Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ABB ва Cobra як бахши муҳими “CASA-1000”-ро месозанд


Расми ифтитоҳи сохтмони хатти нерӯи барқи "CASA-1000"
Расми ифтитоҳи сохтмони хатти нерӯи барқи "CASA-1000"

Ширкати шведӣ-шветсяриягии “ABB” ва ширкати испаниягии “Cobra” барандаи сохтмони як бахши муҳими тарҳи “CASA-1000” шудаанд. Ин ду ширкат дар масофаи 800 километр дар ҳудуди Қирғизистон, Тоҷикистон ва Покистон барои тақсими муассир ва муназзами нерӯи барқ зеристгоҳ месозанд.

Ширкати “ABB” охири моҳи сентябр бо нашри як хабари расмӣ дар сомонааш гуфтааст, ин тарҳе, ки онро Бонки Ҷаҳонӣ маблағгузорӣ мекунад, 330 миллион доллар арзиш дорад.

Сохтмони тарҳи “CASA-1000” бинобар ноамнии Афғонистон борҳо сохтмонаш ба таъхир афтодааст, аммо дар хабари ширкати “ABB” дар бораи сохтмони зеристгоҳҳои барқӣ дар ин кишвар ҳарфе нест. Ин ширакат гуфтааст, танҳо дар ҳудуди Қирғизистон, Тоҷикистон ва Покистон зеристгоҳи барқӣ месозад.

Ширкати “ABB” гуфтааст, ин тарҳ талаботи афзояндаи Покистонро ба нерӯи барқ бароварда месозад ва айни замон ба Қирғизистону Тоҷикистон имкон медиҳад, ки барқи изофии худро фурушанд.

Тарҳи “CASA-1000”-ро Амрикову Британия, Бонки Ҷаҳонӣ, Бонки сармоягузории Аврупо ва Бонки Исломии Рушд сармоягузорӣ мекунанд. Тарҳи “CASA-1000” 1 222 километрро ташкил медиҳад ва қарор аст, аз тариқи хатҳои он солона 1 300 мегават нерӯи барқ аз Тоҷикистону Қирғизистон ба Афғонистону Покистон интиқол ёбад. Қаблан, тасмим ин буд, ки 300 мегавати он дар Афғонистон мемонад ва 1000 мегавати дигар ба Покистон меравад. Ҳоло ширкати масъули сохтмони зеристгоҳҳо номе аз Афғонистон набурдааст.

Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, дар сурати ба кор даромадани нерӯгоҳи барқи обии Роғун ин кишвар ба интиқоли бештари нерӯи барқ ба хориҷ қодир хоҳад буд. Қарор аст, чархаи аввали нирӯгоҳи барқи обии Роғунро 16-уми ноябри имсол, дар рӯзи президент, ба кор дароранд.

Расми ифтитоҳи сохтмони хатти нерӯи барқи CASA-1000 рӯзи 12-уми майи соли 2016 дар Тоҷикистон бо иштироки намояндагони расмии Афғонистону Покистон ва Тоҷикистону Қирғизистон баргузор шуда буд. Барои иҷрои ин тарҳ 1,7 миллиард доллар пешбинӣ шудааст.

XS
SM
MD
LG