Нисо Муборакшоева, донишҷӯйи курси дувуми донишгоҳи иқтисодии Русия ба номи Плеханов аст ва орзу дорад дар озмуни бонуфузи зебои «Мисс Росия» ширкат ва тоҷро аз худ кунад. Нисо розӣ шуд бо Радиои Озодӣ сӯҳбати ихтисосӣ анҷом диҳад ва мо ҳам нахуст аз ӯ хоҳиш кардем барои хонандаҳо, шунавандаҳо ва ҷонибдоронаш аз Тоҷикистон дар бораи худ маълумот диҳад.
Нисо Муборакшоева: «Ман 21-сола ҳастам, аз Бадахшони Тоҷикистон. Дар Душанбе таваллуд шудаам. Вақте 8-сола будем, хонаводаамон ба Маскав кӯч баст. Инҷо таҳсилро дар синфи дуввум шурӯъ кардам. Ҳоло дар курси дуввуми факултаи забоншиносии Донишгоҳи иқтисодии Русия ба номи Плеханов таҳсил мекунам. Ҳамчунин дар мактаби рақсии Алла Духова нозукиҳои рақсро омӯхтам. Ҳамеша ба варзиш машғулам. Нақша дорам донишгоҳро хатм кунам ва агар имконият даст дод хеле мехостам барои кӯдакони дорои имконоти маҳдуд як мактаби махсус таъсис дода, ба онҳо дарси рақс диҳам. Рақс ин зиндагии ман аст, бештар рақсҳои шарқӣ, рақси шикам ва албатта рақсҳои муосиру классикиро дӯст медорам.
Озодӣ: Ин аввалин ширкати шумо дар озмуни бузурги зебоӣ аст, бале?
Нисо Муборакшоева: «Ман дар озмунҳои дигари зебоӣ ширкат кардаам, аммо албатта дар чунин озмуни бонуфузе мисли «Мисс Росия» бори аввал аст. Ҳоло овоздиҳӣ барои навори видео идома дорад. Овозҳое, ки тариқи видео ман ба даст меорам, барои ширкат дар озмуни «Мисс Расия» бароям кӯмак хоҳанд кард.»
Озодӣ: Ҷолиб аст бидонем, чаро мехоҳед дар ин озмун ширкат кунед, ин озмун ба шумо чӣ хоҳад дод?
Нисо Муборакшоева: «Медонед хеле ҷолиб аст ин. Ширкат дар чунин озмунҳо орзуи ҳар як духтар аст. Мехоҳем бо ин нишон диҳем, ки мо духтарон аз кишварҳои шарқӣ оддӣ нестем ва мо метавонем худро аз тарафи беҳтар муаррифӣ кунем. Вале агар ҳам ман ғолиб наомадам, зиёд нороҳат намешавам ва ашк намерезам. Мехоҳам дар зиндагии худ як навоварӣ ворид кунам. Худо барои ман ҳама чӣ додаст, ки дигарон метавонанд ҳасад баранд. Ман мехоҳам аз ин ҳама истифода барам.»
Озодӣ: Аммо бо симои тоҷикӣ дар Русия зистан барои шумо чӣ тавр аст? Тоҷик будан дар ин кишвар мушкил нест?
Нисо Муборакшоева: «Ин аз худи шахс вобаста аст ба фикри ман. Муҳим ин аст, ки шахс худро чӣ хел нишон медиҳаду муаррифӣ мекунад.»
Озодӣ: Худи шумо дар ин маврид мушкил доштед?
Нисо Муборакшоева: «Масалан, ман дар озмунҳои зиёди зебоӣ ширкат кардам ба ман ҷойи аввал намедоданд. Ман дар озмуни «Зебосанами донишгоҳ» иштирок кардам ба ман ҷойи дуввум насиб шуд. Дар як озмуни дигар ба ман аслан ҷойе надоданд. Шояд ба хотири ҳамин симои ғайриславяниам ба ман ҷойҳои аввалро лоиқ намедонанд.»
Озодӣ: Духтароне, ки дар чунин озмунҳо ширкат кардаву ғолибият ба даст меоранд чӣ бартариву пешрафтҳое хоҳанд дошт?
Нисо Муборакшоева: «Медонед, агар шумо иштирокчии чунин як озмуни бонуфузе мисли «Мисс Россия» бошед, ин аллакай барои шумо як шонсу имконияти хубе хоҳад буд барои даст ёфтан ба муваффақиятҳо дар чорраҳаи зиндагӣ. Шумо ба рекламаву сабти наворҳои мухталиф даъват мешавед. Шарт нест, ки дар чунин озмунҳо ҳатман ғолиб оед. Барои ширкатдорони дигар ҳам дарҳои муваффақият боз мешавад.»
Озодӣ: Оё фикр намекунед, ки ин шуғли шумо дар зиндагиатон таъсир хоҳад гузошт ё ба ҳамсари ояндаи шумо ин машғулияти шумо чандон хуш нахоҳад омад?
Нисо Муборакшоева: «Медонед, ман фикр мекунам бароям чунин мушкиле пеш нахоҳад омад, чун дӯстписар ё ҳамсари ман нафаре хоҳад буд, ки ба ман бовар мекунад ва фикрҳои бад нисбати ман нахоҳад кард. Ман имкон ва иҷоза намедиҳам, ки дар бораи шахсияти ман нафаре чунин фикрҳо кунад. Ин масъалаи хеле ҷиддӣ аст барои ман.»
Озодӣ: Шояд ҳам дар Тоҷикистон нафароне пайдо шаванд, ки шуғлу зоҳири шумо барояшон чандон писанд набошад. Шумо ба онҳо ягон гуфтанӣ доред?
Нисо Муборакшоева: «Бале, албатта медонам, ки чунин афрод ҳастанд ва як ҳамкасби шумо дар Асия-Плюс як акси маро бо либоси шиноварӣ нашр карда буд ва ба ҷойи он, ки дастгирӣ кунанд, хонандаҳо дар ҳаққи ман гапҳое гуфтаанд, мисли ин, ки ту шармандаӣ ва ғайраву ҳоказо. Ман ростӣ дар ҳайрат мондам. Ман фикр мекунам, ки ҳар як шахс бояд кори худро кунад ва дар бораи зиндагии худ фикр кунад ва ба зиндагии дигарон набояд дахолат кунанд.»
Оздоӣ: Хонаводаатон чӣ гуна муносибат доранд. Оё шуморо дастгирӣ мекунанд?
Нисо Муборакшоева: «Бале модарам маро ҳамеша дастгирӣ мекунанд, падарам ба ман бовар доранд, ки ман ба иштибоҳ роҳ нахоҳам дод дар ин роҳ. Бародарам аз ман пуштибонӣ мекунанд. Барои ман муҳимтар аз ҳама ҳамин аст албатта».