Додгоҳи Хуҷанд ба баррасии парвандаи ду сокини ҳамин шаҳр шуруъ кард, ки ба қочоқи занон ба Дубай ва водор кардани онҳо ба танфурӯшӣ муттаҳам мешаванд. Наргис Набизода – додраси парванда гуфт, ин ду нафари муттаҳам яке 66-сола ва дигаре 46-сола буда, чор ҷавонзани сокини Хуҷандро бо роҳи фиреб ба Дубай равон ва дар он ҷо тавассути шарикони худ ба танфурушӣ маҷбур кардаанд.
Хонум Набизода афзуд, "онҳо дар Тоҷикистон ба ҷавонзанон ваъда додаанд, дар ин кишвари арабӣ онҳоро ҷойи кору моҳонаи хуб интизор аст. Вале шариконашон ин ҷавонзанонро дар Дубай пешвоз ва бо баҳонаи пешниҳод ба ҷои кор шиносномаҳояшонро гирифта ва бо истифода аз ин ҳолати сангин онҳоро ба танфурушӣ водор кардаанд."
Ба гуфтаи додрас, ҳодисаи ба Дубай равон кардани ҷавонзанон аз сӯи ду зани муттаҳам соли 2008 иттифоқ афтода, он чор ҷавонзан то соли 2014 пешу қафо ба Тоҷикистон баргаштаанд. Ва ду нафари онҳо аз чунин фиреб хӯрдан ва мавриди истисмори шаҳвонӣ қарор гирифтани худ ба мақомот шикоят бурдаанд.
Н.Ғ. ва Ш.А. - ду нафари муттаҳам дар пайи шикояти ҷавонзанони ба Дубай равон кардаашон аз сӯи кормандони раёсати амнияти миллӣ дар Суғд моҳи феврали соли ҷорӣ боздошт шуданд. Вале Алимурод Акрамов, вакили мудофеи ду зани айбдоршаванда мегӯяд, занон аз қабл медонистанд, ки барои чӣ ба Дубай мераванд ва онҳоро касе бо роҳи фиреб ба он кишвар набурдааст: “Барои ҳамин ҳоло зерҳимояҳоямро ба хариду фурӯшу истисмори ҷинсии занон гунаҳкор кардан барвақт аст ва умедворам инро додгоҳ холисона муайян хоҳад кард.”
Додрас Наргис Набизода мегӯяд, алайҳи ин ду нафари муттаҳам ба ҷалби занони тоҷик ба танфурӯшӣ дар Дубай бар асоси ду банди Кодекси ҷиноии Тоҷикистон - 130, иловаи 1: “Хариду фурӯши одамон, такроран аз ҷониби гурӯҳи ашхос ва бо маслиҳати пешакӣ” ва 132 - “Ҷалби одамон барои истисмори шаҳвонӣ” айб эълон шудааст. Дар замони баррасии парванда зани айбдоршавандаи 46-сола дар боздоштгоҳи муваққатӣ ва зани 66-сола дар озодӣ, вале ба шарти берун нарафтан аз маҳалли зисташ қарор дорад.
Ба гуфтаи мақомоти наздик ба тафтиши ин парванда, шарикони ин афрод, ки аз Дубай барои ҷалбу интиқоли ҷавонзанони тоҷик ба Дубай маблағ равон кардаву онҳоро пешвоз ва ба танфурӯшӣ водор мекардаанд, дар Аморати Муттаҳидаи Араб қарор доштаанд.
Моҳи январи соли равон кормандони бахши мубориза бо ҷиноятҳои созмоёфтаи вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ду мард аз вилояти Суғдро низ ба дунболи равон кардани 2 ҷавонзан ба Дубай барои танфурӯшӣ дар майдони ҳавоии Душанбе дастгир карда буданд. Ба гуфтаи пулис, онҳо бо 700 доллар, ки шарики онҳо аз Дубай фиристодааст, ба ин ҷавонзанон билет харида, мехостанд ба Аморати Муттаҳидаи Араб гусел кунанд. Вале ба гуфтаи мақомоти пулис, онҳо тибқи маълумоти қаблӣ аз сафари он ду ҷавонзан ба Дубай огоҳ шуда, онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе дошта, ба Хуҷанд оварданд. Баъд аз рӯи нишондоди онҳо 2 мардеро, ки ин занон бо ёриву мусоидати пулии онҳо барои танфурӯшӣ сӯи Дубай мерафтанд, дастгир карданд.
Ин ду гумонбар яке 59-солаву дигаре 38-сола буда, ба гуфтаи пулис, дар ҳоли ҳозир раҳбари ин гурӯҳи қочоқбари занони тоҷик, ки биноба хабарҳо дар шаҳри Дубай будааст, таҳти ҷустуҷӯ қарор доштааст. Дар соли 2014 додгоҳи Хуҷанд ҳудуди 10 сокини минтақаро барои ҷалб ва қочоқи занон барои танфурӯшӣ дар хориҷ аз Тоҷикистон ба зиндон фиристодааст.