Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ислом мухолифи Наврӯз нест


Наврӯз ончунон реша дар фарҳанги халқи мо дорад, ки Ислом натавонистааст онро бартараф кунад.

Аммо ин ҷо на танҳо бузургии Наврӯз нақш бозид, балки ҳамчунин таҳаммулпазирии Ислом низ. Ин на танҳо муносибати Ислом ба Наврӯз буд, балки муносибати дини мубин ба одобу сунани миллӣ низ. Ҳамчуноне ки донишманди маъруфи тоҷик Кароматулло Олимов менависад: «Наврӯз на танҳо ихтилофе бо ислом надорад, балки бо фарҳанги исломӣ якҷоя тафаккури миллиро ғанӣ намуда, ҳамчун синтези фарҳанги тоисломӣ ва исломӣ, ҳамчун ҷузъи муҳими рӯҳи боландаи миллати мо буруз менамояд».[1]

Ҳамчуноне ки аз манобеъ ва сарчашмаҳои исломӣ маълум мегардад, ҳадафи нузули ислом ин дур сохтани ҳар миллату халқият аз арзишҳои волои миллӣ нест, балки дар бисёр мавридҳо бар он аст, ки арзишҳои муҳиму суннатҳои миллиро нигоҳ дорад. Таъкид кардан ба маврид аст, ки дар таълимоти дини ислом диққат танҳо барои беҳзистии халифаи Худованд—Одам (а) нигаронида шудааст ва мубориза алайҳи ҳама гуна гаравишҳои ботилае, ки ба фитрати одамӣ таъсири манфӣ меорад, эълон намудааст.

Масалан, Расули Худо (с) дар ин маврид фармудаанд: “Касе ки одат ва суннати некеро поягузорӣ кунад ва бад-он амал шавад, подоши амали худаш ва низ ба андозаи подоши дигар амалкунандагон (ба он суннат) ба вай дода мешавад, бидуни он ки аз подоши амалкунандагон кам шавад. Ва касе ки суннати бадеро поя гузорад ва бад-он амал шавад, гуноҳи амали худаш ва дигарон бар ӯҳдаи ӯст, бидуни он ки аз гуноҳи дигарон коста шавад”.[2]

Абурайҳони Берунӣ дар «Осор-ул-боқия» чунин гуяд, ки: «Сулаймон пайғамбар (а) писари Довуд пайғамбар (а) чун ангуштаринашро гум кард, подшоҳияшро аз даст дод. Пас аз чиҳил рӯз ангуштаринашро пайдо кард ва подшоҳияш ба ӯ бозгашт ва шавкаташро бозёфт ва парандагон ба фармони ӯ шуданд. Эрониён гуфтанд: «наврӯз омад» яъне рӯзи нав омад», з-он пас он рӯз Наврӯз номида шуд»[3]

Берунӣ дар ҷойи дигари «Осор-ул-боқия» менависад: “Овардаанд, ки дар Наврӯз, ҷоме пур аз ҳалво барои Пайғамбар (с) ҳадия оварданд. Он ҳазрат пурсид: “Ин чист?” Гуфтанд: “Имрӯз рӯзи Наврӯз аст”. Пурсид: “Наврӯз чист?” Гуфтанд: “Иди бузурги эрониён аст”. Фармуд: “Оре, дар ин рӯз буд, ки Худованд Аскараро зинда кард”. Пурсиданд: “Аскара чист?” Фармуд: “Аскара, ҳазорон мардуме буданд, ки аз тарси марг, тарки диёр карда, сар ба биёбон ниҳоданд ва Худованд ба онон фармуд: Бимиред. Пас мурданд. Пас ононро зинда кард ва абрҳоро амр фармуд, ки бар онон биборанд. Аз ин рӯст, ки суннати об пошидан (дар Наврӯз) ривоҷ ёфта аст”. Он гоҳ аз ҳалво тановул кард ва фармуд: “Кош ҳар рӯз барои мо Наврӯз буд”.[4]

Ҳазрати Алӣ (к) дар китоби «Наҳҷ-ул-балоға» доир ба маънии боло чунин хитоб намудааст: “Ойини писандидаеро барҳам марез, ки бузургони ин уммат бад-он рафтор намудаанд ва ба василаи он мардум ба ҳам пайвастаанд ва халқ бо якдигар созиш кардаанд. Ва ойине магузор, ки чизе аз суннатҳои неки гузаштаро зиён расонад, ки дар он сурат подош азони ниҳандаи суннат бошад ва гуноҳи шикастани он бар ту монад”.[5]

Дуруст аст, ки ислом аз рӯзҳои аввали зуҳураш ба бисёр идҳо ва равияҳое даврони ҷоҳилия зиддият намуда ва ҳатто монеъ гардидааст. Локин доири Наврӯз на дар Қурон ва на дар аҳодиси набавӣ ба ҷуз аз чанд ҳадиси мухталифия ҳамчун ид монеияти ҷиддӣ дида намешавад. Аз Бузургони дин баҳри густариши ин ид ақоиди манфиатноке пешниҳод гардидааст. Ва ин амалҳо шоҳиди он аст, ки ойини ислом одоту русумеро, ки хайру салоҳе доранд, мепазирад.

Имом Бухорӣ дар «Ат-таърихул-кабир» аз Ҳаммод ибни Салама аз Алӣ ибни Зайд аз Сиъри Тамимӣ чунин ривоят мекунад: “Барои Алӣ (р) фолуда (тӯҳфа) оварданд. Алӣ (р) пурсид: ин чист? Гуфтанд: имрӯз Наврӯз аст. Алӣ (р) фармуд: ҳар рӯзро Наврӯз кунед”.[6] Фирӯзободӣ дар «Ал-қомус» овардааст: “Миқдоре ҳалво барои Алӣ (р) оварданд. Пурсид, ки ин чист? Гуфтанд, ки барои Наврӯз аст”.[7]

Ба эътиқоди бархе коршиносони табдили гоҳшумор, дар ҷаласаи машваратии ҳазрати Умар ибни Хаттоб (р) барои тақвим, Ҳурмузони тозамусалмон ширкат дошт ва тақвими шамсиро, ки бо Наврӯз шурӯъ мешавад, барои ҳозирон шарҳ кард ва халифа он тақвимро барои умури девонӣ ва хароҷ пазируфт.[8] Хулафои умавӣ ва аббосӣ, ҳадияҳои Наврӯзро мепазируфтанд, ҳатто дастур медодаанд то барояшон ирсол гардад.[9]

Ҳадисе аз Имом Ҷаъфари Содиқ нақл шудааст, ки: «Рӯзи Наврӯз ҳамон рӯзест, ки Худованд дар он (рӯз) аз бандагонаш паймон гирифт, ки ӯро парастиш кунанд ва ҳеҷ чизро шарики ӯ надонанд. Ва ин ки ба Паямбарон ва авлиёаш имон биёваранд. Ва он нахустин рӯзе аст, ки хуршед дар он тулӯъ карда ва бодҳои бордоркунанда дар он вазидааст ва гулҳо ва шукуфаҳои замин офарида шудааст…»[10]

Ва ин нукта ҳам лозим ба ёдоварист, ки дар адабиёти беш аз ҳазорсолаи тоҷику форс Наврӯз суруда ва ҳатто васф карда шудааст. Ин шоирону вассофон пайравони дини ислом буданд. Дар мавриди ривоятҳо ва ақоиди дар фавқ зикр гардида байни донишмандони ислом фикрҳо мухталифанд. Наврӯз, чуноне ки медонем, умри бағоят тӯлонӣ дорад. Ва дар ин муддат ба ин ҷашни миллии мо одамони табақоти гуногун тавонистанд анъанаҳои номатлуб дохил намоянд ва бо вуҷуди чанд далели хилоф Наврӯзро наметавон куфр эълон кард. Дуруст он аст, ки чун ин ҷашн аз аҷдодонам ба мо мерос монда ва хосияти ба ҳам омадану сарҷамъию муттаҳидиро дорад, дар шароити кунунӣ пазируфтани он на ҳамчун тафаккури динӣ, балки ба унвони мероси фарҳагии миллӣ ба мақсад мувофиқ аст. Ва нашояд, ки ҷиҳати сиёсӣ ё мазҳабии онро дар ҷойи аввал гузошт. Асли матлаб бояд хештаншиносӣ ва ҳамоҳангӣ бо табиате бошад, ки Худованд офаридааст.

Дар бобби Наврӯз ва русуми наврӯзӣ китобҳои зиёд навишта шудаанд, вале барои касе, ки дари дили худро ба пешвози ин иди хуҷастафол кушодааст, ҳамин ишора кофист. Охири ин мақолаи кутоҳро бо як «Рубоии рабеия»-и шоири соҳибзавқ ва ормонӣ Муҳаммадсиддиқи Ҳайрат ба анҷом мерасонем, ки дар оғози Наврӯз эҷод намудааст:

Эй толеам аз талъати рӯят фирӯз!
Ҳар рӯзи ман аз баҳори васлат наврӯз!
Бо ёди ту овони ман—овони шабоб,
Бе рӯи ту айёми ман—айёми аҷуз!
[11]

Ҳотам Асозода,
директори генералии
Муҷтамаи ҷумҳуриявии
осорхонаҳои Кӯлоб


[1] К. Олимов. Наврўз чӣ гуна ба феҳристи ЮНЕСКО дохил шуд. Рӯзномаи Ҷумҳурият. № 37-38, 19-03-2011.
[2] Ибни Моҷа, ҷузъи 1, сафҳаи 74.
[3] Абурайҳони Берунӣ. Осор-ул-боқия.
[4] Ал-осорул-боқия, с 230
[5] (Наҳҷ-ул-балоға., с 431).
[6] Ат-таърихул-кабир, Бухорӣ, ҷ 1, с 414
[7] Ал-қомус, Фирӯзободӣ, ҷ 2, с 279
[8] Ризо Абудуллоҳӣ, Гоҳшумории ҳиҷрии қамарӣ ва мелодӣ с. 25 ва 26.
[9] Таърихи Яъқубӣ, ҷ 2, с 306 ва 313.
[10] Доктор Муҳаммад Ризоӣ. Фазоили Наврӯзӣ. 1389 ш.қ
[11] С. Айнӣ. Куллиёт, ҷ 7, с. 522
XS
SM
MD
LG