Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон моли Русия ва се дӯсти онро аз боҷи гумрукӣ озод кард


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Тоҷикистон воридоти молу маҳсулотро аз чаҳор кишвари пасошӯравӣ – Русия, Беларус, Қазоқистон ва Қирғизистон – аз пардохти боҷи гумрукӣ озод кардааст.

Дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон рӯзи 7-уми декабр ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки дар ин бора қарори ҳукумат таҳти рақами 399 содир шудааст.

  • Дар банди 3-юми матни ин қарор, ки дастраси Радиои Озодӣ шуд, гуфта мешавад: “Ҳангоми воридоти молҳои истеҳсоли кишварҳое, ки ба онҳо созишномаи дуҷонибаи савдои озод ба имзо расонида шудааст... низоми савдои озод муқаррар ва меъёри сифрии боҷи гумрукӣ татбиқ карда шавад”.

Шаҳрӣ Шарипова, брокери гумрукӣ ва корманди ширкати “Истам-2015”, рӯзи 7-уми декабр дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, Тоҷикистон бо чаҳор кишвари дигари пасошӯравӣ – Русия, Беларус, Қазоқистон ва Қирғизистон – созишномаи савдои озод дорад.

Ӯ гуфт, “мувофиқи ин қарор молҳое, ки дар ҳамин кишварҳо истеҳсол шудаанд, ҳангоми воридот ба Тоҷикистон аз пардохти боҷи гумрукӣ озод ҳастанд. Аммо воридкунадагони мол аз ин кишварҳо аз андоз аз арзиши иловашуда озод нестанд ва онро пардохт мекунанд”.

Шарипова, ки ба соҳибкорон дар иҷрои расмиёти гумрукӣ кумак мерасонад, гуфт, бо озод шудани моли ин кишварҳо аз боҷи гумрукӣ мумкин аст, арзиши моли онҳо дар Тоҷикистон то 5 дарсад арзон шавад.

Тоҷикистон гандуму бензинро умдатан аз Русияву Қазоқистон мехарад.
Тоҷикистон гандуму бензинро умдатан аз Русияву Қазоқистон мехарад.

Чаҳор кишваре, ки Тоҷикистон молу маҳсулоти онҳоро аз пардохти боҷи гумрукӣ озод кардааст, узви Иттиҳоди Иқтисодии АвруОсиёи зери назари Русия ҳастанд. Аз замони таъсиси ин созмон дар соли 2013 Маскав Душанберо пайваста барои шомил шудан ба ин созмон ташвиқ мекунад.

Як муқаррароти ин иттиҳод гардиши озоди молу маҳсулот бидуни расмиёти гумрукӣ дар қаламрави кишварҳои узв аст. Мақомоти Тоҷикистон расман қарори навро шарҳ надодаанд.

Тасмими Тоҷикистон қадаме ба самти узвият дар иттиҳод аст?

Сотим Умаров, иқтисоддони тоҷик гуфт, ин тасмим барои ворид шудан ба Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё нест, чунки Душанбе соле қабл возеҳу рӯшан ба Маскав паём дод, ки дар фурсатҳои наздик нияти ворид шудан ба ин созмонро надорад. Ба андешаи иқтисодшинос, тасмими ҳукумати Тоҷикистон дигар нашудааст.

Тоҷикистон бо назардошти оне, ки аз ин кишварҳо молу маҳсулоти хӯрокворӣ ва ниёзи аввалия ворид мешавад, онҳоро аз пардохти боҷи гумрукӣ озод кард.

Ӯ гуфт, “ба андешаи ман, Тоҷикистон бо назардошти оне, ки аз ин кишварҳо молу маҳсулоти хӯрокворӣ ва ниёзи аввалия ворид мешавад, онҳоро аз пардохти боҷи гумрукӣ озод кард. Масалан, бахши муҳими орду гандум ва гази моеи Тоҷикистон аз Қазоқистон, шакар аз Беларус ва маҳсулоти нафтӣ аз Русия ворид мешаванд. Ҳамаи ин маҳсулоти ҳаётан муҳиманд. Бо назардошти аз ҷиҳати иҷтимоӣ муҳим будани ин маҳсулот, фикр мекунам Тоҷикистон онҳоро аз пардохти боҷи гумрукӣ озод кардааст”.

Шарикони аслии тиҷоратии Тоҷикистон

Аксар кишварҳое, ки Тоҷикистон молҳои онҳоро аз пардохти боҷи гумрукӣ озод кардааст, аз шарикони муҳими тоҷоратии ин кишвар мебошанд. Русия ва Қазоқистон аз шарикони сафи аввал мебошанд.

Мувофиқи маълумоти Оҷонси омори Тоҷикистон, Русия бо 903 миллион доллар содироти солона шарики рақами яки тиҷоратии Тоҷикистон аст.

Ҳарчанд молу маҳсулоти Чин аз пардохти боҷи гумрукӣ ва НДС озод нест, бинобар арзон ва рақобатпазир будани молҳояш, дар Тоҷикистон харидори зиёд дорад ва 20 дарсади савдои хориҷи Тоҷикистон ба ин кишвар рост меояд.

Қазоқистон бо 18 дарсад севвумин шарики тиҷоратии Тоҷикистон ба шумор меравад.

XS
SM
MD
LG