд.

Мақомоти Оҷонсии авиатсияи граждании Тоҷикистон чанде пеш ба ширкати "Вориш эйрлайнз"-и Эрон иҷоза додаанд, то дар хатсайри Машҳад-Душанбе, парвоз анҷом диҳад.

Азиз Набизода, муовини раиси оҷонсӣ рӯзи 27- уми май дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ ба ҳарими ҳавоии Тоҷикистон ворид шудани ширкати нави ҳавопаймоии Эронро тасдиқ кард.

Азиз Набизода гуфт, "камтар аз як моҳ пеш аз маъмурияти ҳавопаймоии авиатсияи граждании Эрон ба мо таъйинот оид ба иҷрои парвоз аз ҷониби ширкати "Вориш эйрлайнз" омад. Мо ҳама ҳуҷҷатҳоро дидем, санҷиш кардем ва барои парвоз иҷоза додем".

Рафтуомади ҳавоӣ миёни Тоҷикистону Эрон барқарор мешавад
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:00 0:00

Қарор аст нахустин парвози ширкати "Вориш эйрлайнз" аз Тоҷикистон ба Эрон рӯзи 6-уми июн бо ҳавопаймои "Боинг 737 500" ва бо 120 мусофир анҷом шавад.

Фурӯши билетҳо дар хатсайри Машҳад-Душанбе-Машҳад, аз 15-уми май баробари дарёфти иҷозатномаи мақомоти Тоҷикистон шурӯъ шуда, ба гуфтаи намояндагии ширкат, қисми зиёди он ба фурӯш рафтааст. Нархи билет барои як тараф аз 2360 сомонӣ шуруъ шуда ва барои ду тараф 3750 сомонӣ аст.

Чаро парвозҳо миёни Тоҷикистон ва Эрон қатъ шуд?

Абдуризо Муҳаммадӣ, директори генералии ширкати "Алмоси Шарқ" ки намояндагии ширкати ҳавопаймоии "Вориш" дар Тоҷикистон аст, дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ба далели набуди ягон роҳи мустақими сафар ба Эрон, онҳо ба ҷониби Тоҷикистон бо чунин дархосте муроҷиат карданд. Ҳоло тибқи барнома, ширкат ҳафтае як парвозро дар назар доранд.

"Парвоз дар ин хатсайр рӯзҳои панҷшанбе соати 9:15 аз фурудгоҳи Машҳад шурӯъ мешавад ва соати 13:00 аз фурудгоҳи Душанбе барои фурудгоҳи Машҳад бозгашт дорад. Ҳоло барномаи мо ҳафтае як парвоз аст. Агар мушкили "Тоҷик эйр" рафъ шавад ва барои Теҳрон парвоз гузоранд, имкони парвозҳои бештар фароҳам мешавад",-гуфт Абдуризо Муҳаммадӣ.

Ба гуфтаи Абдуризо Муҳаммадӣ, парвозҳо аз Душанбе ба Машҳад, харҷу мушкили мусофиронро, ки ба далели набуди парвози мустақим аз Тоҷикистон, аз тариқи Истанбули Туркия ва Дубай ба Эрон сафар мекарданд, сабуктар мекунад. Аксари мусофирон ба бовари оқои Муҳаммадӣ, беморон ва соҳибкорон ҳастанд, ки маҷбур буданд, тариқи кишварҳои дигар сафарашонро идома бидиҳанд.

Қаблан аз Тоҷикистон ба Эрон ҳафтае ду маротиба парвоз анҷом мешуд. Ин парвозҳоро ширкат ҳавопаймоии "Осмон Эйр"-и Эрон дар хатсайри Машҳад - Душанбе ва ширкати "Тоҷик Эйр" дар хатсайри Душанбе -Теҳрон анҷом медоданд. Аммо ба таъкиди мақомот, ба далели иқтисодӣ, ин ширкатҳо, яке 8 ва яке панҷ моҳи қабл парвоз ба Эронро қатъ карданд.

"Мо парвозҳоро қатъ накардем"

Қаблан ширкати "Осмон эйр" ба Тоҷикистон парвозҳо анҷом медод.
Қаблан ширкати "Осмон эйр" ба Тоҷикистон парвозҳо анҷом медод.

Ширкати ҳавопаймоии Эрон "Осмон Эйр" парвози ҳавопаймоҳояшро аз шаҳри Машҳади Эрон ба пойтахти Тоҷикистонро моҳи сентябр дар ҳоле қатъ кард, ки ду кишвар муносибати чандон хуб надоштанд ва бархе ҳам он замон гуфтанд, як сабаби қатъи парвози ҳавопаймоҳои "Осмон Эйр" тамдид нашудани муҷаввизи фаъолияти ширкат дар Тоҷикистон аст.

Аммо ҷониби Эрон ва ҳам Тоҷикистон иллати қатъи парвозҳоро иқтисодӣ хонданд. Азиз Набизода, муовини раиси Оҷонсии авиатсияи граждании Тоҷикистон ҳам дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, "парвозҳоро мо қатъ накардем, тарафи Тоҷикистон қатъ накард, онҳо худашон ба ҳамин хулоса омаданд, ки мушкилоти молӣ доранд".

Ширкати "Вориш" ки ба ҷойи "Осмон Эйр" ба ҳарими ҳавоии Тоҷикистон ворид шудааст, як ширкати хусусӣ буда, се сол пеш ба кор оғоз кардааст. Ширкат феълан ду ҳавопаймо, "Боинг 737 -500" ва "Боинг 737 300" дорад.

XS
SM
MD
LG