Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ду ҳукми зиндони Бахтовар барои як ҷурм - "терроризми телефонӣ"


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Як шаҳрванди 29-солаи Тоҷикистон дар Русия бо ҷурми хабари бардурӯғ дар бораи ҳамлаи террористӣ алайҳи сафорати Амрико маҳкум ба зиндон шудааст.

Додгоҳи вилояти Пензаи Русия ҳукми ду соли иловагии зиндон ба ҳукми қаблии шаҳрванди Тоҷикистон Бахтовар Фозиловро ба қувваи худ боқӣ гузошт. Ҳукми дар маҷмӯъ 8,5 соли зиндони Бахтовар Фозилови 29-сола, ки ҳанӯз моҳи феврал аз сӯи додгоҳи ноҳияӣ бар асоси қисми дуюми моддаи 207-уми Кодекси ҷиноии Русия (ахбори бардурӯғ дар бораи амали террористӣ, ки боиси зарари зиёд ваё паёмадҳои дигари сангин шудааст) содир шуда буд, баъди тасдиқаш дар додгоҳи вилоятӣ, ба гуфтаи намояндаи додгоҳ, рӯзи 4 май ба иҷро даромад.

Наталя Биченкова, суханӯи додгоҳи вилояти Пенза рӯзи 6 май ба Радиои Озодӣ гуфт, ин шаҳрванди Тоҷикистон, ки дар соли 2014 низ бо айни ҷурми хабари бардурӯғ дар бораи ҳамлаи террористӣ ба 8,5 соли зиндон маҳкум шуда буд, дар зиндони рақами яки вилояти Пенза боз ҳам ором нагирифтаааст: “Бахтовар Фозилов рӯзи 15 июни соли 2015 аз телефон-автомати ин маҳбас бо шумораи 02 ба пулис занг зада, гуфтааст, ки дар бинои сафорати Амрико дар шаҳри Маскав бомб гузошта шудааст ва ба зудӣ метаркад.”

Намояндаи пулиси Пенза дар додгоҳ гуфтааст, ки ин мард аз зиндон чанд бор ба онҳо занг зада, хостааст, ки ӯро бо пулиси шаҳри Маскав пайваст кунанд, чунки иттилои муҳим дорад. Вақте ин дархости ӯро намепазиранд, Бахтовар Фозилов аз ҳамсӯҳбаташ аз қисми навбатдории пулиси Пенза хостааст, то ба Маскав бирасонанд, ки бинои сафорати Амрико минагузорӣ шудааст.

Наталя Биченкова гуфт, тафтиши мақомоти пулис нишон дод, ки хабари Бахтовар Фозилов дар бораи эҳтимоли ҳамлаи террористӣ дар бинои сафорати Амрико дар Маскав асос надорад.

Бахтовар Фозилов моҳи январи соли 2014 ҳамин гуна аз телефони мобилаш аз дохили зиндони Пенза ба шумораи 02 ба пулис занг зада, дар бораи гӯё бомбгузорӣ шудани бинои Думаи давлатӣ – маҷлиси поёнии парлумони Русия дар шаҳри Маскав хабар дода буд.

Шаҳри Пенза
Шаҳри Пенза

Худи Бахтовар Фозилов, ба гуфтаи сухангӯи додгоҳи Пенза Наталя Биченкова, дар ҷараёни мурофиа ба гуноҳи худ эътироф накарда, гуфтааст, ки ӯро маҳбусони дигар тӯҳмат задаанд. Вале додгоҳ алакай чанд бор даст ба ҷиноят задану ба ислоҳи ҳуқуқӣ, “ретсидивист” будани Бахтовар Фозилов ва характеристикаи манфӣ аз ҷониби маъмурияти зиндони рақами якро, ки ин маҳбуси худро ҳамчун вайронкунандаи ашаддии қоидаҳои зиндон қаламдод кардаанд, ба инобат гирифта, ӯро дар содир кардани ҷинояти навбатӣ муҷрим шинохт ва ҳукми зиндонашро тасдиқ кард. Додгоҳи Пенза ҳамчунин Бахтовар Фозиловро 2437 рубл, муодили тақрибан 35 доллар ҷарима ҳам баст.

Наталя Биченкова гуфт, ин алакай сеюмин ҳукми зиндони ин шаҳрванди Тоҷикистон аст: “Бахтовар Фозилов бори аввал дар соли 2013 бо ҳукми додгоҳи Маскав бо ҷурми куштор ба 10 соли зиндон маҳкум шуда, барои адои ҳукмаш ба зиндони рақами яки Пенза фиристода шуд. Бори дувум дар соли 2014 ӯ барои онки аз телефонаш дар бораи гӯё минагузорӣ шудани бинои Думаи давлатӣ ба пулис хабари дурӯғ дод, 9 сол ҳукм гирифт. Ва инак, бори сеюм ва боз ҳам бо ҷурми хабари бардурӯғ дар бораи ҳамлаи террористӣ маҳкум шуд. Ӯ акнун ҳаштуним соли дигарро бояд пушти девори зиндон сипарӣ кунад.”

Ин нахустин мавриди боздошту маҳкумияти шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русия бо иттиҳоми ахбори бардурӯғ дар бораи ҳамлаҳои террористӣ нест.

Хурсанд Амонбеков
Хурсанд Амонбеков

Моҳи декабр дар шаҳри Самара шаҳрванди 24-солаи Тоҷикистон Хурсанд Амонбеков, бо иттиҳоми ахбори бардурӯғ дар бораи амали террористӣ дастгир шуда буд. Ин ҷавони тоҷик рӯзи 28 декабри соли 2015 вориди фурӯшгоҳи “Космопорт”, яке аз марказҳои бузурги тиҷоратии Самара шуда, аз телефони худаш бо шумораи 112 занг мезанад ва аз номи созмони тундрави “Давлати исломӣ” ҳамаро ба Соли нав табрик карда, гуфтааст, ки дар “Космопорт” бомб гузоштаанд ва он баъди ним соат метаркад.

Ин занги телефонӣ боиси аз бинои “Космопорт” кӯчондани қариб 3 000 нафар шуд. Вале ҷустуҷӯи баъдии мақомот ягон асаре аз маводи тарканда пайдо накард ва маълум шуд, ки таҳдиди ҳамлаи террористӣ аз номи “Давлати исломӣ” бардурӯғ будааст. Ҳоло алайҳи Амонбеков бар асоси қисми дуюми моддаи 207-уми Кодекси ҷиноии Русия (ахбори бардурӯғ дар бораи амали террористӣ, ки боиси зарари зиёд ваё паёмадҳои дигари сангин шудааст) айбнома эълон шудааст. Ин банди қонун барои аъмоле ки боиси зарар ба маблағи беш аз 1 миллион рубл шудааст, ҳамчун ҷазо то 1 миллион рубл ҷарима ваё то 5 соли зиндонро пешбинӣ мекунад.

Дар поёни моҳи ноябри соли 2015 сокини ноҳияи Ҷиликӯл А.Хоҷақулов, ки барои гусели як дӯсташ ба фурудгоҳи Внуковои шаҳри Маскав омада буд, ҳангоми вуруд ба бинои фурудгоҳ ва гузаштан аз дастгоҳи назоратӣ ба суоли кормандони фурудгоҳ ки “дар ҷайбатон чӣ доред?”, шӯхиомез посух додааст, ки “бомба дорам.” Ҳатто вақте аз ӯ такроран ин суолро кардаанд, Хоҷақулов айни ҷавобро додааст ва ӯро боздошт кардаанд. Алайҳи Хоҷақулов бар асоси қисми якуми моддаи 207-уми Кодекси ҷиноии Русия (хабари бардурӯғ дар бораи амали террористӣ) парвандаи ҷиноӣ кушодаанд.

Ҳамин тавр, дар соли 2013 дар шаҳри Санкт-Петербург як ҷавони тоҷик тавассути телефон ба пулис хабар дода буд, ки дар фурудгоҳи Пулково бомб гузоштаанд. Мақомот дар пайи ин таҳдид мардумро аз фурудгоҳ кӯчонданд. Баъди боздошт ин ҷавон иқрор кардааст, ки ба ҳавопаймояш дер мекард ва ӯ мехост, бо ин хабари бардурӯғ парвоз ба таъхир афтад ва вай худро ба ҳавопаймое, ки ба Душанбе парвоз мекард, бирасонад.

Дар соли 2014 дар Екатеринбург дар бораи боздошти як муҳоҷири дигари тоҷик гузориш доданд, ки низ тавассути телефон дар бораи гузоштани маводи тарканда дар як фурӯшгоҳи ин шаҳр хабар дода буд. Баъди боздошт ин ҷавон гуфтааст, ки маъмурони пулис ӯро дар наздикии ин фурӯшгоҳ боздошт ва хеле азият карданд ва ӯ бо ин роҳ хостааст, аз онҳо интиқом бигирад.

XS
SM
MD
LG