Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гавҳар Ҷӯраева: Агар пул медоштам, барои муҳоҷирон як маркази ҷаҳонӣ месохтам


Гавҳар Ҷӯраева
Гавҳар Ҷӯраева

Ҳомии ҳуқуқи муҳоҷирони тоҷик Гавҳар Ҷӯраева "барои намоиши мардонагӣ дар ҳимоят аз ҳуқуқи инсон" ҷоизаи мӯътабари Гурӯҳи Ҳелсинкии Маскавро ба даст овард.

Барои аввалин бор ҷоизаи солонаи Гурӯҳи Ҳелсинкии Маскав, яке аз созмонҳои мӯътабари ҳомии ҳуқуқи Русия ба як фаъоли ҳуқуқи инсон аз Тоҷикистон дода шуд.

Гурӯҳи Ҳелсинкии Маскав шоми 2 ноябр исми барандагони ҷоизаҳои имсолаашро эълон кард. Дар рӯйхати барандагони ҷоизаҳои ин созмон исми Гавҳар Ҷӯраева, муассис ва раҳбари созмони “Муҳоҷират ва қонун” таҳти рақами 1 омадааст. Гурӯҳи Ҳелсинкии Маскав навиштааст, "барои худ ифтихор мешуморад, ки барои мардонагие, ки дар амри ҳимоят аз ҳуқуқи инсон намоиш медиҳад, ҷоизаашро ба Ҷӯраева Гавҳар Қандиловна бисупорад."

Гурӯҳи Ҳелскинкии Маскав имсол ҳамчунин ба ҳомии ҳуқуқ ва раиси созмони “Мемориал” Арсений Рогинский, рассом ва созмондиҳандаи маъракаи “Монстратсия” дар Новосибирск Артём Лоскутов, раҳбари Маркази Сахаров Сергей Лукашевский, адвокат Иван Павлов, раиси созмони “Человек и Закон” дар шаҳри Йошкар-Ола Ирина Протасова, ҳомии ҳуқуқ аз Калуга Татяна Котляр, додраси собиқи Додгоҳи Қонуни асосии Русия Тамара Моршакова, раҳбари барномаҳои маърифатӣ ва ҷавонии “Мемориал” Ирина Шербаковская ва ба журналисти маъруфи рус ва сардабири маҷаллаи “Миграция - ХХI век” Лидия Графова ҷоиза додааст. Расми тақдими ин ҷоизаҳо рӯзи 5 декабр дар Маскав доир мешавад.

Гавҳар Ҷӯраева аз соли 1993 ба муҳоҷирон аз кишварҳои пасошӯравӣ, аз ҷумла ба муҳоҷирони тоҷик кумакҳои ҳуқуқиву иҷтимоӣ, тиббӣ ва ёриҳои дигар мерасонад. Ӯ дар соли 1996 Бунёди “Тоҷикистон”-ро ташкил дод, ки дар соли 2002 ба созмони “Муҳоҷират ва қонун” табдили ном кард. Ин созмон 4 ҳуқуқшинос дорад, ки ба муҳоҷирон аз Осиёи Марказӣ ва кишварҳои дигари пасошӯравӣ кумак мерасонанд.

Гавҳар Ҷӯраева бо мавқеи фаъоли шаҳрвандиаш, бахусус бо баҳсҳои тундаш бо сиёсатмадорони миллатгарое, чун Владимир Жириновский низ маъруф аст.

Гавҳар Ҷӯраева рӯзи 3 ноябр дар як сӯҳбати ихтисосӣ бо бахши тоҷикии Радиои Озодӣ гуфт, дарёфти ҷоизаи Гурӯҳи Ҳелсинкии Маскав барояш ғайричашмдошт буд. Ӯ гуфт, ҳадафи худ ва созмонашро дароз кардани дасти ёрӣ ба мардуме медонад, ки ба кумак эҳтиёҷ доранд.

Давлати Худоназар
Давлати Худоназар

Гавҳар Ҷӯраева соли 1950 дар Душанбе ба дунё омадааст. Ӯ духтари Қандил Ҷӯраев, донишманди маъруфи тоҷик ва ректори собиқи Донишкадаи омӯзгории Душанбест. Гавҳар Ҷӯраева ва ҳамсараш – сиёсатмадор ва коргардони шинохтаи синамои тоҷик Давлати Худоназар – аз соли 1993 дар Маскав ба сар мебаранд. Онҳо ду фарзанд ва як набера доранд.

Радиои Озодӣ: Гавҳар Қандиловна, пеш аз ҳама, ҷоиза муборак бошад!

Гавҳар Ҷӯраева: "Ҷоиза, албатта, хуб аст, лекин ман ҳайронам, ки ман чигуна дар он рӯйхат афтодам. Вале ба ҳар сурат, ҷоиза ҷоиза аст. Дар он созмон одамони мӯътабаре ҳастанд, чун Светлана Алексеева, ки вақте мо аз Тоҷикистон фирор кардем дар даврони ҷанг, хеле дастгирӣ карда буданд. Ман як умр инро фаромӯш намекунам, вале боз ҳам намефаҳмам, ки чи хел шуду ин ҷоизаро ба ман доданд. Ғайричашмдошт буд."

Радиои Озодӣ: Фикр мекунем, пас заҳматҳои шумо намоён буд, ки ҳомиёни ҳуқуқ диданду қадр карданд.

Гавҳар Ҷӯраева: "Шояд як-ду нафар дар ҳайати ҳакамон ба чунин хулоса расидаанд, ки хуб мешавад, ба Гавҳар бидиҳем. Чунки, шумо медонед, ки ман аз паси ҷоиза намедавам, аз паси ягон чизҳои пурамбитсия намедавам. Ман мехоҳам, маро ором гузоранд, то ба як-ду одаме, ки ба кумак эҳтиёҷ доранд, ёрдам бирасонем. Ҳамин заҳматҳост, ки ман зиндаам. Агар дасти ёриат ба касе бирасад, ин ба одам қувват медиҳад. Агар дастат расаду ба ёрии мардум нарасӣ, одам баръакс зуд месӯзад. Дар ин байн модарам аз дунё рафт, падарам рафт. Чизҳои зиёде дар ҳаёт ҳаст, ки касро дилшикаста мекунанд. Баъзан моро ҳам таъна мекунанд, ки чӣ кор карда гаштаед? Чой хӯрда нишастаед? Ҳама фикр мекунанд, ки мо хеле бақувватем. Не, мо бақувват нестем. Мо бо ҳамон формулае, ки чизе ки аз дастамон биояд, ёрдам мекунем. Агар аз дастамон наояд, фиреб намекунем, домани муҳоҷирро бо чормағзи пӯч пур намекунем. Шукри Худо, дар ин қадар солҳо ба чӣ қадар мардум дасти ёрии мо расид. Вале боз ҳам аз байнашон ёфт мешаванд касоне, ки мегӯянд, шумо чой хӯрда гаштаед унҷо." (Механдад)

Радиои Озодӣ: Хуб, дигар ҷоизаи мӯътабари Гурӯҳи Ҳелсинкии Маскав бояд ин таънаҳоро ҷуброн кунад.

Гавҳар Ҷӯраева: "Ҷоиза, албатта, ҷоиза аст ва ташаккури зиёд ба мардуме, ки маро дастгирӣ карданд. Лекин ман дар равиши дигари сиёсиам. Дар ҷои аввал дар равиши сиёсии ман одамоне меистанд, ки ба кумак эҳтиёҷ доранд. Дувум, ман тарафдори инам, ки давлатҳо ҳам дар Тоҷикистон ва ҳам дар Русия ба пои худ рост шаванд. Ва Худо кунад, ки тавре кор кунем, ки танқиди мо конструктивӣ бошад, на аз рӯи сиёсат."

Бештари шикоятҳо аз корфармо ва пулис аст

Радиои Озодӣ: Феълан дар созмони “Муҳоҷират ва қонун” чанд нафар кор мекунанд?

Гавҳар Ҷӯраева: "Мо 4 ҳуқуқшинос дорем, ки якеаш масъули баррасии шикоятҳои муҳоҷирон аз Узбакистон аст, якеи дигар – масъули муҳоҷирон аз Қирғизистон ва боз яке – барои муҳоҷирони тоҷик. Ҳуқуқшиноси чоруми мо масъули расидагӣ ба шикоятҳо аз муҳоҷирон аз Молдова, Украина ва Беларус мебошад. Ман ин 4 ҳуқуқшиносро чун гавҳараки чашм нигоҳ мекунам, чунки худам ҳуқуқдон нестам. Лекин коргаронам ҳуқуқшиносони касбианд ва аз дасташон кумак ба муҳоҷирон меояд. Шукр, ин ҳама сол телефонҳо ҳеҷ гоҳ хомӯш намондаанд, якеаш ҳатман ба зангҳои муҳоҷирон ҷавоб медиҳад."

Радиои Озодӣ: Чӣ қадар одам муроҷиат мекунад ба шумо?

Гавҳар Ҷӯраева: "Қаблан ҳар моҳ беш аз 1000 муроҷиат мерасид. Баъзан дар моҳ то 2000 шикоят мегирифтем. Ҳоло шикоятҳо камтар шудаанд, чунки мақомоти Русия ду марказе сохтанд, ки муҳоҷирон метавонанд баҳузур рафта, патенташонро бигиранду дигар аз касе натарсанд. Ҳоло асосан онҳое муроҷиат мекунанд, ки дар боздоштгоҳҳо ба муддати тӯлонӣ мунтазири фиристоданашон ба Ватан мебошанд. Мо феълан бештар ба ҳаминҳо ёрӣ мерасонем, ки рафтанашонро тезонанд. Ё агар бачаҳои муҳоҷиронро барои таҳсил ба мактабҳои маҳаллӣ роҳ надиҳанд, бо мудирони мактабҳо сӯҳбат мекунем барои ҳалли масъала. Ҳамин тавр, шикоят мегирем, ки корфармоён бо ҳар роҳи фиреб пули муҳоҷиронро намедиҳанд. Вале, мутаассифона, аз 13 миллион рубл маоши ин мардум мо то имрӯз фақат 1 миллионашро баргардонда тавонистему халос. Як чиз ҳаст, ки мардуми мо ба Русия на барои тамошои осорхонаву консерт, балки пулкобӣ меояд. Аз ин рӯ, агар муздашонро бигиранд, ҳам барои Тоҷикистон хуб аст ва ҳам барои Русия, ки ин мардум норозӣ намеравад."

Радиои Озодӣ: Шикоятҳо асосан аз ҳамин чизҳост, яъне аз боздошту пардохт нашудани маошу..?

Гавҳар Ҷӯраева: "Якум, мардум аз корфармоёне, ки пулашонро намедиҳанд, норозианд. Баъдан, аз дағалиҳои пулиси Русия. Ва як вазифаи дигари мо ин аст, ки бо пулис ҳамкорӣ кунему аз чунин падидаҳои манфӣ пешгирӣ намоем. Дар пулиси Русия низ ҳар хел одам кор мекунад. Муттаассифона, сатҳи ҳамкории мо бо пулис, метавон гуфт ки то ҳол на чандон хуб аст."

Дар бораи марги Умаралӣ

Акси Умаралӣ Назаров
Акси Умаралӣ Назаров

Радиои Озодӣ: Дар ин авохир парвандаи марги кӯдаки 5-моҳи тоҷик Умаралӣ Назаров дар Петербург сару садои зиёде ба по кард. Ба назари шумо, чӣ боис шуд, ки вазъ то ба инҷо, яъне ба марги кӯдак бирасад?

Гавҳар Ҷӯраева: "Мо дар Маскав тавонистем ин анъанаи бадро, ки кӯдакро баъди боздошти волидонаш ба тавқифгоҳи кӯдакон ё бемористон месупоранд, шиканем. Чунин ҳодисаҳо дар инҷо ҳам буданд, вале мо бисёр ҷанҷол бардоштем, журналистон дастгирӣ карданд. Ва дар ниҳоят ин анъана тамом шуд. Дар ду соли охир дар Маскав ягон шикоят дар ин бора набуд. Лекин Петербург дур аст. Ҷомеаи шаҳрвандӣ бояд чунин корҳоро назорат барад. Шумо медонед, ки диаспораҳои мо, агар каме ёрдам расонанд, асосан пул мекананд аз мардуме, ки бо шикоят пеши онҳо меоянд. Дар Петербург, албатта, мо чанд сол боз бо консули ифтихории Тоҷикистон Назар Мирзода ҳамкории хуб дорем, вале бо бисёре аз диаспораҳои дигари тоҷикон кор кардан хеле сахт аст."

Радиои Озодӣ: Яъне як сабаби марги Умаралӣ ҳамин шуд, ки ӯро аз модараш ҷудо карданд?

Гавҳар Ҷӯраева: "Чунин қонун нест. Дӯсти ман Евгений Бобров, як ҳуқуқшиноси бақувват аз Шӯрои ҳуқуқи башари назди президенти Русия бояд ба Санкт-Петербург рафта, аз нигоҳи ҳуқуқӣ як бори дигар бифаҳмад, ки барои чӣ чунин ҳолат пеш омад? Афсӯс, ки чунин инструксия ҳаст, ба фикрам. Вагарна қаблан чунин ҳодисаҳо дар Маскав ҳам рух намедод. Дар инҷо худашон билохира аз ин даст кашиданд. Вале дар ҳар идора одамоне ҳаст, ки аз хирад ва адолат дуранд. Онҳо инструксияро хоҳанд як хел мефаҳманд, нахоҳанд – як хели дигар. Зарараш ба одаме мерасад, ки ба дасти онҳо меафтад. Дар пулиси Русия ҳам одамони хуб зиёд кор мекунанд. Мо онҳоро ном ба ном медонем ва агар мушкиле пеш омад, занг мезанем, ҳал мекунанд. Вале касоне ҳам ҳастанд, ки ман мегӯямашон, инҳо одамхӯраканд чӣ бало? Қонунро метавон ба ҳар тараф тоб дод: Ё ба тарафи зулм, ё ба сӯи некӣ. Онҳое, ки ин корро бо Умаралӣ дар Петербург карданд, аз некӣ дуранд."

Баҳси Гавҳар бо Жириновский

Радиои Озодӣ: Дар Интернет чанд сол боз видеое бо номи “Зани тоҷик Жириновскийро дар ҷояш шинонд” чарх мезанад. Ва он лаҳзаи баҳси шумо бо Владимир Жириновский, раҳбари миллатгарои ҳизби либерал-демократи Русия аст.

Гавҳар Ҷӯраева ҳангоми баҳс бо Жириновский
Гавҳар Ҷӯраева ҳангоми баҳс бо Жириновский

Гавҳар Ҷӯраева: "Ростӣ, ман ҳатто намедонам, чӣ гуфта будам дар ҷавоби Жириновский. Ба фикри ман, ягон қаҳрамонӣ набуд. Вале халқи мо он қадар ба худшиносӣ ва ҳимоят эҳтиёҷ дорад, ки ҳамин хел фаҳмид. Ҳамин хел фаҳмид, ки як зан дар ҷавоби Жириновский чизе гуфт. Маъқулашон омад. Ман ҳам хуш шудам, ки ин қадар мардумро хурсанд кардаам, вале ягон гапи фавқулодда назада будам. Чизеро гуфтам, ки ҳар рӯз мегӯям дар телевизионҳои Русия."

Радиои Озодӣ: Вале баҳси рӯбарӯ бо Жириновский бо он ақидаҳое, ки зидди муҳоҷирон дорад, осон буд?

Гавҳар Ҷӯраева: "На, осон набуд. Аз тарафи Виктор Ампилов мо се нафар – ду мард ва ман, як зан, будем. Ман сеюм шуда, сухан кардам, вале ҳарсеи мо дар як равишу як идея гап задем."

Радиои Озодӣ: Жириновский чигуна қабул кард ҳарфҳои шуморо?

Гавҳар Ҷӯраева: "Ҷолиб медонед, чист? Дар соли нав маркази мо аз Жириновский табрикнома гирифт. Ман, албатта, баъди он ҳарфҳои сахте, ки Жириновский зада буд, дастам ба навиштани табрики ҷавобӣ нарафт. Вале агар дар бораи ҷоизаҳо ҳарф бизанем, ман аз ифтихор дорам, ки аз ФМС – Хадамоти федеролии муҳоҷирати Русия – ба ман медал дода буданд барои ҳамкорӣ. Чунки ин ҳамкорӣ ба маънои ёрдам ба халқи мост."

Видеои баҳси Ҷӯраева бо Жириновский:

Радиои Озодӣ: Шумо ва созмони шумо, вақте муҳоҷирон бо шикоят муроҷиат мекунанд, оё фарқ мегузоред, ки ӯ аз куҷост?

Гавҳар Ҷӯраева: "На. Ҳар ҳуқуқшинос масъули яке аз кишварҳост. Муттаассифона, феълан дасти мо танҳо ба се кишвари Осиёи Марказӣ – Узбакистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон ва ба се кишвари дигари пасошӯравӣ - Молдова, Украина ва Беларус - мерасад. Агар зӯрам мерасиду пул медоштам, як маркази умумиҷаҳонӣ месохтам, ки касе биояд, бепул ёрӣ бигирад. Вале пулёбӣ як корест, ки аз дасти ман наомад. Натавонистам, ки ба чандин ҷойҳо нависаму пул пайдо кунам. Пуле меёфтем, ки барои кори марказ кифоят кунад. Азбаски ман худам аз ин марказ пул намегирам, одами озодам. Одами озод метавонад фикрашро озодона бигӯяд ва аз рӯи инсоф кор кунад."

Радиои Озодӣ: Бо инак 22 сол таҷрибаи кор дар арсаи ҳимоят аз ҳуқуқи муҳоҷирон метавонед гуфта ки оё чунин формулае вуҷуд дорад, ки агар фалону фалон корҳо анҷом шаванд, зиндагии муҳоҷирон дар Русия дигар, ба гуфти тоҷикон, гул мешавад?

Гавҳар Ҷӯраева: "Ҳар рӯз ягон чиз ҳал мешавад. Ягон чизи хурд, ё ягон чизи бузург. Ёд доред, ки мардумро ҳамин квотаҳо чӣ қадар азоб медод. Онҳо чӣ қадар пул медоданд, ки квотаро ба даст оварда, кор кунанд. Чандин бор матраҳ кардем, баҳс кардем, матбуот дастгирӣ кард ва дар ниҳоят ба қароре расиданд, ки квотаро барои кишварҳои бевиза бекор кунанд. Яъне агар кас ҳаракат кунад, баракат каме ҳам бошад, ба даст меояд. Агар душман кобеду сиёсатбозӣ кунед, оқибат надорад. Дар меҳвари сиёсат бояд пуштибонии ҳар як одами мӯҳтоҷи кумак биистад."

XS
SM
MD
LG