Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Давронҷон дар Петербург барои таблиғи ДОИШ дастгир шуд


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Як шаҳрванди Тоҷикистон дар шаҳри Петербурги Русия бо иттиҳоми узвият дар созмони “Давлати исломӣ” боздошт шуд. Давронҷон Давлатов дар Тоҷикистон низ парванда доштааст.

Шаҳрванди Тоҷикистон Давронҷон Давлатов дар шаҳри Санкт-Петербурги Русия бо иттиҳоми узвият дар созмони мамнӯи “Давлати исломӣ” (ДОИШ) дастгир шудааст. Давлатов дар Тоҷикистон низ ба узвият дар созмони мамнӯъ айбдор мешавад ва мақомоти Русия ҳамзамон бо парвандаи фаъолиятҳои ифротгарии ӯ дар қаламрави ин кишвар имкони истирдодаш ба Душанберо баррасӣ мекунанд.

Екатерина Беспалова, сухангӯи додситонии шаҳри Санкт-Петербург рӯзи 24 март дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки Давронҷон Давлатов рӯзи 14 март дар ҳудуди ноҳияи Киров дар ҷараёни тафтиши афроди таҳти ҷустуҷӯ ба даст афтодааст: “Мақомоти Тоҷикистон Давронҷон Давлатовро бар асои қисми дуюми моддаи 307-уми Кодекси ҷиноии он кишвар (узвият дар созмони ифротӣ) таҳти пайгард қарор додаанд. Аммо баъди боздошташ маълум шуд, ки Давлатов дар қаламрави Русия низ ба фаъолиятҳои ифротгарияш идома додааст.”

Ба гуфтаи Екатерина Беспалова, ин шаҳрванди Тоҷикистон дар Петербург аз тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ ба сафи созмони тундрави “Давлати исломӣ”, ки фаъолияташ дар Русия манъ шудааст, пайвастааст ва дар саҳифааш дар Интернет аксҳои ифротгароёна нашр мекард ва амалан ба таблиғи ин созмони мамгӯъ машғул буд.

Рӯзи 15 март додгоҳи ноҳияи Киров ҳукми ҳабси Давронҷон Давлатовро барои ду моҳ содир кард. Аммо сухангӯи додситонии шаҳри Санкт-Петербург Екатерина Беспалова мегӯяд, ки “агар аз ҷониби Тоҷикистон ҷиҳати истирдоди Давлатов дархости расмӣ бирасад, мақомоти додситонии Санкт-Петербург ин дархостро баррасӣ хоҳанд кард.”

Моддаи 282-юми Кодекси ҷиноятии Русия ҳамчун ҷазо барои узвият дар созмони мамнӯъ то 200 ҳазор рубл ҷарима ваё то 2 сол маҳрумият аз озодиро муқаррар кардааст. Қисми дуюми моддаи 307-уми Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон барои узвият дар иттиҳоди экстремистӣ ҳамчун ҷазо то 3 соли зиндон ва дар сурати такрори он ваё бо истифода аз мақоми хиддматӣ анҷом шуданаш аз 3 то 5 соли зиндонро пешбинӣ мекунад. Вале дар эзоҳ ба ин банди Кодекси ҷиноятии ҳам Русия ва ҳам Тоҷикистон гуфта мешавад, ки “шахсе, ки ихтиёран аз иштирок дар иттиҳоди экстремистӣ даст мекашад, аз ҷавобгарии иноятӣ озод карда мешавад, агар дар кирдори ў таркиби ҷинояти дигар мавҷуд набошад.”

Пешмаргаҳои курд алайҳи "Давлати исломӣ" меҷанганд
Пешмаргаҳои курд алайҳи "Давлати исломӣ" меҷанганд

“Давлати исломӣ” як гурӯҳи тундрави мазҳабист, ки дар соли 2014 қисматҳое аз қаламравҳои Сурия ва Ироқро ишғол ва дар сарзаминҳои таҳти тасарруфаш эълони ба ном “хилофат” кардааст. Ҷангҷӯёни ин созмон бо бархӯрди бераҳмонаи худ нисбат ба асирон ва дигарандешон, аз ҷумла бо зинда ба зинда сӯзондану гӯрондани асирон ном баровардаанд. Ин созмон, ки бино ба ҳисобҳо, то 20 000 ҷангҷӯи хориҷӣ аз кишварҳои мухталифро низ зери парчами сиёҳаш дар Сурияву Ироқ ҷамъ овардааст, дар ҳоли ҳозир яке аз хатарноктарин гурӯҳҳои террористии ҷаҳон дониста мешавад.

“Давлати исломӣ” масъулияти як силсила ҳамлаҳои террористӣ дар гӯшаҳои гуногуни дунё, аз ҷумла масъулияти ҳамлаҳои моҳи ноябри Порисро, ки 130 кушта ба ҷо гузошт, ва ҳамлаҳои рӯзи 22 март дар фурудгоҳ ва метрои Брюсселро, ки мунҷар ба ҳалокати беш аз 30 нафар шуд, бар дӯш гирифтааст. Кишварҳои Ғарб ва ҷаҳони Араб ба раҳбарии Амрико эътилоферо ташкил додаанд, ки аз моҳи августи соли 2014 ба ин сӯ мавқеъҳои “Давлати исломӣ”-ро дар Сурия бомбборон мекунад.

Давронҷон Давлатов нахустин шаҳрванди тоҷик нест, ки дар Русия бо иттиҳоми ҳамкорӣ бо “Давлати исломӣ” дастгир мешавад. Моҳи феврал дар шаҳри Екатеринбург 7 нафар, аз ҷумла 5 шаҳрванди Тоҷикистону Қирғизистон замоне дастгир шуданд, ки ба гуфтаи мақомоти амниятии Русия, бо амри “Давлати исломӣ” ба анҷоми ҳамлаҳои террористӣ дар шаҳрҳои Маскаву Санкт-Петербург ва вилояти Свердловск тайёрӣ медиданд.

Додгоҳи низомии минтақаи Қафқози шимолии Русия дар моҳи октябри соли 2015 шаҳрванди тоҷик Хуршед Миҳтоҷевро ба 7 соли зиндон маҳкум кард. Додгоҳ гуфт, Миҳтоҷеви 26-сола аз тариқи мукотиба дили духтаронро ба даст оварда, бо ваъдаи издивоҷ онҳоро барои пайвастан ба сафи гурӯҳи тундрави “Давлати исломӣ” дар Сурия ҷалб мекард.

Дар ибтидои соли 2015 мақомоти амниятии Русия аз боздошти як шаҳрванди Тоҷикистон дар шаҳри Маскав хабар доданд ва гуфтанд, ки ин нафар сомонаи марбут ба ҷангҷӯёни “Давлати исломӣ” аз кишварҳои Шӯравии собиқро мечархонд.

Ҳамин тавр, дар бораи боздошту ҷарима ва ҳатто маҳкум шудани чанд ҷавони дигари тоҷик дар Русия бо ҷурми дар саҳифаҳояшон дар шабакаҳои иҷтимоӣ бознашр кардани наворҳову аксҳои марбут ба “Давлати исломӣ” гузориш шудааст.

Яке аз ҷангиёни тоҷики "Давлати исломӣ"
Яке аз ҷангиёни тоҷики "Давлати исломӣ"

Мақомоти Тоҷикистон пайваста аз афзоиши шумори шаҳрвандони тоҷик дар сафи гурӯҳҳои тундраве, чун “Давлати исломӣ” изҳори нигаронӣ мекунанд. Ба ҳисоби мақомоти Душанбе, беш аз 1000 шаҳрванди Тоҷикистон ба Сурияву Ироқ рафта, ба гурӯҳҳои тундрав ва асосан ба “Давлати исломӣ” пайвастаанд. То имрӯз дар бораи ҳалокати ҳудуди 150 шаҳрванди тоҷик дар ҷангҳои Сурияву Ироқ гузориш шудааст.

Дар Тоҷикистон бар ин назаранд, ки аксари ҷангҷӯёни тоҷикистонӣ маҳз ҳангоми муҳоҷирати кориашон дар Русия ба ҷанги Сурияву Ироқ ҷалб мешаванд.

Мақомоти Тоҷикистон барои пешгирӣ аз идомаи рафтани шаҳрвандонаш ба ҷангҳои Сурияву Ироқ ва кишварҳои дигар дар Кодекси ҷиноӣ банди нави 406-умро илова карданд, ки барои зархаридӣ ва ширкат дар ҷангҳои бегона то 12 соли зиндон ҷазо таъин кардааст. Ҳамзамон ба он ҷангҷӯёне, ки ихтиёран бармегарданд, пешниҳоди афв шудааст. Мақомоти Душанбе мегӯянд, дар соли 2015 беш аз 50 шаҳрванди Тоҷикистон бо истифода аз ин афв ба Тоҷикистон ба назди хонаводаҳои худ баргаштаанд.

XS
SM
MD
LG