Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муҳокимаи раиси "Ба пеш" барои пинҳонкорӣ


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Додгоҳи Хуҷанд муҳокимаи раҳбари як ширкати воридкунандаи мошинро шурӯъ кард, ки ба саркашӣ аз 3.5 миллион сомонӣ молиёт ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ муттаҳам мешавад.

Баррасии парвандаи Набиҷон Иброҳимов, раиси ширкати “Ба пеш” рӯзи 3 май дар толори додгоҳи Хуҷанд оғоз шуд.

Муфаттишони додситонии Хуҷанд мегӯянд, ки ширкати Набиҷон Иброҳим тақрибан 2.5 сол, аз 1- уми сентябри 2015 то охири соли 2017 ба маблағи наздики 185 миллион сомонӣ мошин ва қисмҳои эҳтиётӣ ба Тоҷикистон ворид кардааст, вале тақрибан севуним миллион сомонӣ, баробар ба 40 ҳазор доллари амрикоиро пинҳон дошта ба буҷаи давлат насупурдааст. Вале Набиҷон Иброҳимов дар оғози мурофиа гуфт, ки худро қисман гунаҳкор медонад ва бархе аз иттиҳомотро қабул надорад.

Акмал Савриддинзода, додраси додгоҳи шаҳри Хуҷанд ва раиси мурофиа гуфт, ширкати “Ба пеш” баъди боздошт ва боз шудани парванда алайҳи раисаш 2 миллиону 144 ҳазор сомонӣ андози пинҳондоштаро ба хазинаи давлат пардохтааст.

Мошинфурӯшӣ солҳои ахир дар Тоҷикистон коҳиш ёфт.
Мошинфурӯшӣ солҳои ахир дар Тоҷикистон коҳиш ёфт.

Галина Юлдошева, сармуҳосиби ширкати “Ба пеш” гуфт, ширкаташ тавони пардохти беш аз 1 миллион сомонии дигарро надорад.

“Ҳозир кори мо мурдагӣ” – гуфт вай дар толори додгоҳ ва афзуд, агар қазия то додгоҳ намекашид ва ба фаъолияти ширкаташ латма намезада, онҳо маблағро қисм – қисм аз даромади ширкат пардохт мекарданд.

Хонум Юлдошева дар мурофиаи парвандаи раиси ширкаташ ба ҳайси шоҳид иштирок дорад.

Набиҷон Иброҳимов, раиси ширкати “Ба пеш” дар ноҳияи Ғафуров 65-сола буда, ихтисосаш “муаллим” аст. Ӯ дар озодӣ аст ва то замони хатми мурофиа ва судури ҳукми додгоҳ ҳаққи бурун рафтан аз ҷойи иқоматро надорад.

Иттиҳомоте, ки ба Набиҷон Раҳимов, эълон шудааст, ҷаримаҳои бузург ва ё то 8 соли зиндонро пешбинӣ мекунад.

Бар пояи маълумоти раёсати гумруки Суғд, дар соли гузашта ба шимоли Тоҷикистон ба маблағи 63 миллион доллар воситаҳои нақлиёт ворид шудааст. Қисмати умдаи автомобилу мошинҳои воридотӣ сохти Олмон ва Кореяи ҷанубӣ аст, ки мустақиман ё тавассути кишварҳои дигар ворид карда шудаанд.

Ҳамзамон мавориди пинҳон доштани андоз ва саркашиӣ аз пардохти он низ вуҷуд доштааст. Биноба иттилои додситонии Суғд, дар соли гузаштаи 2017 мақомоти ин ниҳод беш аз 16 миллион сомонӣ бақияи қарзи андозҳо ва андозҳои пинҳонкардаро ба буҷа рӯёнидааст.

XS
SM
MD
LG