Як муноқишаву занозанӣ байни ҷавонону мактаббачаҳои шаҳри Душанбе пойи якеро ба боздоштгоҳ, дигареро ба бемористон ва севумиҳоро ба пулис кашид. Раҳбарияти мактаби рақами 101-и ноҳияи Синои пойтахт ҳам ин шабу рӯз серташвишанд. Ҳодиса шаби 30-юми апрел рух дод ва сабаби ин муноқиша ҳамчун "авбошӣ" сабт шудааст.
Таҳлилгарон бадҷаҳлу ҷангҷӯ шудани хонандагони макотибро дар зери муҳити саросар аз таблиғи хушунату куштор мондани онҳо медонанд.
Фарҳод Маҳмадназаров, як хонандаи синфи ёздаҳи мактаби рақами 101 ягона ҷабрдидаи ин занозанӣ аст. Вай мегӯяд, ҳамлагарон бидуни сабаб ӯро латукӯб ва бо корд захмӣ карданд. Дар натиҷаи ҳамла бо корд дасти рости Фарҳод захмӣ ва чанд рагаш бурида шуд. Табибони бемористони Қаряи Боло талош доранд хатари аз ҳаракат мондани се ангушти
дасти Фарҳодро бартараф кунанд.
Фарҳод бо ёдоварӣ аз он шаб, дар як сӯҳбат бо Радиои Озодӣ рӯзи 2-юми май гуфт, он шом тасодуфан дар макони моҷаро қарор дошт. Ба гуфтаи ӯ, бояд пойафзоли бародарашро барои таъмир назди музадӯз мебурд.
"Бародари ман дар донишгоҳи ҳарбӣ мехонад. Мӯзаҳояшро, ки қаблан барои таъмир гирифта будем, бояд месупоридам. Ба падарам гуфтам, ки бояд мӯзаҳоро барам, гуфт, "раву зуд баргард". Ҳангоми бозгашт дар роҳ ҳамсинфам Фирдавс Шарифовро дидам ва бо ҳам сӯҳбат мекардем, ки ногаҳ чанд нафар ба мо ҳамла карданд.
Фарҳод мегӯяд, ҳамлагаронро намешинохт. Ба эҳтимоли зиёд ба гуфтаи ӯ, нафаре, ки ҳамлагарон бояд ҳадаф қарор медоданд, чанд қадам қафотар аз инҳо буданд. Ба гуфтаи ӯ, гурӯҳи ҳамлагар замоне иштибоҳи худро фаҳмида фирор кард, ки яке аз онҳо Фарҳодро шинохт. "Вақте худамро ҳимоя карданӣ шуда, гуфтам инҷо чӣ гап аст? Яке аз онҳо маро шинохт ва гуфт ин Фарҳод аст, ӯро назанед. Ман ӯро шинохтам, вай собиқ ҳамсинфам буд, ки чанд соли пеш аз мактаби мо рафта буд".
Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон мегӯяд, дар пайи ин занозанӣ як нафар боздошт шуда, чанд тани дигар бозпурсӣ мешаванд. Вазорат ин ҳодисаро "авбошӣ" ном бурд ва гуфт маълумоти бештарро пас аз анҷоми тафтишот расонаӣ мекунад.
Нақли як шоҳид
Шоҳидон ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки моҷаро миёни хонандагони мактаби 101 дар наздикиҳои мактаби 43-и ноҳияи Сино сурат гирифтааст. Давлат - як сокини ин маҳалла, ки муноқишаи мактаббачаҳоро дар шаби 30-уми апрел шоҳид шудааст, дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, дар занозанӣ бо ширкати як гурӯҳи иборат аз 8 нафар, аксаран хонандагони мактаб ширкат доштанд.
Ба гуфтаи ин шоҳиди ҳодиса, ӯ танҳо як нафарро кӯмак кард, ки аз дасташ захмӣ шуда буд. "Ман барои харидани шакар ба назди мағоза мерафтам. Аз тарафи мактаб як гурӯҳ наврасон, ки ҳамдигарро дашном медоданд, ба тарафи мо омаданд. Ҳодиса якбора рух дод ва занозанӣ дар як лаҳза шурӯъ шуд. Вақте як нафар ба тарафи ман омад, хостам ба ӯ кӯмак кунам. Аз дасташ хун меомад, ҳамин лаҳза мошини пулис омад ва якбора чанд нафарро бо мошин бурд",-гуфт ӯ.
Муноқишаро кӣ ташкил кард?
Талоши хабарнигорони Радиои Озодӣ барои сӯҳбат бо раҳбарияти мактаби рақами 101-и ноҳияи Сино бенатиҷа анҷом ёфт. Зеро ба гуфтаи посбони мактаб, субҳи 2-юми май мудири ин мактаб ва раҳбарони синфҳои хонандагони боздоштшуда барои бозпурсӣ ба идораи пулис даъват шудаанд. Онҳое ки ин муноқишаро ташкил карданд, барои мо дастнорас буданд.
Номи мактаби рақами 101-и ноҳияи Сино, ки дар маҳаллаи 103-и пойтахт ҷойгир аст, бори дуюм аст, ки дар робита бо моҷароҳои наврасон ба дасти полис мерасад. Оғози моҳи январи соли гузашта низ дар моҷарои хунини гурӯҳе аз ҷавонони маҳаллаи 102 ва 103-и пойтахт, шуморе аз хонандаҳои мактаби 101 ширкат доштанд.
Дар он занозанӣ ду нафар ба ҳалокат расида буд. Қазияи кушта шудани ду хонандаи мактаб дар як соли пеш, сокинони ин маҳалла, аз ҷумла волидони хонандагони ин мактабро водор карда буд, ки фарзандони худро зери назорати ҷиддӣ бигиранд.
Аммо масъулини соҳаи маориф мегӯянд, ба занозаниву муноқиша миёни мактаббачаҳо, танҳо омӯзгорон гунаҳкор нестанд. Ба гуфтаи масъули раёсати маорифи шаҳри Душанбе Асомиддин Бобозода, волидон ҳам бояд қонун "Дар бораи масъулияти падару модар дар тарбияи фарзанд"-ро ҷиддӣ бигиранд ва монеъи гаштугузори шабонгоҳии фарзандони худ шаванд.
"Намедонам чаро писарамро заданд"
Фарҳод, ки дар хонавода фарзанди сеюм, будааст ба гуфтаи волидон то рӯзи ҳодиса шикояте аз писарашон ба онҳо нарасида буд. Ҳайдар Маҳмадназаров, падари Фарҳод, ки ҳоло як пояш ба бемористону пои дигараш дар идораи пулис аст, дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ҳоло ҳам намедонад, ки чаро маҳз писари ӯ дар ин муноқиша захм бардоштааст.
Ҳайдар Маҳмадназаров гуфт: "Яке аз пайвандони нафаре, ки ҳоло барои захмӣ кардани Фарҳод дар боздошт аст, ба ман занг зада гуфт, ки ин писар дар тарбияи падару модар набуд, балки дар дасти бобову бибиаш бузург шудааст. Аз маҳаллаи "Профсоюз" будааст. Ҳоло намедонам чӣ мешавад”. Аммо Маҳмадназаров гуфт, муҳите, ки онҳо зиндагӣ мекунанд барои тарбияи фарзанди хуб чандон созгор нест. Ӯ мегуяд, дар маҳаллаи 103 хонаводаҳои носолим кам нестанд ва ин барои рух додани чунин ҳодисаҳо боис мешавад.
Бадҷаҳлу ҷангҷӯ шудани мактаббачаҳо
Таҳлилгарон бадҷаҳлу ҷангҷӯ шудани хонандагони макотибро дар зери муҳити саросар аз таблиғи хушунату куштор мондани онҳо медонанд. Ҳарчанд дар як соли ахир рафтани мактабхонҳо ба марказҳои компютерӣ манъ шудааст, шабонгоҳ гаштугузори гурӯҳии ҷавонон бештар мушоҳида мешавад.
Ахиран шаҳрдори Душанбе ҳам дастур дод, ки кормандони милисаи пойтахт ба мактабҳо рафта, аз ҷинояткорӣ миёни ноболиғон ҷилавгирӣ кунанд. Шаҳрдори Душанбе дар ҳоле милисаҳоро ба мактабҳо мефиристад, ки қаблан мақомот гуфта буданд, муноқишаҳо ва бахусус муштзании гурӯҳӣ дар байни ноболиғон якбора афзуда ва мақомотро ба ташвиш андохтааст.
Абдураҳмон Аламшоҳзода, муовини вазири умури дохилӣ охири ҳафтаи гузашта дар ҳузури вакилони мардумӣ дар Маҷлиси намояндагон гуфт, дар се моҳи гузаштаи имсол "ҳуқуқвайронкунии ҷавонон дар кишвар, асосан муштзании гурӯҳӣ, назар ба ҳамин давраи соли гузашта 40 фоиз афзудааст.