Дар Тоҷикистон қонуне ҳукми иҷро гирифт, ки аз волидон мехоҳад, иҷоза надиҳанд, ки фарзандонашон баъди соати 6 вақташонро дар марказҳои компютерӣ ва ё интернеткафеҳо гузаронанд.
Аз ин баъд ноболиғони тоҷик ҳақ доранд, рӯзҳои шанбеву якшанбе ва ё баъди дарс дар марказҳои компютериву интернеткафеҳо бошанд аммо фақат рӯзона. Аз шом то субҳ дар ба рӯи онҳо баста хоҳад шуд, чун дар моддаи қонун дар бораи ӯҳдадориҳои падару модар дар тарбияи фарзанд, банди наверо илова кардаанд, ки дар он омадааст, ки волидон «аз соати 18:00 то соати 06:00 ба марказҳои пешниҳоди бозиҳои компютерӣ ё хизматрасонии интернетӣ рафтани фарзандони ноболиғи худро иҷозат надиҳанд».
Қонун дар бораи масъулияти падару модар дар Тоҷикистонро, порлумон нимаи моҳи май қабул кард ва он чанде пеш ҳукми иҷро гирифт.
Дар сурати дил накандани наврас аз бозиву то дер мондан дар маркази компютерӣ ва ё интернеткафе ва ба дасти мақомоти интизомӣ афтодан падару модари ба дарди сар гирифтор мешаванд. Чун агар ба дасти маъмурони милиса биафтанд, волидонашонро даъват мекунанд, санад тартиб дода ва барои ҷарима ба додгоҳ мефиристанд.
Танҳо дар Душанбе садҳо маркази компютерӣ ва интернет-кафеҳо вуҷуд дорад ва муштариёни аксари онҳо ҷавонони то 30 сола ҳастанд.
Мақомоти вазорати умури дохилии Тоҷикистон, ки аз ташаббускорони ислоҳи қонун ҳастанд, мегӯянд, барои пешниҳоди тағйирот далел доштанд. Абдураҳмон Аламшозода, муовини вазир гуфтааст, бештари ноболиғоне, ки ҷинояту қонуншиканӣ мекунанд, ноболиғоне ҳастанд, ки “аз назорати падару модар берун монда ва бештари вақти худро дар марказҳои пешниҳоди бозиҳои компютерӣ ё хизматрасонии интернетӣ гузарондаанд."
Ӯ мисол овардааст, ки дар 5 соли ахир беш аз 60 ҳазор падару модар барои қонуншиканиҳои фарзандон ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуданд ва беш аз 65 фоизи онҳо барои он ҷазо гирифтанд, ки фарзандонашон шабона интернеткафе ва марказҳои компютерӣ рафта будаанд.
Ба қавли муовини вазир “сарчашмаи асосии зӯровариҳо дар байни ҷавонон натиҷаи тарғиби филмҳои дорои амалҳои зӯроварист, ки дар интернет — кафеҳо намоиш дода мешаванд.”
Сарчашмаи асосии зӯровариҳо дар байни ҷавонон натиҷаи тарғиби филмҳои дорои амалҳои зӯроварист, ки дар интернет - кафеҳо намоиш дода мешаванд.
Айни замон вакилони мардумии Тоҷикистон бо ислоҳи ин қонун як маҳдудият барои вақтгузаронии ҷавононро аз байн бурдаанд. Аз ин пас дар Душанбе ва ҳар шаҳри дигар ҷавонони 19 то 20 сола ҳақ доранд, ба марказҳои дилхушӣ ва ё дискоклубҳо бираванд.
Қонун дар бораи масъулияти падару модар дар тарбияи фарзанд, ки соли 2011 қабул шуд, дар баробари ноболиғон ҷавонони аз 19 то 20- соларо ҳам аз ҳаққи рафтан ба чунин муассисаҳо маҳрум кард.
Қабули ин қонун дар он сол баҳси зиёдеро дар матбуоти Тоҷикистон барангехт, чун баъзеҳо онро дахолат ба ҳуқуқи бунёдии инсон номида мегуфтанд, аз чунин роҳҳои маъмурӣ наметавон, таълиму тарбияи фарзандро беҳтар кард.
Мақомот мегӯянд, ки мақсади қонуни мазкур, “тарбияи фарзанд дар рӯҳияи инсондӯстӣ, ифтихори ватандорӣ, эҳтироми арзишҳои миллӣ, умумибашарӣ ва фарҳангӣ, инчунин ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои фарзанд аст. “
Вале коршиносон мегӯянд ва худи мақомот ҳам эътироф кардаанд, ки ба таҳсил фаро нагирифтани ноболиғон баъди хатми синфи 9, бекорӣ дар байни ҷавонон, набуди майдонҳои варзишӣ барои гузаронидани вақт, муҳоҷирати волидайн ба хориҷ барои кор аз сабабҳои аслии афзоиши қонуншиканӣ ва аз ҷумла ҷиноят дар байни ноболиғон будааст.