Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Косахонаҳои сар ва сарнавишти оромгоҳи "Навобод" сокинонро нигарон кард. ВИДЕО


Дар баъзе ҷо косахонаҳои сар берун омадаанд.
Дар баъзе ҷо косахонаҳои сар берун омадаанд.

Ҷунайдулло Сангов, сокини маҳаллаи Навободи пойтахт, ҳар шом ба оромгоҳ меравад ва сари гӯри духтарчаи ҳаштсолааш, ки чанд моҳ пеш фавтид, дуо мекунад. Ба гулу дарахтон об медиҳад ва манзили охирати фарзандашро обод нигоҳ медорад.

Аммо чанд рӯз пеш дидани саҳнаи кандани қабристон бо экскваторҳо падарро ноором кард. Ҷунайдулло мегӯяд, кандани гӯристон ва берун овардани устухонҳо, кори дуруст нест. Раҳбари муассисаи давлатии "Раёсати оромгоҳҳо"-и шаҳри Душанбе гуфт, ҳеҷ қабреро накандаанд, баръакс устухонҳоеро, ки чанд сол пеш ҳангоми сохтани роҳи оромгоҳ берун омаданд, зери хок карданд.

Ҷунайдулло Сангов мегӯяд, дар ин макон на танҳо ҷигарбанд, балки чанд азизи дигараш ҳам хобидаанд. Ӯ метарсад, ки агар ин ҳол идома кунад, қабрҳои наздиконаш нопадид мешаванд. Ҷунайдулло Сангов афзуд: “Тахминан соати чоруним буд, ки ҳамин воқеаро дидем. Аксу навор гирифтем. Ман намедонам, ин аз рӯи қонун аст, ё не. Агар аз рӯи қонун бошад, бигзор идома диҳанд, агар не пеши ин кор гирифта шавад. Шояд то боло канда меравад ва ба манзилҳои хешу таборони мо мерасанд. Наздикони одамоне, ки инҷо хобанд, шояд хабар надоранд.”

Сарнавишти қабрҳо ва қабристони Навобод чӣ мешавад?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:49 0:00

Дар "Раёсати оромгоҳҳо" гуфтанд, ин қабристон бо қарори шаҳрдори собиқи Душанбе баста шудааст ва дафн кардан дар онҷо манъ аст, ҳарчанд сокинони атроф ҳанӯз ҳам наздиконашонро инҷо мегӯронанд. Зайналобиддин Назаров раҳбари муассиса рӯзи 16-уми июл ба Радиои Озодӣ нигаронии сокинони атрофи оромгоҳро барои кандани як канори он ва оғози бунёди сохтмон рад кард.

Аммо ӯ гуфт, раёсати оромгоҳҳо барои гирифтани иҷозат барои сохтани истгоҳи техника ва анбори нигаҳдории намак дар назди он ба ҳукумати шаҳр муроҷиат кардааст ва посух нагирифтаанд.

Ҳамсуҳбати мо гуфт: “Дар рубаруи қаровулхонаи оромгоҳ, ки як порча замин аст, ки агар иҷозат диҳанд, барои техникаҳо истгоҳ месозем. Лекин то ҳол ҳамон атроф умуман касе нарафтааст. Инҷо ҳеҷ гапе нест, ҳеҷ кас ягон мақсади бад надорад, баръакс мо кӯшиш мекунем атрофи манзилгоҳ ободу зебо бошад. Ҳеҷ кас ягон қабреро вайрон накардааст.”

Назаров гуфт, ин оромгоҳ дар ҳудуди 3 гектар буд, вале баъди баста шудани он, сокинон азизонашонро дар оромгоҳи Меҳробод, ки дар ҳудуди 74 гектар доман паҳн кардааст, дафн мекунанд. Масъули раёсати оромгоҳҳои пойтахт гуфт, бар асоси дини ислом, оромгоҳҳо баъд аз 40 соли дафни охирин маит метавонанд, ҳамвор кунанд, ё барои бунёди сохтмони дигар истифода шавад.

Ҷунайдулло Сангов мегӯяд, бархе аз қабрҳо дар ин оромгоҳ наванд: “Духтари ман 4 моҳ пеш гузашт, ҳамин ҷо гӯр кардем. Бобоям ҳафт моҳ пеш гузашт, манзилаш дар наздикии ҳамин ҷоест, ки инҳо канда истодаанд.” Бори аввал нест, ки сокинон аз тахриби оромгоҳи маҳалли зисташон шикоят мекунанд. Дар гузашта чунин баҳсҳо бо ширкатҳои сохтмонӣ, ё афроди алоҳида то додгоҳ рафтааст.

XS
SM
MD
LG