Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, баъд чанд соли коҳиши паёпай, имсол ҳаҷми пули фиристодаи муҳоҷирон -- манбаи аслии даромади ҳазорҳо хонавода 18 дарсад зиёд шуда, ба 1 миллиарду 700 миллион доллар расид.
Дар чор соли ахир бори аввал аст, ки раванди интиқоли маблағҳои муҳоҷирон ба Тоҷикистон тамоюли зиёдшавӣ дорад. Мақомоти тоҷик мегӯянд, афзоиши маблағҳои интиқолии муҳоҷирон ба зиёд шудани теъдоди муҳоҷирони тоҷик ва беҳтар шудани вазъи иқтисодии Русия рабт мегирад. Масъалаи муҳоҷирон барои Тоҷикистон, ки иқтисодаш аз маблағи онҳо вобастагии зиёд дорад хеле муҳим аст.
"Вазъ беҳтар нашудааст, танҳо мо арзонтар кор мекунем"
Акобир Аминов, як сокини вилояти Суғди Тоҷикистон имсол бо маблағи бештар - 250 ҳазор рубл аз Новосибирски Русия ба ватан баргашт. Аминов мегӯяд, ба фарқ аз солҳои қабл, имсол 100 ҳазор рубл пештар фоида ба даст овард. Ин муҳоҷири 30-солаи тоҷик мегӯяд, вазъ барои муҳоҷирон дар Русия зиёд беҳбуд наёфтааст, танҳо ҷалби муҳоҷирон ба корҳои сиёҳ ҳаҷми дастмузди онҳоро бештар кардааст.
Рукуди сахти иқтисодӣ ва кам шудани ҷойи кор дар Русия соли гузашта садҳо ҳазор муҳоҷири тоҷикро маҷбур кард, ки ба ватан баргарданд.
Акобир Аминов мегӯяд, ҳамтоёни қирғиз ва қазоқи ӯ, ки бо сабаби узви Иттиҳоди гумрукӣ будани кишварҳояшон аз ҳуқуқҳои зиёдтар бархӯрдор ҳастанд, барои иҷрои корҳои вазнин аз кордиҳандаи рус маблағи зиёдтар талаб мекунанд. Аз ин рӯ, кордиҳанда бештар ба нерӯи арзони коргарони тоҷик ва узбак тарҷеҳ медиҳад.
Бо ин ҳама Аминов мегӯяд, онҳо танҳо як бахши маблағҳои худро аз тариқи бонкҳо ба хонаводаҳояшон ирсол мекунанд. Бахши аслиашро онҳо ҷамъ мекунанд ва бо худ ба ватан мебиранд, зеро агар ин маблағҳо аз тариқи бонк фиристода шаванд, бонкҳои Тоҷикистон ин пулҳоро ба сомонӣ баргардон мекунанд ва бинобар поён будани қурби сомонӣ, онҳо як миқдор пули бо заҳмати зиёд дастраскардаи худро гум мекунанд.
"Мақомот: ин натиҷаи авфи муҳоҷирон аст"
Дар бораи афзоиши маблағи муҳоҷирони кории тоҷик дар соли равон Шариф Раҳимзода, раиси Кумитаи молия ва иқтисоди Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон рӯзи 2-юми ноябр хабар дод. Вакили порлумон гуфт, маблағи интиқолдодаи муҳоҷирони тоҷик дар 9 моҳи соли равон нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 18 дарсад бештаршуд ва ба 1 миллиарду 700 миллион доллар расид.
Ҷаноби Раҳимзода афзоиши ҳаҷми интиқолҳои пулии муҳоҷирони кории тоҷикро ба рушди иқтисоди Русия вобаста кард, ки соли ҷорӣ каме аз рукуд берун шуд ва рушди он 1,7 дарсадро ташкил дод. Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, дар баробари каме беҳбуд ёфтани иқтисоди Русия ва дубора боз шудани роҳи 100 ҳазор муҳоҷири тоҷик ба Русия интиқоли пулҳоро афзоиш дод.
"То охири сол маблағи муҳоҷирон аз 2 миллиард зиёд мешавад"
Иброҳим Аҳмадов, намояндаи Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон дар Русия мегӯяд, ин 100 ҳазор нафар қонушинканиҳои ҷиддӣ надоштанд ва барои нақзи тартиботи хурду реза аз ин кишвар хориҷ шуданд.
Таҳлилгарон бо мушоҳидаи вазъи иқтисоди Русия мегӯяд, раванди афзоиши маблағҳои муҳоҷирони тоҷик метавонад идома ёбад. Раҳмон Улмасов, коршиноси масоили муҳоҷират мегӯяд, ба пешбинии онҳо, то охири соли равон маблағи муҳоҷирон то 25 дарсад зиёд шуда, марзи 2 миллиард долларро убур мекунад.
Баъди ишғоли нимҷазираи Қрим аз тарафи Русия дар соли 2014 ва эъмоли таҳримот ба зидди Маскав, иқтисоди Русия ба рукуд дучор омад. Ширкатҳо ба ихтисори муҳоҷирони корӣ шурӯъ карданд ва талабот ба кори онҳо ба ҳадди чашмгир кам шуд.
Рукуди сахти иқтисодӣ ва кам шудани ҷойи кор дар Русия соли гузашта садҳо ҳазор муҳоҷири тоҷикро маҷбур кард, ки ба ватан баргарданд. То ин таҳаввулот теъдоди муҳоҷирони кории тоҷик дар Русия беш аз миллион нафар гуфта мешуд. Соли 2014 тақрибан 4 дарсади муҳоҷирон ба Тоҷикистон баргаштанд ва 862 ҳазор онҷо монда ва бо вуҷуди пули кам корро идома додаанд.
Муҳоҷирони тоҷик, то соли 2014 ба хонаҳоваҳои худ ҳар се моҳ тақрибан 1 миллиард ва солона 4 миллиард доллар мефиристоданд, якбора аз манбаи даромад маҳрум шуданд. Камбуди пули муҳоҷирон ба сифати зиндагии хонаҳодаҳо дар кишвар таъсири амиқ гузошт ва нарху наво дар бозорҳоро башиддат боло бурд. Соли 2016 ба Тоҷикистон аз хориҷ бештар аз 1 миллиарду 400 миллион доллар фиристоданд, ки дар муқоиса ба соли 2015 14. 6 дар сад кам буд.
Тоҷикистон яке аз он кишварҳое ба ҳисоб меравад, ки иқтисодаш пойбанди пулҳои интиқолии муҳоҷирон аст. Ин далел агар аз як тараф сатҳи зиндагиро дар кишвар боло нигаҳ дорад, аз сӯи дигар кишварро дар ростои омилҳои берунӣ, мисли рукуди иқтисоди Русия, заъфпазир мекунад.