Мақомоти тафтишотии шаҳри Самараи Русия алайҳи шаҳрванди Тоҷикистон Хурсанд Қирғизбекович Амонбеков, санаи таваллудаш 8 ноябри соли 1992, бар асоси қисми дуюми моддаи 207-уми Кодекси ҷиноии Русия (ахбори бардурӯғ дар бораи амали террористӣ, ки боиси зарари зиёд ваё паёмадҳои дигари сангин шудааст) айбнома эълон шудааст. Ин банди Кодекси ҷиноии Русия барои аъмоле ки боиси зарар ба маблағи беш аз 1 миллион рубл шудааст, ҳамчун ҷазо то 1 миллион рубл ҷарима ваё то 5 соли зиндонро пешбинӣ мекунад.
Хурсанд Амонбеков ба он айбдор мешавад, ки рӯзи 28 декабри соли 2015 аз телефони худаш бо шумораи 112 занг зада, аз номи созмони тундрави “Давлати исломӣ” ҳамаро ба Соли нав табрик кардаааст ва гуфтааст, ки дар фурӯшгоҳи “Космопорт”-и шаҳри Самара бомб гузоштаанд ва он баъди ним соат метаркад.
Ин занги телефонӣ дар бораи таҳдиди ҳамлаи террористӣ боиси аз бинои “Космопорт” – яке аз бузургтарин фурӯшгоҳҳои Самара кӯчондани қариб 3 000 нафар шуд. Ҷустуҷӯи баъдии мақомот ягон асаре аз маводи тарканда пайдо накард ва маълум шуд, ки таҳдиди ҳамлаи террористӣ аз номи “Давлати исломӣ” бардурӯғ будааст.
Мақомоти тафтишотӣ мегӯянд, “ҳисобу китоби озмоишгоҳи ташхисҳои додгоҳии Самара (ФБУ "Самарская лаборатория судебных экспертиз"), як идораи марбут ба вазорати адлияи Русия маблағи зарари расида ба 21 иҷорагири Маркази тиҷоратии “Космопорт”-ро беш аз 1 миллион рубл, муодили қариб 15 000 доллар баровард кард.” Аз 1 миллион рубл гузаштани ҳаҷми зарар ба мақомот имкон медиҳад, ин шаҳрванди тоҷикро бар асоси қими дувуми моддаи 207, ки ҷазояш сангинтар аст, ба ҷавобгарӣ бикашонанд.
УК РФ, Статья 207. Заведомо ложное сообщение об акте терроризма
1. Заведомо ложное сообщение о готовящихся взрыве, поджоге или иных действиях, создающих опасность гибели людей, причинения значительного имущественного ущерба либо наступления иных общественно опасных последствий, -
наказывается штрафом в размере до двухсот тысяч рублей или в размере заработной платы или иного дохода осужденного за период до восемнадцати месяцев, либо обязательными работами на срок до четырехсот восьмидесяти часов, либо исправительными работами на срок от одного года до двух лет, либо ограничением свободы на срок до трех лет, либо принудительными работами на срок до трех лет, либо арестом на срок от трех до шести месяцев, либо лишением свободы на срок до трех лет.
2. То же деяние, повлекшее причинение крупного ущерба либо наступление иных тяжких последствий, -
наказывается штрафом в размере до одного миллиона рублей или в размере заработной платы или иного дохода осужденного за период от восемнадцати месяцев до трех лет либо лишением свободы на срок до пяти лет.
Примечание. Крупным ущербом в настоящей статье признается ущерб, сумма которого превышает один миллион рублей.
Хурсанд Амонбеков ҳамагӣ баъди ҳамагӣ чанд соати зангаш дар бораи амали террористӣ, тавассути пайгирии шумораи телефонаш аз сӯи маъмурони ФСБ дастгир шуд. Дар наворе ки мақомоти амниятиии Самара нашр карданд, ин ҷавони тоҷик эътироф мекунад, ки рӯзи 28 декабр соати 12 вориди фурӯшгоҳи “Космопорт” шуда, аз ҳамонҷо ба пулис занг задааст. Аммо ӯ шарҳ дода натавонистааст, ки ба кадом далел чунин “шӯхӣ”-и ноҷо кардааст?
Видеои бозпурсии Хурсанд Амонбеков
Ин нахустин мавриди боздошти шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русия бо иттиҳоми ахбори бардурӯғ дар бораи ҳамлаҳои террористӣ нест.
Дар поёни моҳи ноябри соли 2015 сокини ноҳияи Ҷиликӯл А.Хоҷақулов, ки барои гусели як дӯсташ ба фурудгоҳи Внуковои шаҳри Маскав омада буд, ҳангоми вуруд ба бинои фурудгоҳ ва гузаштан аз дастгоҳи назоратӣ ба суоли кормандони фурудгоҳ ки “дар ҷайбатон чӣ доред?”, шӯхиомез посух додааст, ки “бомба дорам.” Ҳатто вақте аз ӯ такроран ин суолро кардаанд, Хоҷақулов айни ҷавобро додааст ва ӯро боздошт кардаанд. Алайҳи Хоҷақулов бар асоси қисми якуми моддаи 207-уми Кодекси ҷиноии Русия (хабари бардурӯғ дар бораи амали террористӣ) парвандаи ҷиноӣ кушодаанд.
Ҳамин тавр, дар соли 2013 дар шаҳри Санкт-Петербург як ҷавони тоҷик тавассути телефон ба пулис хабар дода буд, ки дар фурудгоҳи Пулково бомб гузоштаанд. Мақомот дар пайи ин таҳдид мардумро аз фурудгоҳ кӯчонданд. Баъди боздошт ин ҷавон иқрор кардааст, ки ба ҳавопаймояш дер мекард ва ӯ мехост, бо ин хабари бардурӯғ парвоз ба таъхир афтад ва вай худро ба ҳавопаймое, ки ба Душанбе парвоз мекард, бирасонад.
Дар соли 2014 дар Екатеринбург дар бораи боздошти як муҳоҷири дигари тоҷик гузориш доданд, ки низ тавассути телефон дар бораи гузоштани маводи тарканда дар як фурӯшгоҳи ин шаҳр хабар дода буд. Баъди боздошт ин ҷавон гуфтааст, ки маъмурони пулис ӯро дар наздикии ин фурӯшгоҳ боздошт ва хеле азият карданд ва ӯ бо ин роҳ хостааст, аз онҳо интиқом бигирад.