Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Роҳхат ба "Зумрад" барои куштани қочоқбарони афғон


Tajikistan -- Tajik border guards patrolling the Tajik-Afghan border on the Panj River banks outside the city of Panj, Aug2010
Tajikistan -- Tajik border guards patrolling the Tajik-Afghan border on the Panj River banks outside the city of Panj, Aug2010

Ба се сокини ноҳияи марзии Шӯрообод, ки 4 моҳ пеш се қочоқчии афғонро куштанд, ба осоишгоҳи "Зумрад" роҳхат додаанд.

Кушта шудани се қочоқбари афғон аз ҷониби сокинони маҳаллиро раиси ҳукумати ноҳияи Шӯрообод як қаҳрамонӣ донист.

Шоми 23-уми марти соли равон ин се қочоқбар чаҳор сокини маҳаллиро аз мавзеъи Дӯлобаи Шӯрообод ба гарав гирифтанд, аммо сокинон ба онҳо муқовимат нишон доданд, ки дар натиҷа ҳар се қочоқбар ва як сокини маҳаллӣ бо номи Пирназар Исматов ҳалок шуданд.


Вазъ дар марзи Шӯрообод
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:21 0:00
Линки мустақим


Амирхон Икромов, раиси ноҳияи Шӯрообод гуфт, қочоқбарони кушташуда хеле хатарнок буданд ва тайи панҷ соли ахир таҳти таъқиби мақомоти Афғонистону Тоҷикистон қарор доштанд. Онҳо дар даҳҳо амалёти гаравгонгирӣ, дуздии чорпоёни сокинони маҳаллӣ ва куштори афсари нерӯҳои марзбонӣ Рамзиёр Рамзибеков даст доштаанд.

Ҷаноби Икромов бо нишони қадршиносӣ аз рафтори се сокини ноҳия гуфт: «Ин кори сокинон ягон ҷои нодурустӣ надорад. Хубашон карданд, ки онҳоро куштанд. Ҳамин гапро дар ҳамаи ҷо бигӯед. Ҳеҷ кас ҳақ надорад, ки пои номуборакашро дар марзи мо ғайриқонунӣ гузорад. Ҳеҷ вақт мо аз чунин омадани онҳо розӣ нестем. Ҳеҷ вақт! Марҳамат, виза бигиранд ва ба хотири корҳои нек расман биоянд, мо қабул мекунем. Мо ин масъаларо то Кобул дар сатҳи расмӣ бардоштаем ва бояд аз ду тараф марзшиканӣ пешгирӣ шавад.»

Аз ин ҳодиса чаҳор моҳ гузашт ва бори аввал аст, ки раиси Шӯрообод аз кушта шудани марзшиканони афғон бо дасти сокинони оддӣ истиқбол мекунад. Раиси ноҳия гуфт, ба хонаводаи як сокине, ки ҳангоми задухӯрд кушта шудааст, кӯмаки молӣ мекунанд, вале ба се сокини дигар барои истироҳат дар истироҳатгоҳи «Зумрад» роҳхат додаанд.

Гулмад Муродов, нафаре, ки дар он даргирӣ ширкат доштааст, гуфт, воқеан, ҳангоми задухӯрди тан ба тан бо афғонҳои силоҳбадаст чанд ҷои баданаш осеб дида буд ва таи 15 рӯз тибқи роҳхат дар осоишгоҳи «Зумрад» истироҳат кардааст. Ӯ гуфт, пас аз кушта шудани се қочоқбар дигар касе дар мавзеъҳои атроф гаштугузори ғайриқонунии шаҳрвандони Афғонистонро мушоҳида накардааст: «Ҳозир шукри Худо тинҷу оромӣ ҳаст. Дар назди деҳа пост ташкил карданд. Ман ягон мушкил надорам, фақат аз ҳукумати ноҳия хоҳиш дорам, ки дар ягон деҳаи дигар бароям барои бунёди манзил замин диҳанд, зеро аз қасос гирифтани қочоқбарон кам-кам хавф дорам.»

Ин ҳодиса, ба гуфти раиси ноҳия, бори дигар собит кард, ки сокинони оддӣ метавонанд, бо марзшиканони афғон худ мубориза баранд. Амирхон Икромов, раиси ноҳияи Шӯрообод мегӯяд, бо дарназардошти ин, 55 ҷанговари башардӯстро рӯйхат кардаанд ва ба ҳукумати марказӣ мусаллаҳ кардани онҳоро пешниҳод доранд.


Амирхон Икромов
Амирхон Икромов
Амирхон Икромов афзуд: «Дар шакли шартномавӣ ё қарордодӣ сокинон омодаанд, марзро муҳофизат кунанд. Ин ҷо қонунҳо амал мекунанд. Мо бачаҳои тайёр дорем, барои ин кор. 55 ҷанговари интернатсионалист дорем. Инҳо таҷрибадоранд ва аз ӯҳдаи ҳифзи марз баромада метавонанд. Лекин ростӣ, солтосол вазъи сарҳад дар Шӯрообод хуб шудааст. Дуздии молу чорпо аз ҷониби шаҳрвандони Афғонистон имсол ба қайд гирифта нашудааст ва гаравгонгирӣ низ нест. Интиқоли маводи мухаддир низ кам шудааст.»

Тибқи иттилоъи расмӣ, дар 6 моҳи соли ҷорӣ мақомоти интизомӣ дар ҳудуди Шӯрообод беш аз 700 килограм маводи мухаддир кашфу мусодира кардаанд.

Бинобар роҳ набудани роҳи хуби нақлётгард ва мавҷудияти кӯҳу ҷангали касногузар ҳифзи марзи Шӯроободро мушкил кардааст. Марзшиканони афғон, ки аксаран ба қочоқӣ маводи мухаддир машғуланд солҳост, чорпои сокинонро ғорат мекунанд ва ҳамеша ба амнияти онҳо таҳдид мекунанд. Аммо ҳоло барои коҳиш ёфтани марзшиканӣ ҳукумати ноҳия роҳ месозад ва чаҳор кони тиллоро, ки аксаран аз онҳо ғайриқонунӣ шаҳрвандони Афғонистон истифода мекарданд, ба ихтиёри мутахассисони Чину Тоҷикистон додааст.

Сокинон мегӯянд, пас аз кушта шудани се кочоқчӣ аз ҷониби сокинон ва амалиётҳои пай дар пайи мақомоти интизомӣ ҳоло дигар шаҳрвандони Афғонистон, ки солҳо ҳузурашон мушоҳида мешуд, дар мавзеҳои наздисарҳадӣ дигар дида намешаванд. Аммо эҳтимоли дубора пайдо шуданашон низ вуҷуд дорад. Ин ҳам дар ҳолест, ки раиси ҳукумати Шӯрообод мехоҳад, зидди онҳо сокинони маҳаллиро мусаллаҳ кунад. Сокиноне, ки аллакай дар куштани қочоқбарон таҷрибаи аввалин ҳосил кардаанд.
XS
SM
MD
LG