Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳотамхони 22-сола аз чанги қочоқбарони афғон раҳо шуд


Ҷавони тоҷике, ки моҳе пеш аз деҳаи Овиёи ноҳияи Шӯрообод рабуда шуда буд, бидуни пардохти гаравпулӣ аз асорати қочоқчиёни афғон раҳо шуд.

Ҳотамхон Назриеви 22 сола дар ҳоле аз асорати қочоқчиёни афғон раҳо шуд, ки онҳо барои раҳоии ин ҷавон аз падараш 30 ҳазор долари амрикоӣ талаб карда буданд.

Давлаталӣ Назриев, падари ин ҷавон ба Радиои Озодӣ гуфт, писараш феълан сиҳату саломат ҳаст ва дар шаҳри Кӯлоб қарор дорад. Ба гуфтаи ӯ ҳоло, писараш аз ҷониби муфаттишоне, ки нисбати рабуданаш парванда боз карда буданд, мавриди пурсиш қарор дорад ва дар зудтарин фурсат ба хона хоҳад баргашт.

-Маълум шуд, ки писари ман ҳеҷ гуноҳе надоштааст ва бо қочоқбарон ҳам сару коре надоштааст. Гуфтанд, ки ӯро мепурсем ва ҷавобаш медиҳем,-гуфт, падари ин ҷавон.

Ду ҳафта пеш барои раҳоии ин ҷавони тоҷик мақомоти тоҷику афғон як амалёти густардаеро ба роҳ монданд, ки дар пайи он 8 қочоқбар дар Тоҷикистон ва 2 қочоқбари дигар бо гумони даст доштан дар рабудани ин ҷавони тоҷик боздошт карданд. Афғонҳои боздоштшуда ба мақомот маълумот доданд, ки ин ҷавон дар минтақаи Янгиқалъа қарор дорад. Пас аз ин зимни як амалёт дар Афғонистон ӯ раҳо ва ба ҷониби Тоҷикистон интиқол дода шуд.

Моҳе пеш ин ҷавони тоҷик шабона аз манзили зисташ рабуда шуд ва падараш гуфта буд, ки афроди писарашро рабуда бо эҳтимоли зиёд қочоқбарони афғон ҳастанд.

Деҳаи Овиёи ҷамоати Саричашма 5 километр дуртар аз рӯдхонаи Панҷ, ки Афғонистону Тоҷикистонро мепайвандад, ҷойгир шудааст.

Моҳи октябри соли гузашта низ қочоқбарон сокини деҳаи Зардолуваки ноҳияи Шӯрообод Мирмад Баротовро ба гарав бурда, барои раҳоияш 20 ҳазор долари амрикоӣ талаб карданд, аммо мақомоти интизомии Тоҷикистон бо баргузории як амалёт ӯро бидуни пардохти гаравпулӣ раҳо намуданд.

XS
SM
MD
LG