Пири Бурҳон, раҳбари як гурӯҳи қочоқбари афғон барои раҳоии гаравгони тоҷик аз волидайни ӯ 30 ҳазор доллари амрикоӣ талаб кардааст. Мақомоти Тоҷикистон Пири Бурҳон, зодаи Шаҳрибузурги вилояти Бадахшони Афғонистонро раҳбари як гурӯҳи хурди қочоқбари афғон медонанд.
Сокинони ҷамоати Саричашмаи Шӯрообод бар инанд, ки Ҳотамхон Назриев, сокини 23-солаи деҳаи Овиёи ин ҷамоатро афроди Пири Бурҳон рабудаанд. Ин ҷавон ҳафтаи гузашта аз ҷониби ду силоҳбадасти ношинос, ки афғон будаанд, боздошт ва ба самти номаълум бурда шудааст.
Давлаталӣ Назриев, падари ин ҷавон рӯзи 25 июл дар тамос ба Радиои Озодӣ гуфт, шабона ин ду силоҳбадаст ворид шуда, писарашро бо худ бурданд ва ба суоли онҳо, ки чаро чунин мекунед, ҷавоб додаанд, ки чунин фармоне гирифтаанд. Падари ин ҷавон мегӯяд, дар қиболи ин ду силоҳбадаст барои раҳоии писараш коре карда натавонистааст, аммо пас аз ҳафтае бо ӯ тамоси телефонӣ гирифта, гуфтаанд, ба ивази раҳоии писараш маблағ мехоҳанд.
«Шояд онҳо зиёдтар буданд, вале ман ду нафарашро дидам, ки омада писарамро бурданд. Пас аз чанд рӯз тамос гирифтанд ва гуфтанд, ки 30 ҳазор доллари амрикоӣ биоред ва баъдан раҳояш мекунем. Мегӯянд, ки барои мо пул даркор аст. Гуфтем, ки ин миқдор пул надорем ва гуфтанд, ки агар зуд биоред, бар ивази 15 ҳазор доллар раҳояш мекунем. Агар наоред, дигар фарзандатонро нахоҳед дид, зеро мо ӯро мефурӯшем,» - мегӯяд падари Ҳотамхон.
Мақомоти интизомии ноҳияи Шӯрообод ҳам рабуда шудани ин ҷавон аз ҷониби гурӯҳи Пири Бурҳонро тасдиқ карданд. Ба гуфтаи онҳо, Пири Бурҳон солҳост, ба интиқоли қочоқи маводи мухаддир аз Афғонистон ба Тоҷикистон машғул аст ва ӯро мақомоти интизомии ҳарду кишвар дар содир кардани ҷиноятҳо гумонбар дониста, ҷустуҷӯ мекунанд. Ӯ ҳоло гурӯҳеро раҳбарӣ мекунад, эҳтимолан тариқи минтақаи Баҳораки ноҳияи Шӯрообод ва мавзеи Пистаи Санги ноҳияи Ҳамадонӣ маводи мухаддир интиқол медиҳанд. Гурӯҳи Пири Бурҳон, ба ақидаи мақомот ,аз 10 то 30 нафари мусаллаҳ иборат аст.
Дар ҳамин ҳол, Расул, як сокини Шаҳрибузурги Афғонистон, ки аз Пири Бурҳон шиносоӣ доштааст, мегӯяд, ки ӯ тақрибан 2 сол боз, пас аз он ки як ҳаммаҳаллашро ба қатл расонид, дигар дар мазҳари ом дида намешавад. Ба гуфтаи ин сокини Шаҳрибузург, Пири Бурҳон ҳудуди 60 сол дорад.
Ҳоло мақомоти интизомӣ ба раҳо кардани ин ҷавони тоҷик талош доранд. Мурод Холов, вакили деҳаи Овиё, мегӯяд, аз лаҳзаи рабуда шудани ин ҷавон онҳо ба мақомот хабар доданд ва ҳоло намояндагони ниҳодҳои интизомии Шӯрообод ба раҳоии ин ҷавон талош мекунанд. Ӯ гуфт: «Мо умед дорем, ки сиҳату саломат ин ҷавон озод мешавад. Ҳоло ҳама пайи ҷустуҷӯи ӯ ҳаст.»
Қаблан гуфта мешуд, ки сокинони Шӯрообод бинобар ҳамкорӣ бо қочоқбарон ва қарздор шудан аз ҳисоби маводи мухаддир рабуда мешаванд. Аммо Давлаталӣ Назриев мегӯяд, ҳама медонанд, ки ӯ ҳеҷ робитае бо қочоқбарон надошт ва зиндагии фақирона ба сар мебурд. Ин мард мегӯяд, гурӯҳи мусаллаҳ танҳо роҳзанӣ кардааст ва ин ҷо ҳарфи қарздорӣ аз фурӯши маводи мухаддир нест: «Ҳозир чанд гурӯҳ пайдо шудааст. Ҳоло давраи роҳзанӣ шудааст. Касе ба онҳо гӯяд, ки фалонӣ пул дорад, инҳо ба хонааш меоянд. Касе ба онҳо дурӯғ гуфтааст, ки ман пулдорам. Дар ҳоле ки дар рӯйхати камбизоатон қарор дорам ва рӯзиамро ба зӯр пайдо мекунам.»
Деҳаи Овиёи ҷамоати Саричашма 5 километр дуртар аз рӯдхонаи Панҷ, ки Афғонистону Тоҷикистонро мепайвандад, ҷойгир шудааст.
Моҳи октябри соли гузашта низ қочоқбарон сокини деҳаи Зардолуваки ноҳияи Шӯрообод Мирмад Баротовро ба гарав бурда, барои раҳоияш 20 ҳазор долари амрикоӣ талаб карданд, аммо мақомоти интизомии Тоҷикистон бо баргузории як амалёт ӯро бидуни пардохти гаравпулӣ раҳо намуданд.