Додгоҳи ҷиноии Абу Забӣ дар Имороти Муттаҳидаи Араб ду шаҳрванди Тоҷикистон -- модар ва духтари ӯро ба он айбдор кард, ки ду нафар -- як духтари дӯсташон ва ҳам зани дигареро ба ин кишвар даъват намуда, онҳоро ба танфурӯшӣ маҷбур кардаанд. Бино ба ҳуким додгоҳ ин зан ва духтараш қарор аст 5 солро дар маҳбас ба сар бурда, сипас бояд ба Тоҷикистон ихроҷ шаванд.
Консулгарии Тоҷикистон дар Дубай мегӯяд, аз ин парванда огоҳ буда, онро зери назар дорад, аммо "норӯшаниҳо"-е дар ин қазия вуҷуд доранд, ки бояд ба онҳо расидагӣ сурат гирад. Зан ва духтаре, ки додгоҳ онҳоро маҳкум кард, иттиҳомотро рад мекунанд.
Расонаҳои ахбори оми Дубай рӯзи 3 май ба нақл аз мақомоти расмӣ навиштанд, ки ин зани тоҷик ва духтари бистсолааш, соли гузашта як духтари 20-соларо аз Тоҷикистон ба Имороти Муттаҳидаи Араб интиқол додаанд. Онҳо барои ин духтар раводид ё визаи сайёҳӣ гирифта, бо ваъдаи шомил карданаш дар як коллеҷ ва ҳамзамон таъмини ӯ ба ҷои кор дар як ресторан, ӯро ба ин кишвари шайхнишини ҳавзаи Халиҷи Форс бурдаанд. Манбаъ мегӯяд, ки баъд аз расидан ба Имороти Муттаҳидаи Араб модару духтар ин ҳамдиёри худро ду моҳ дар манзили хеш нигоҳ доштаанд.
Яке аз қурбониён дар додгоҳ гуфтааст, ки “онҳо бар хилофи хостаи мо, маҷбурамон мекарданд, ки бо мардҳо омезиши ҷинсӣ дошта бошем." Вай дар идома гуфтааст, ки “онҳо моро ба хонаҳои мухталиф ва клубҳои шабона бурда ва маҷбурамон мекарданд, ки барои пул бо мардони мухталиф хуфтухез намоем.”
Ин занон пас аз он, ки ба мақомоти пулис тариқи паёмак иттилоъ доданд, аз маҳалли будубоши он модару духтар наҷот дода шуданд. Манбаъ мегӯяд, ки ин модару духтар баъд аз адои ҷазо дар зиндонҳои Имороти Муттаҳидаи Араб ба кишварашон ихроҷ мешаванд.
Дар гузашта додгоҳҳои Тоҷикистон дар чанд маврид афродеро, ки ба қочоқи занони тоҷик барои танфурӯшӣ дар Дубай, маҳкум ба зиндон карда буданд. Вале ин барои нахустин бор аст, ки як додгоҳ дар Имороти Муттаҳидаи Араб шаҳрвандони Тоҷикистонро ба иттиҳоми қоҷоқи занон барои танфурӯшӣ, маҳкум мекунад.
Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар Тоҷикистон мегӯянд, ки қочоқи инсон аз кишвар ба хориҷ тахминан 15-17 сол пеш оғоз шуд. Занҳо ё духтарони тоҷик дар гузашта бештар ба Иморати Муттаҳидаи Араб, Афғонистон ва Туркия интиқол меёфтанд ва дар корҳои мухталиф, аз ҷумла дар бозори сиёҳи танфурӯшӣ истифода мешуданд. Мавридҳои қочоқи инсон ба Чин низ мушоҳида шудааст. Таҳлилгарон мушкилоти иқтисодӣ, бекорӣ ва ҳирси даромади калону осонро сабаби аслии густариши қочоқи инсон аз Тоҷикистон ба хориҷи кишвар медонанд.