Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чемпионати имсола бо пирӯзии "Истиқлол" оғоз ёфт


Лаҳзае аз бозии "Истиқлол" бо "Регар"
Лаҳзае аз бозии "Истиқлол" бо "Регар"

Рӯзи 12-уми апрел ду бозии даври аввали мусобиқаи қаҳрамонии футболи Тоҷикистон байни дастаҳои лигаи олӣ баргузор шуд.

Нахуст дастаҳои «Далерон-Ӯротеппа» (Истаравшан) ва «Энергетик» (Душанбе) рақобат карданд. Ин бозӣ, ки дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Истаравшан сурат гирифт, бо ҳисоби 1:1 хотима ёфт. Ба голи Ҳасан Рустамов, собиқ бозигари «Равшан», ки ба «Энергетик» гузаштааст, Абдураҳмон Қурбонов, узви дастаи мизбон - «Далерон-Ӯротеппа» - бо гол посух дод.

Бозии дувуми даври аввал байни «Истиқлол» (Душанбе) - «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода), ки дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ барпо гардид, бо пирӯзии душанбегиҳо бо ҳисоби 1:0 ба охир расид. Голро Хуршед Маҳмудов (собиқ капитани «Регар-ТадАЗ») дар дақиқаи 26-ум ба ҳадаф расонд. Бояд гуфт, ки дар дақиқаи 71-ум сардовар Парвиз Муртазоев (Душанбе) ба бозигари «Регар-ТадАЗ» Ҳикматулло Расулов, ки муқобили Дэвид Мауто, легионери африқоии «Истиқлол» (собиқ ҳамлагари «Равшан»), дағалона бозӣ кард, корти сурх нишон дод.

Ду бозии дигари даври аввал рӯзи якшанбе миёни дастаҳои “Хуҷанд» (Хуҷанд) - «Вахш» (Қӯрғонтеппа) ва ССКА «Помир» (Душанбе) - «Хайр» (Ваҳдат) сурат мегирад. Ба иттилои Лигаи миллии футболи Тоҷикистон бозии «Равшан» (Кӯлоб) – “Парвоз” (Бобоҷон Ғафуров) аз 13-уми апрел ба 7-уми май гузаронида шуд.

Чемпионати Тоҷикистон. Лигаи олӣ. Даври 1-ум
13-уми апрел (якшанбе)
Оғози бозиҳо – соати 16:00


«ХУҶАНД» (Хуҷанд) - «ВАХШ» (Қӯрғонтеппа)
Хуҷанд, варзишгоҳи «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон».
Сардовар: Сайёдҷон Зайниддинов (Душанбе).


ССКА «ПОМИР» (Душанбе) - «ХАЙР» (Ваҳдат)
Душанбе, варзишгоҳи КМВА-и Вазорати мудофиаи ҶТ.
Сардовар: Хуршед Дадобоев (Хуҷанд).
XS
SM
MD
LG