Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хатти барқ ҳазорон сангпушти "хонабардӯш"-ро муҳоҷир кард ВИДЕО


Сангпуштҳо аз ҷонварони беозоре ҳастанд, ки ба онҳо хатари нобудӣ таҳдид мекунад.
Сангпуштҳо аз ҷонварони беозоре ҳастанд, ки ба онҳо хатари нобудӣ таҳдид мекунад.

Дар яке аз деҳаи ноҳияи Кушониён дар Хатлон имрӯзҳо гуруҳе аз ҷавонон сангпушт ҷамъ мекунанд. Вале на барои фурӯш ба коргарони чинӣ, балки барои эмин нигаҳ доштани ин ҷонварон аз таъсири манфии як тарҳи азими энержӣ дар минтақа.

Дар он солҳо ҷавонони тоҷик сангпуштҳоро ба коргарони чинӣ мефурӯхтанд, ки истеъмоли гӯшти сангпушт дар байнашон роиҷ аст.

​Далел: CASA-1000

Мурод Шарифов аз деҳаи Умарқазоқӣ яке аз онҳост ва бар асоси шартнома бо Раёсати ҳифзи муҳити зисти Хатлон барои наҷоти сангпуштҳо аз теппаҳои деҳаи Авлиё ҷалб шудааст.

Муроду ҳамроҳонаш хазандаҳои беозорро, ки дар Китоби сурх шомиланд, аз маҳалле ҷамъ мекунанд, ки қарор аст, онҷо як зеристгоҳи бузурги барқӣ бунёд шавад ва хатҳои баландшиддати барқ гузарад.

Мурод Шарифов, ки рӯзи 10-уми апрел дар даст халтаи пур аз сангпушт бо Радиои Озодӣ суҳбат мекард, гуфт, "ба мо гуфтанд, сангпуштҳоро аз маҳалли сохтмони зеристгоҳи САSA-1000 ба ҷои дигар кӯч диҳем. Агар сангпуштҳоро наҷот надиҳем, зери чархи мошинҳои боркаш мемонанд."

Видеоро дар инҷо бинед:

Даҳҳо ҳазор сангпуштро аз Кушониён ба куҷо бурданд?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:26 0:00

"Ҷонваронро панҷ километр дуртар мебарем"

Дар Хатлон, ки нисбат ба дигар гӯшаҳои Тоҷикистон гарм аст, сангпуштҳо аз зери хок берун омадаанд ва онҳоро дар ҳар талу теппа ва дар ҳар қадам мебинед. Муҳимтар аз ҳама, мавсими ҷуфт шудани сангпуштҳо расидааст ва мутахассисон мегӯянд, онҳоро бояд ҳарчӣ зудтар ба маҳалли зисти нав интиқол дод, чун мумкин аст, замони ҷуфт шудан ва тухмгузориашон гузарад.

Назрулло Назруллоев, раҳбари гурӯҳи ин ҷавонон аст, ки то ҳол ҳазорон сангпуштро ба ҷойи амн интиқол додаанд. Ӯ мегӯяд, "бачаҳо ҳамарӯза сангпуштҳоро ҷамъ меоранд ва ба мошин бор карда, панҷ километр дуртар мебарем ва сар медиҳем."

Идораи ҳифзи табиати вилояти Хатлон барои кам кардани таъсири манфии сохтмони САSA-1000 ба олами ҳайвоноти маҳалли сохтмон озмун эълон кардааст ва ширкати "Сомон Қаратоғ" дар он ғолиб омадааст.

Беш аз 28 ҳазор сангпуштро кӯч додаанд

Назрулло Назруллоев, намояндаи ширкат мегӯяд, онҳо дар баробари интиқоли сангпуштҳо 100 сусмор ва 200 мори зардро низ ба ҷойи дигар кӯч додаанд, то онҳоро аз нобудӣ эмин доранд.

Дар ҳудуди Хатлон ба сохтмони ду зеристгоҳи СASA-1000 оғоз кардаанд. Якеаш дар ноҳияи Вахш ва дигаре дар ноҳияи Кушониён (Бохтари собиқ) аст.

Раҷабалӣ Бояков, муҳандиси Шабакаҳои барқи ҷанубӣ ба Радиои Озодӣ гуфт, ин хатти барқ аз ноҳияи Панҷ мегузарад ва аз тариқи Афғонистони ҳамсоя то Покистон меравад. Барои зеристгоҳи бузург дар Кушониён 43 гектар замин ҷудо кардаанд.

Интиқоли сангпуштҳо ба теппаҳои дигар 12 рӯз боз идома дорад ва ба гуфтаи Зайниддин Одинаев, намояндаи идораи ҳифзи табиати вилояти Хатлон ба Радиои Озодӣ то кунун 28 ҳазору 300 сангпуштро ба ҷойҳои бехатар кӯчондаанд.

Мавсими ҷуфт шудан ва тухмгузории сангпуштҳо расидааст.
Мавсими ҷуфт шудан ва тухмгузории сангпуштҳо расидааст.

Дар арёзбии тарҳи CASA-1000 омадааст, ҳангоми сохтмон ва кашидани хатҳои баландшиддати барқ, мумкин аст, олами набототу ҳайвонот дар ин минтақаҳои Тоҷикистон “андаке осеб бинад”. Сангпуштҳо аз ҷумлаи ҷонваронеанд, ки дар маҳалли сохтмон сукунат доранд.

Намояндагони созмонҳои ғайриҳукуматии ҳифзи табиат дар Тоҷикистон мегӯянд, интиқоли сангпуштҳо ба дигар ҷой кофӣ нест ва бояд мақомот ҳангоми сохтмон назоратро сахт кунанд, то олами ҳайвонот зарари зиёд набинад.

Онҳо солҳои аввали иҷрои тарҳҳои бузурги Чин дар Тоҷикистон, аз ҷумла бунёди роҳҳоро ёдрас мекунанд. Дар он солҳо ҷавонони тоҷик сангпуштҳоро ба коргарони чинӣ мефурӯхтанд, ки истеъмоли гӯшти сангпушт дар байнашон роиҷ аст. Баъд аз ин соли 2015 мақомот ин ҷонварро ба Китоби сурх шомил карданд, то аз маҳви комили он ҷилавгирӣ шавад.

Мақомоти Идораи ҳифзи табиати вилояти Хатлон гуфтанд, ки "ҳанӯз ҳам муносибати бераҳмона бо ин ҷонварон мушоҳида мешавад". Дар Хатлон се навъи он сукунат дорад ва аз 25 то 30 сол умр мебинанд.

Сангпуштҳо дар доманакӯҳҳои Хатлон, мисли ноҳияҳои Панҷу Данғара, Фархору Вахш ва Сарбанду Кушониён бештар ҳастанд ва фасли баҳору тобистон берун меоянд ва зимистонро зери хок сипарӣ мекунанд.

XS
SM
MD
LG