Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

20 сокини як гӯшаи Исфара - дар ҷанги Сурия


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Мақомоти Исфара як зан бо 3 кӯдакашро аз роҳи сафар ба Сурия баргардондаанд. Шавҳари ин зан дар он кишвари арабӣ меҷангидааст.

Мақомоти умури дохилаи Исфара як зани сокини ин ноҳияро бо 3 кӯдаки хурдсолаш аз роҳи сафар ба Сурия баргардондаанд. Гуфта мешавад, ки ӯ мехост ба назди шавҳараш, ки дар Сурия меҷангидааст, биравад.

Ба гуфтаи манобеъ аз мақомоти интизомӣ, ин зан, ки аз вай Насиба Фаттоева ва сокини деҳаи Чорқишлоқи ҷамоати Шаҳраки ноҳияи Исфара ном бурда мешавад, ҳангоми хориҷ шудан аз қаламрави Тоҷикистон, дар як гузаргоҳи марзии байни Исфараву Бодканд боздошт шудаааст. Ӯ қасд доштааст, ба Сурия, назди шавҳараш - Абдуфаттоҳ Фаттоев - биравад.

Як масъули ҷамоати Шаҳрак рӯзи 18 сентябр дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки мақомот ҳамсари Фаттоевро ба зодгоҳаш баргардониданд ва ҳоло вай дар деҳаи Чорқишлоқ қарор дорад. Мусоҳибам афзуд, ки “Абдуфаттоҳ Фаттоев боздошти занашро шунида, аз Сурия ба мақомоти корҳои дохилии Исфара занг зада, гуфтааст, ҳамсару фарзандонашро сар диҳанд, вале вай дигар роҳи бозгашт надорад ва ба Тоҷикистон барнамегардад.” Ба гуфтаи вай, ин хонавода ду фарзанди хурдсол дошта, Насиба Фаттоева ҳангоми сафар ба Сурия ҳомила будааст.

Садриддин Содиқов, имом-хатиби масҷиди ҷомеи деҳаи Чорқишлоқ дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, Абдуфаттоҳ Фаттоев як ҷавони одӣ буда, саводи динӣ ҳам надошт: “Вай касбу кори муайяне ҳам надошт ва ба Русия барои кор мерафт. Ҳар сол як бор назди ҳамсару падару модараш бармегашт. Бори охир 1 ё 2 сол пеш ба деҳа омада буд. Дигар ӯро надидем ва шунидем, ки аз Русия, аз шаҳри Маскав ба Сурия рафтааст.”

Деҳаи Чорқишлоқ бо тахминан 3 ҳазор аҳолӣ ба ҷамоати Шаҳраки ноҳияи Исфара шомил аст. Мубашшира Мирзохоҷаева, масъули умури дин дар ҷамоати Шаҳрак, ки деҳаи Чорқишлоқ ба он шомил аст, дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ хабари аз роҳи сафари Сурия бозгардонидани ҳамсари Фаттоевро тасдиқ кард ва гуфт, ҳамсари Абдуфаттоҳ Фаттоев - Насиба Фаттоева назди ҳамсараш дар Маскави Русия буд ва аввали моҳи майи соли равон бо кӯдаконаш ба Исфара, ба зодгоҳаш баргаштааст ва шавҳараш ҳам баъди гуселонидани вай рӯзи 17 - уми май ба Сурия сафар кардааст.

Бино ба маълумоти хонум Мирзохоҷаева, мисли Абдуфаттоҳ дар ҳоли ҳозир ҳудуди 20 нафар аз сокинони ин маҳал ва 3 нафар ҳатто ҳамроҳ бо аҳли оилаҳои худ дар Сурия дар сафи ҷангиёнанд: “Инҳо ҳамаашон ҷавон, 30 – 35 сола, байнашон ҷавони 20-сола ҳам ҳаст. Инҳо бо роҳи Русия ба Сурия рафтаанд. Баъзе ҳамсарону падару модарони онҳо ба мақомот ҳам муроҷиат мекунанд, ки барои баргардонидани фарзандашон ёрӣ расонем. Аммо баъзеҳояшон мегӯянд, ки куҷо будани фарзандашонро намедонанд, “фарзандамон гум” мегӯянд. Баъзеи онҳо фақат як шиор доранд, ки “фарзанд ё шавҳарашон ҷиҳод мекунад ва агар кушта шавад, “шаҳиди аъло” хоҳад шуд.”

Як сокини ин маҳал бидуни ошкор кардани номаш гуфт, бархе ҳамсарон ва волидайни ҷавононе, ки дар Сурия ҳастанд, бо онҳо умдатан тавассути интернет ва гоҳе бо мобил тамос мегиранд.

Мубашшира Мирзохоҷаева мегӯяд, мақомот бо ҳамсар ва падару модарони ҷавононе, ки дар Сурияанд дар тамоси доимӣ ҳастанд: “Мо худам ҳам доим ба хонаи онҳо меравам, ҳамсӯҳбат мешавам. Кӯшиш дорем, ки дигар ҷавонони мо ба Сурияву дигар кишварҳо бо мақсади иштирок дар ҷанг нараванд. Аммо гузаргоҳи онҳо аз Русия аст.”

Ҷангиёни тоҷик дар Сурия
Ҷангиёни тоҷик дар Сурия

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон охири моҳи апрели соли равон хабари кушта шудани Масрур Иброҳимов, сокини ноҳияи Исфараи вилояти Суғд аз сӯи нерӯҳои давлати Сурияро дар охири моҳи март аз қавли пайвандони ӯ тасдиқ карда буд.

Моҳи июни соли равон хабаре дар бораи кушта шудани як ҷавони дигар аз Истаравшан, ки бо номи Абдураҳмон дар ҷанги Сурия ба нашр расида буд. Ҳамчунин пулиси Суғд аз баргардонидани ҳади ақал 3 ҷавони Суғд аз Сурия хабар додааст.

Ҷамъи ҷангиён аз Тоҷикистон дар Сурия то 200 нафар гуфта шуда, то имрӯз ҳалокати дастикам 7 тоҷик дар ҷангҳои он кишвар тасдиқ шудааст.

Шариф Назаров, сардори раёсати идораи корҳои дохилии Суғд миёнаҳои моҳи июн дар нишасти хабарии худ гуфт, биноба маълумоте, ки дар даст доранд, “дар урдугоҳҳои террористии кишварҳои хориҷӣ” 24 зан ва 34 кӯдаки суғдӣ ҳамроҳи шавҳару падари худ қарор доранд. Вай аз кишвари мушаххасе ном набурд, вале ишора кард, ки бархе аз онҳо дар Сурия паноҳ бурдаанд ва дар ҷангҳои ҷангандаҳо алайҳи режими Башор Асад иштирок доранд. Ба гуфтаи Ш. Назаров, мақомоти тоҷик ҷиҳати ошкор намудан ва ба ватан баргардонидани ҷавонони тоҷик аз хориҷи кишвар ба хотири таъмини амнияти Тоҷикистон талош доранд.

То кунун афроде, ки бо ҷурми иштирок дар амалиёти ҷангӣ дар кишварҳои хориҷӣ маҳкум шудаанд, маъмулан бар асоси қонунҳои ҳамон кишваре, ки алайҳаш ҷангидаанд, муҷозот мешуданд. Аммо рӯзи 21 майи соли равон порлумони Тоҷикистон дар Кодекси ҷиноии кишвар банди махсусе ворид кард, ки барои ширкат дар ҷангҳо дар хориҷи кишвар муҷозоти шадидтар таъин мекунад.

XS
SM
MD
LG