Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳ.Файзуллоев -- шахсияти баргузидаи моҳ


Ҳотам Файзуллоев мегӯяд, беҳтарин чизе, ки дар Амрико мушоҳида кардааст, таҳмил нашудани андешаҳои динӣ дар байни ҷомеа аст ва мехоҳад дар Тоҷикистон низ чунин бошад.

Ахиран, Ҳотам Файзуллоев, як ҷавони тоҷик аз ҷониби Вазорати корҳои хориҷии Амрико сазовори ҷоизаи «Шахсияти баргузидаи моҳ» дар моҳи август гардид. Дар сӯҳбат аз Ҳотам Файзуллоев нахуст аз он пурсидем, ки ин чӣ гуна ҷоиза аст ва барои кадом корҳо ба ӯ тақдим шудааст?

Ҳотам Файзуллоев: Ин ҷоиза аз ҷониби Вазорати корҳои хориҷии Амрико ҳамасола ҳар моҳ интихоб мегардад ва нафароне, ки дар самти рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ корҳои арзанда анҷом додаанд, барандаи ҷоиза мешаванд. Ба ман барои фаъолиятҳое, ки дар давоми ду сол, баъди сафар ба кишвари Амрико дар соли 2011 доштам, тақдим шуд. Баъди ин сафар ман 17 мақолаи илмию оммавӣ як китоб бо унвони «Амрико ва ҷомеаи шаҳрвандӣ» ба нашр расондам. Ба хотири он, ки сиёсати ҷомеаи шаҳрвандӣ, ки дар дохили Амрико ҳаст, дар кишварҳои дигар низ мавриди омӯзиш қарор гирад. Чаро ман дар ин мавзӯъ навиштам? Бубинед, имрӯз дар Амрико дин аз давлат ҷудо аст. Дин ба роҳи худаш аст. Ҳар нафар бо дини худ меояд ва озодона фаъолият мекунад. Вале як нуктаи муҳим он аст, ки касе динашро ба дигаре таҳмил намекунад. Вале дар кишвари мо ва дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ як нафар ба дигаре динашро таҳмил мекунад.

Озодӣ: Сафари Шумо ба Амрико чӣ гуна сурат гирифт ва киҳо буданд ҳамсафарони шумо?

Ҳотам Файзуллоев: Сафари мо ба Амрико дар доираи барномаи «Меҳмонони сарвар» буд. Ин барнома беш аз 70 сол аст фаъолият дорад. Ва нафароне, ки дар дунё дар симмати раҳбарӣ фаъолият доранд, ба он даъват мешаванд. Мо аз Тоҷикистон чор нафар будем, се нафари дигар намояндагони дин ва ман намояндаи ҷавонон. Барнома дар самти ҷомеаи шаҳрвандӣ, дин ва ҷавонон тарҳрезӣ шудааст. Мо дар давоми сафар аз панҷ иёлати Амрико, аз ҷумла Вашингтон-Ди Си, Калифорния, Техас, Кентукки ва Чикаго дидан намудем. Дар давоми 21 рӯзе, ки дар Амрико будем, бештар аз фаъолияти ҷомеаи шаҳрвандӣ, муносибати мусулмонон бо дигар динҳо барои мо барнома таҳия карда буданд. Ман дидам, ки дар ин кишвари абарқудрат мусулмонони зиёд фаъолият доранд ва масҷидҳои хеле зиёд ва тақрибан беш аз 1200 масҷиди ҷомеъ ҳаст. Мусулмонон бисёр фаъолияти хуб доранд, ҳатто то ситора расидаанд.

Озодӣ: Шумо пеш аз сафар ба масоили диниву мазҳабӣ чандон таваҷҷуҳ надоштед?

Ҳотам Файзуллоев: Таваҷҷуҳ доштам. Пештар чун дар донишгоҳ кор мекардам, фаъолияти динҳоро меомӯхтам, мутолиа мекардам. Ба ҷомеаи шаҳрвандӣ таваҷҷӯҳ доштам ва ҳамин таваҷҷӯҳ буд, ки ин сафар насиби ман шуд. Аммо дар ин мавзӯъҳо наменавиштам, танҳо меомӯхтам. Мо чор нафар аз ин барнома баҳравар шудем ва бояд он чизе, ки дидем ва дар кӯлбори худ овардем, ба дигарон низ расонем.

Озодӣ: Дар Амрико чӣ чиз дар заминаи масоили динӣ барои шумо ҷолиб буд?

Ҳотам Файзуллоев: Мо дар Чикаго ба Маркази бунёи иршоди исломӣ рафтем, ки дар як бинои хурдакак ҷойгир буд. Масъулон гуфтанд, ки маркази аслии мо дар дохили як калисо аст. Аз ин ҷо то он ҷо хеле роҳ аст ва мо хостем шуморо дар маркази шаҳр қабул кунем. Мо дар ҳайрат афтодем ва гуфтем, ки чӣ гуна як масҷиди исломӣ дар дохили ибодатгоҳи католикӣ мешавад? Онҳо гуфтанд, ки раҳбари Маркази бунёди иршоди исломӣ бо пешвои католикҳои Чикаго дӯстӣ доштанд. Аз сабаби он, ки нав ин ҷоро ташкил карданд ва ҷои муносибе надоранд, он дӯсташон гуфтааст, ки марҳамат, то он замоне, ки шумо ҷой меёбед, фаъолияти худро дар ин ҷо ба роҳ монед. Боз онҳо гуфтанд, ки дар дохили ин калисо панҷ вақт барои мусулмонон азон шунавонида мешавад. Бубинед, чӣ қадар дӯстиву муҳаббат аст байни онҳо. Гурӯҳи мусулмонони яҳудӣ ҳаст, ки дар канори ҳам маҳфилҳои аҷиб баргузор мекунанд. Ман фикр кардам, ки барои чӣ мо ҳам ҳамин корро анҷом надиҳем? Чун дин барои хушбахтии инсонҳо офарида шудааст. Вале имрӯз дар Ховари Миёна, дар баъзе кишварҳои исломӣ мебинем, ки ин чиз боиси бадбахтии инсонҳо шудааст. Байни мазҳабҳо ҷангу ҷанҷол аст, ҳар рӯз мусулмонон мусулмононро нобуд месозад. Ё ҳамдигарро метарконанд. Ин боиси бадном гардидани дини ислом дар рӯи дунё мегардад. Мо бояд инро пешгирӣ кунем.

Озодӣ: Шумо фикр мекунед, дину мазҳаб боиси ихтилофу моҷаро мешавад?

Ҳотам Файзуллоев: Сабабгори таркишҳо ва ба ҳалокат расидани кӯдакону бегуноҳон ихтилофи байни мазҳабҳост. Масалан, дар Ироқ байни шиаву суннӣ дар як рӯз 8-10 таркиш мешавад. Соли гузашта дар Либия сафири Амрико аз ҷониби террористон кушта шуд. Ман дар ин бора як мақола ҳам навиштам. Мо бо парчами як кишварро сӯзонидан, намояндаи як миллатро куштан ба ҳеҷ ҷо намерасем. Бояд ба миллатҳои ҳам эҳтиром ва таҳаммулпазирӣ дошта бошем.

Озодӣ: Назари шумо ба вазъи динӣ дар Тоҷикистон чӣ гуна аст?

Ҳотам Файзуллоев: Имрӯз, дар Тоҷикистон вазъи динӣ дар як ҷараёни муътадил қарор дорад. Албатта гурӯҳҳое ҳастанд, ки мехоҳанд Тоҷикистонро бо мазҳабҳои ғайр ё намояндагони динҳои дигар омехта кунанд. Ин албатта, ба зарари миллати мо аст. Дар қонуни мо омада, ки тамоми динҳо ва равияю мазҳабҳо озоданд. Мутаассифона, баъзе гурӯҳҳое, ки мераванду дар мактабҳои пинҳонӣ меомӯзанд, меоянду мехоҳанд фикри худашонро таҳмил кунанд. Ин ғайри қобили қабул аст. Ҳарчанд дин як чизи таҳмилӣ аст. Фарзанди шумо барои он мусулмон ё масеҳӣ мешавад, ки бобою падараш ин динро доштанд. Аз онҳо гузаштааст. Мо хоҳем, нахоҳем, ин чизи ихтиёрӣ нест. Аммо таҳмил танҳо дар доираи хонавода аст. Вақте дар ҷомеа таҳмил мекунем, ақидаю назарҳои гуногун пайдо мешавад, бархӯрд ва оқибат низоъ ба вуҷуд меояд. Аз ин хотир, таҳмили андешаро дар кишварҳои демократӣ гуноҳ медонанд. Мо ҳам бояд нагузорем, ки як кас андешаашро ба каси дигар таҳмил кунад. Дидем, нафаронеро, ки таҳмил карданд, ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

Озодӣ: Майли ҷавонони тоҷикро ба дин чӣ гуна арзёбӣ мекунед?

Ҳотам Файзуллоев: Ҷавонони мо як майли муайян надоранд. Бархе аз онҳо аз рӯи ҳавою ҳавас ба дин майл мекунанд, ҳар кас аз рӯи фаҳмиши худ. Таҳаммулпазирӣ камтар дида мешавад. Он чанд чизе, ки бобоямон ёд гирифтем, ҳамонро медонем. Дар шинохти динҳои дигар заифем. Бояд донем, ки ҳамаи динҳо ба як самт равона мешаванд: хушбахтии инсон ва шинохти Ҳақ. Аммо домуллоҳое ҳастанд, ки мегӯянд ғайридин ё намояндаи дини дигар кофир аст. Ба ҷавонон фаҳмонем, ки намояндаи дини дигарро таҳқир накунанд.

Озодӣ: Шумо дар бораи озодиҳои динӣ дар Амрико гуфтед. Бархе мегӯянд озодиҳои динии онҳо дар Тоҷикистон зери фишор қарор мегирад. Назари шумо дар ин мавзӯъ чист?

Ҳотам Файзуллоев: Вақте мегӯянд озодии дини мо зери фишор қарор дорад, ин сабаб дорад. Онҳо аз аввал худашон нодуруст фаъолият мекунанд. Барои чӣ имрӯз қонун на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар дигар кишварҳо низ онҳоро манъ мекунад. Ба хотири онҳо мехоҳанд ақидашонро ба дигарон таҳмил кунанд. Дар қонуни мо фаъолияти динӣ озод аст, аммо таҳмил кардани он хуб нест. Мо дидем, бисёр гурӯҳҳоро ба хотири он ки дар байни мардум таблиғ мекарданд, боздошт карданд. Дар мавриди манъи намоз хондани ҷавонони то 18-сола ман аз таҷрибаи худ мегӯям. Вақте дар 10-12-солагӣ ба масҷид мерафтем, мо намедонистем ба куҷо омадем. Дар масҷид то тамом шудани намоз мо фақат хандаю шӯхӣ мекардем. Ба хотири бозию масхара мерафтем. Пешниҳоди ҳукумат дар мавриди ҷилавгирӣ аз беҳуда ба масҷид рафтани ҷавонон дуруст ва саривақтӣ аст. Бисёриҳо ҳамин нуктаро мегӯянд, ки моро масҷид рафтан намемонанд. Лекин ягон нафар намегӯяд, ки чаро қонун дар бораи масъулияти падару модарро иҷро намекунад. Имрӯз худамон шоҳид ҳастем, ки бачаҳо то нимишаб дар кӯчаҳо мегарданду суханони қабеҳ мегӯянд, вале масҷид рафтан барои онҳо ифтихор аст. Аз бачаҳо китоби бадеӣ суол мекунӣ, намедонад, вай дигар куҷо масҷид меравад? Дар ҳоле ки саводи кофӣ надорад…

Муаррифнома

Ҳотам Файзуллоев 17 майи соли 1978 дар шаҳри Ваҳдат ба дунё омадааст. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистонро бо ихтисоси магистри фанҳои филологӣ ва соли 2011 Донишкадаи такмили ихтисоси хидматчиёни давлатии Тоҷикистонро бо ихтисоси магистри идоракунии давлатӣ хатм намудааст. Аз соли 1998 то 2002 дар кумитаи телевизион ва радио фаъолият намудааст. Солҳои 2005-2007 муовини аввали раиси Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон буд. Аз соли 2007 сармутахассиси шуъбаи муносибатҳои байналмилалии Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон аст.
XS
SM
MD
LG