Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Гастарбайтерҳои ҷиҳод": Таҳдид ҲНИТ нест, балки...


Мақолаи "Гастарбайтерҳои ҷиҳод" дар "Русская планета"
Мақолаи "Гастарбайтерҳои ҷиҳод" дар "Русская планета"

Нашрияи интернетии “Русская планета” менависад, таҳдид ба клани ҳоким дар Тоҷикистон на аз сӯи ҳизби наҳзати исломӣ, балки аз тарафи гурӯҳҳои парохошҷӯи исломиест, ки ибтидо аз он сӯи Омӯ ва ҳоло ҳатто аз Ироқу Шом мушти таҳдидашонро ба сӯи ҳокимони Душанбе баланд мекунанд.

Нашрияи интернетии “Русская планета” дар матлабе бо номи “Гастарбайтерҳои ҷиҳод” навиштааст, ҳарчанд исломгароиро дар Осиёи Марказӣ хеле сахт маҷубр ба пинҳонкорӣ кардаанд, вале он метавонад дар сурати буғранҷ шудани вазъи сиёсӣ сар барорад. Ба навиштаи ин расона, бо вуҷуди дуриаш аз Ховари Миёна, рӯйдодҳои Сурияву Ироқ ба афзоиши рӯҳияи исломгароӣ дар кишварҳои осиёии Шӯравии собиқ таъсири рӯирост доштаанд. Бино ба ин гузориш, чанд омил, аз ҷумла хуруҷи нирӯҳои байналмилалӣ аз Афғонистон ва тақсимоти амалан ногузири қудрат дастикам дар Узбакистону Қазоқистон, ки синну соли раҳбарони кунуниашон Нурсултон Назарбоев ва Ислом Каримов ба ҷое расидааст, метавонад Осиёи Марказ, ё “зершикам”-и Русияро ба як нуқтаи доғи масоҳаташ садҳо ҳазор километри мураббаъ табдил диҳад.

Нуқтаи заъфи Душанбе

“Русская планета” зимни пайгирии вазъи гурӯҳҳои исломӣ дар 4 кишвари минтақа дар мавриди Тоҷикистон менависад, ки ин кишвари ҷангдида ба далели марзи тӯлонӣ ва начандон ҳифозатшавандааш бо Афғонистон бештар аз ҳама дар муқобили таҳоҷуми исломгароён осебпазир аст: “Ҳарчанд раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон тамоми майдони сиёсати дохилиро аз рақибони эҳтимолх пок карду вазъро дар ҷомиа ба субот оввард, таҳдиди вуруди гурӯҳҳои мухталифи ифротӣ, пеш аз ҳама гурӯҳҳои марбут бо Толибон, аз Афғонистон ҳамчунон хеле баланд боқӣ мемонад. Ва Тоҷикистон яқиқнан бо нирӯи худ қодир ба муқобила бо ин таҳдид нест.”

Нашрияи русӣ меафзояд, умеди Душанбе шояд ба пойгоҳи 201-уми Русия бошад, вале “такрори ҳаводиси солҳои 90, ҳатто бо вуҷуди пирӯзӣ дар набард бо исломгароҳо, гумон аст, ки дурнамои ҷолибе талаққӣ шавад.”

Бино бар ин гузориш, ҳизби наҳзати исломӣ (ҲНИТ), танҳо ҳизби исломии расман сабтиномшуда дар Шӯравии собиқ ҳоло бо ду вакилаш дар порлумони Тоҷикистон қонеъ шуда, як лаҳни мӯътадилеро пеша кардааст, чунки “дар сурати ғайр Раҳмон роҳи бастани фаъолияти онро меёфт.” Амм, меафзоянд муаллифон, "раҳбарони ин ҳизб азми президентшавӣ надоранд ва аз ин рӯ, ба клани ҳоким таҳдид намекунанд."

Ҷангиёни Ҳаракати исломии Узбакистон дар Покистон
Ҷангиёни Ҳаракати исломии Узбакистон дар Покистон

Таҳдиди бештар барои Тоҷикистон, ба ақидаи онҳо, аз ноҳияи Ҳаракати исломии Узбакистон бармеояд, ки дар солҳои охир дубора ҷон гирифта, фаъолона ба ҷалби ҷавонон дар қаламрави Афғонистон ва дар худи Тоҷикистон машғул шудааст. Нашрия аз ҷумла аз фирори 25 маҳбуси марбут ба исломгароҳо аз зиндони Душанбе дар августи соли 2010 ишора мекунад, ки ҷустуҷӯи онҳо то ноябри соли 2011 идома ёфт ва 3 маҳбуси фироркардаро ҳатто аз ҳудуди Афғонистон ба даст оварданд.

Таҳдиди дигари исломгароҳо барои Тоҷикистон, ба навиштаи “Русская планета”, “Ҷамоати Ансоруллоҳ” ном дорад, ки алакай дар Тоҷикистон як ҳамлаи маргталабона(дар сентябри соли 2010 алайҳи идораи пулиси вижа дар Хуҷанд) анҷом додааст: “Таҳлилгарони маҳаллиро ба осонӣ ҷалб шудани ҷавонон аз тарафи ифротгароён метарсонад. Ба ақидаи онҳо, сатҳи баланди бекорӣ дар кишвар, ҳамчунин маҳдудиятҳои барзиёд дар роҳи иҷрои фаризаҳои мазҳабӣ ба ин мусоидат кардааст. Дар Тоҷикистон аз ҷумла ҳар навъ фаъолияти бидуни иҷозати мазҳабӣ, мадрасаҳои мазҳабии хусусӣ ва ширкати ноболиғон дар намози масоҷид манъ шудааст. Ба назари устоди Донишгоҳи Русияву Тоҷикистон Сафовуддин Ҷабборов, ин маҳдудиятҳо ҷавононро таҳрик медиҳанд, то ба гурӯҳҳои боз ҳам махфитаре, ки дар Интернет фаъолона кор мекунанд, рӯ биоранд.” Нашрия мегӯяд, ҳузури тундравони тоҷик дар сафи чирикиҳои Сурия – таҳдиди дигар ба амнияти Тоҷикистон – низ шояд ҳосили чунин “фаъолият”-ҳост.

Узбакистон: Ҳаракати исломӣ дигар яккахон нест

“Русская Планета” менависад, таҳдиди исломгароиро мақомоти Узбакистон аз будаш бузургтар нишон медиҳанд, то ҳар ҳамлаи мусаллаҳонаву таркишу ҷиноятҳои дигари сангинро ба гардани онҳо бизананд ва таъқиби диндорон аз сӯи режими Ислом Каримовро низ тавҷеҳ кунанд. Аммо дар соли 2008, вақте муфаттишони олмонӣ барои тафтиши парвандаи “Ҷиҳоди исломӣ”, гурӯҳе ки аз баданаи Ҳаракати исломии Узбакистон ҷудо шуда, қасди таркондани як пойгоҳи Амрико дар Олмонро дошт, ба Тошканд омаданд, “мақомоти узбак аз байни ҳазорон нафари бо ҷурми исломгароӣ зиндонишуда танҳо як нафар ва он ҳам зодаи Тоҷикистонро пайдо карданд, ки дар кадом тамрингоҳи гурӯҳҳои ифротгаро дар хориҷ тамрини ҷангӣ гирифтааст.”

Адабиёти ҳизби Таҳрир
Адабиёти ҳизби Таҳрир

Дар ҳар сурат, дар Узбакистон, бино бар ин гузориш, ҳарфи аввалро дар “оркестр”-и созмонҳои исломгаро ҳоло на Ҳаракати исломии Узбакистон, балкир Ҳизб-ут-таҳрир ва “Ҷиҳоди исломӣ” мезананд ва бо хуруҷи нирӯҳои эътилоф аз Афғонистон ва раафтани Каримов аз саҳнаи сиёсӣ “аз эҳтимол дур нест, ки дар ҷанги ояндаи кланҳо барои касби қудрат дар ин ҷумҳурӣ кадоме аз рақибон талош намояд, ки қартаи мазҳабиро ба бозӣ бидарорад.”

Деги дар ҷӯши ҷануби Қирғизистон

“Русская Планета” зимни тасвири таҳдиди исломӣ дар Қирғизистон менависад, ки онҳо бештар дар вилоятҳои ҷанубии Ӯшу Ҷалолобод, ки ба гуфтаи мақомоти амниятӣ, як паноҳгоҳи исломгароҳои аз Узбакистон фироркарда шудааст, фаъоланд. Танҳо “Таблиғи ҷамоат” дар Қирғизистон ҳудуди 80 шӯъба доштаааст. Ба ҷуз аз ин ва дигар созмонҳои марказашон дар Покистон, ба мисли "Ҳаракати муҷоҳидин” ё “Ҳаракат-ал-ҷиҳод- ал –Ислом”, дар Қирғизистон созмонҳои туркие, чун “Сулаймониён” ва “Нурчилар” низ нуфуз кардаанд. Таҳдиди дигари исломӣ дар ин ҷумҳурӣ аз ноҳияи уйғурҳои Чин аст. Нашрия аз қавли мақомот, шумори тарафдорони исломгароён дар Қирғизистонро беш аз 50 000 нафар ва теъдоди онҳоеро, ки довталабаон ба Сурия барои “ҷиҳод” рафтаанд, 100 нафар мегӯяд.

Рангҳои исломии харитаи Қазоқистон

Ҷангиёни қазоқ дар Сурия
Ҷангиёни қазоқ дар Сурия

Рӯҳияи исломгароӣ дар ин кишвари, ба навиштаи “Русская Планета”, “босуботтарин ва бойтарини минтақа” тақвият меёбанд, бахусус дар шимол ва ғарби Қазоқистон, ки як ҷабҳаи таблиғи ақидаҳои салафӣ шудааст. Нашрия менависад, нахустин ҷомиаҳои салафӣ дар вилояти ғарбии Манқишлоқро ҳанӯз соли 1999, ҳангоми шикори ҷангиёни Ҳаракати исломии Узбакистон дар кишвари ҳамсоя ошкор кардаанд.

Дар солҳои 2011-2012 дар Тарозу Атирау таркишҳои хунине рух доданд, ки масъулияташонро гурӯҳе бо номи “Ҷунд-ал-халифат” ба раҳбарии Равил Кусаинов бар дӯш гирифт. Ин гурӯҳ, ки аз сӯи 3 қазоқ таъсис ёфтааст, бино бар ин гузориш, ҳамаи ҳокимони дунявии Осиёи Марказӣ ва ҳам Чину Русияро душмани худ эълон кардааст.

Аммо бо ин вуҷуд, муаллифони матлаби “Гастарбайтерҳои ҷиҳод”, таҳдид исломгароӣ ба Қазоқистонро назар ба ҳамаи кишварҳои дигари Осиёи Марказӣ камтар баровард мекунанд: “Албатта, агар Туркманистонро аз ёд набарорем, ки ҷазои ҳар навъ таблиғи чунин равияҳо дар онҷо ҳатто нисбат ба Узбакистон шадидтар аст.”

Назари коршинос

Бино ба ҳисобҳо, ба сурати умум, аз кишварҳои Осиёи Марказӣ беш аз 1000 нафар дар Сурияву Ироқ дар суфуфи ҷангиёни “Давлати исломӣ” ва дигар гурӯҳҳои исломгаро меҷанганд. Бар илова, садҳо нафари дигар аз ин минтақа, ба гуфтаи мақомот, дар Афғонистону сарзаминҳои қабиланишини Покистон дар сафи танзимҳои “ҷиҳодӣ”-и гурӯҳҳое, чун Ҳаракати исломии Узбакистон, ҷамъ шудаанд ва низ орзуи бозгашт ба саҳнаи Осиёи Марказиро дар сар доранд.

Ҷангиёни тоҷик дар Сурия
Ҷангиёни тоҷик дар Сурия

Ба гуфтаи як ходими амниятӣ дар Тоҷикистон, ки ба шарти набурдани номаш бо Озодӣ сӯҳбат кард, афзоиши мавридҳои боздошти ҷангиён аз Осиёи Марказӣ дар вилоятҳои бо ин минтақа ҳаммарзи шимоли Афғонистон, низ далелест, ки ба қасди ҷангиёни исломӣ барои густариши нуфузашон ба ин сӯи Омӯ ишора мекунад. Хатари дигари афзоянда, ба назари ӯ, ҷангиёни тоҷикест, ки дар Сурияву Ироқ таҷриба мегиранд ва низ як умр дар он ғурбати 4000 километр дур аз Ватан монданӣ нестанд.

Аммо, мегӯяд ин мусоҳиби мо, ин ба худи мақомоти амниятии Тоҷикистон бастагӣ дорад, ки дар муборизаҳои худ рӯи мубориза бо ин таҳдиди наву ҷиддитаре, ки аз тарафи Афғонистон ва аз Ироқу аз Сурия меояд, тамаркуз хоҳанд кард, ё ҳамчунон машғули таъқибу ифшои наворҳои алоқаҳои маҳрамонаи муллоҳои маҳаллӣ ва аъзои ҳизби наҳзат хоҳанд шуд!?

XS
SM
MD
LG