Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Душанбе мизбони ҳамоиши "Чоргонаи “CASA-1000"


Нахуствазири Покистон дар ҷараёни дидори дурӯзааш аз Тоҷикистон, бо мақомоти ин кишвар масоили тавсеаи равобити дуҷониба, рушди ҳамкориҳои иқтисодӣ, тиҷоратӣ, энержӣ, сармоягузорӣ ва амнияти минтақавиро баррасӣ хоҳад кард. Ҳамчунин, мақомоти Покистон, Афғонистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе дар атрофи иҷрои тарҳи энергетикии “CASA-1000” баҳсу мунозира хоҳанд кард.

Дидори расмии нахуствазири Покистон аз Тоҷикистон

Бино ба иттилои дафтари матбуоти вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон, фардо, 5-уми июн Навоз Шариф, нахуствазири Покистон бо як дидори расмӣ вориди Душанбе хоҳад шуд. Дар назар аст, Навоз Шариф зимни дидор бо Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон, дар канори густариши ҳамкориҳои дуҷониба миёни ин ду кишвар, масоили амнияти минтақавӣ ва муборизаи муштарак алайҳи терроризму ифротгароӣ баррасӣ намояд.

Сартоҷ Азиз, мушовири нахуствазири Покистон рӯзи 1-уми июл ба Радиои Покистон гуфтааст, дар ҳамоиши Душанбе бо ширкати мақомоти баландпояи Покистон, Афғонистон ва Тоҷикистон ҳамоҳангсозии машваратҳои Покистону Афғонистон дар заминаи механизми сулҳу субот дар минтақа, матраҳ мешавад.

Ба гуфтаи вай, пас аз мулоқоти Навоз Шариф, нахуствазири Покистон ва Ашраф Ғанӣ, раиси ҷумҳури Афғонистон дар ҳошияи нишасти сарони кишварҳои узви Созмони Ҳамкориҳои Шанхй дар шаҳри Остона дар моҳи гузашта, равобит миёни ин ду кишвар беҳбуд ёфтааст. Сартоҷ Азиз гуфтааст, интизор меравад, рӯзи 6-уми июл дар шаҳри Душанбе нишасти сарони кишварҳои Покистон, Афғонистон ва Тоҷикистон анҷом шавад.

Дар поёни ин нишаст Эъломияи муштарак таҳти унвони “Роҳ ба самти шарикии стратегӣ барои ҳамраъйии минтақавӣ”, имзо хоҳад шуд.

Мулоқоти “Чоргонаи “CASA-1000”

Ҳамчунин, Тоҷикистон мизбони ҳамоиши мақомоти баладпояи кишварҳои “Чоргонаи “CASA-1000”, Покистон, Афғонистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон хоҳад шуд. Тибқи хабари вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон, рӯзи 6 июл ба манзури ширкат дар ин ҳамоиш Муҳаммад Ашраф Ғанӣ, раиси ҷумҳури Афғонистон ва Сооронбой Жэнбеков, нахуствазири Қирғизистон ба Тоҷикистон хоҳанд омад. Дар ин нишаст мавзӯъи интиқоли нерӯи барқ аз Тоҷикистону Узбакистон ба Афғонистону Покистон низ матраҳ хоҳад шуд.

Дар ҳамин ҳол, аз дафтари матбуоти вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон хабар доданд, ки бинобар баргузории “чорабиниҳои лоиҳаи “CASA-1000” аз соати 6 то 18-и рӯзи 6 июн ҳаракат аз маҳаллаи “Варзоб ГЭС” то Такфони ноҳияи Айнӣ, воқеъ дар масири Душанбе-Хуҷанд маҳдуд хоҳад шуд. ВКД аз ронандагон ва шаҳрвандон даъват кардааст, ки дар ин рӯз аз сафар дар ин масир худдорӣ кунанд.

XS
SM
MD
LG