Соҳибкорони тоҷик бо истифода аз қарзи боимтиёзи Узбекистон воридоти фановариҳои муосири каммасраф аз ин кишвари ҳамсояро оғоз кардаанд. Ҳамзамон аз Узбекистон барои сохтмони нерӯгоҳи "Роғун" масолеҳи сохтмонӣ ҳам ворид мешавад, ки ба қавли онҳо, харҷи камтару сифати баландтар дорад.
$100 млн қарзи Узбекистон барои соҳибкорон дар Тоҷикистон
"Амонатбонк"- бонки давлатии Тоҷикистон ба пешниҳоди қарзҳои боимтиёзи давлати Узбекистон барои рушди ҳамкориҳои иқтисодии миёни ду кишвар шурӯъ кардааст.
Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон мегӯяд, ки дар нимсолаи аввали соли 2018 ҳаҷми тиҷорат миёни ду кишвар назар ба ҳамин давраи соли гузашти 35 дарсад афзоиш ёфтааст.
Руҳуллоҳ Ҳакимзода, сардори раёсати ин бонк рӯзи 24-уми июл дар нишасти матбуотӣ гуфт, ки давлати Узбекистон баъди сафари давлатии Шавкат Мирзиёев, раиси ҷумҳури ин кишвар ба Тоҷикистон дар моҳи март ба се бонки ин кишвар – "Ориёнбонк", "Эсхата" ва "Амонатбонк" барои тавсеаи ҳамкориҳои тиҷоратӣ 100 млн доллари амрикоӣ қарзи боимтиёз ҷудо кард.
Ҷаноби Ҳакимзода гуфт, ки аз ин маблағ ба "Амонатбонк" ҳудуди 35 миллион доллар ҷудо шудааст ва ҳамакнун ба соҳибкорони тоҷик, ки мехоҳанд бо Узбекистон ҳамкорӣ кунанд, қарзҳои боимтиёз дода мешавад.
Вай афзуд, ахиран дар ҷараёни сафари нахуствазири Тоҷикистон ба шаҳри Фарғонаи Узбекистон ҷониби онҳо санадҳои ниҳоиро барои истифода аз ин маблағ бо намояндаи Бонки миллии Узбекистон имзо кард ва аз ҳоло соҳибкорони тоҷик барои гирифтани қарзҳо аз ин маблағ, ба "Амонатбонк" муроҷиат мекунанд.
Вай афзуд, фоизи ин қарзҳо барои як сол то 8 дарсад ва барои то се сол 9 дарсад мебошад ва ҳоло ширкатҳои Тоҷикистон алоқаманд ҳастанд, ки аз Узбекистон масолеҳи сохтмонӣ, аз ҷумла арматура барои сохтмони нерӯгоҳи "Роғун" ворид созанд, зеро, бо дарназардошти хароҷоти роҳкиро, қимати як тоннаи ин маводи сохтмонӣ дар муқоиса бо масолеҳи сохтмонӣ аз Қазоқистону Русия то 90 доллар арзонтар мешавад.
Чӣ гуна метавон қарз гирифт?
Ба гуфтаи раҳбари "Амонатбонк", феълан марҳилаи ниҳоии таҳияи асноди зарурӣ барои ихтисоси ин қарзҳо ҷараён дорад ва мутахассисони бонк дархости 12 ширкат барои истифода аз ин қарзҳоро баррасӣ мекунад. Ӯ аз ин ширкатҳо ном набурд ва ҳамчунин нагуфт, ки интихоботи ширкатҳои дарёфкунанди қарзҳои боимтиёз кадомҳо мебошанд.
Руҳуллоҳ Ҳакимзода танҳо гуфт, ки тибқи тавофуқот, ширкатҳои Тоҷикистон қарордоди ҳамкорӣ бо корхонаҳои Узбекистонро пешниҳод мекунанд ва "Амонатбонк" аз Бонки миллии Узбекистон дархост мекунад, ки чӣ маблағеро ба суратҳисоби ин корхона интиқол диҳад.
Ширкатҳои Тоҷикистон муваззаф мешаванд дар мӯҳлати муайяншуда ин маблағро бо суди 8-дарсадии солона, ба "Амонатбонк" бо пули сомонӣ баргардонанд. Ин дар ҳолест, ки ба гуфтаи иқтисоддонҳо, фоизи миёнаи қарзҳо бо арзи хориҷӣ дар бонкҳои Тоҷикистон солона ҳудуди 40 дарсадро ташкил медиҳад.
Темур Ёрибек, раиси бахши робитаҳои байналмиллалии "Амонатбонк" дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ хабар дод, ки феълан теъдоди алоқамандони дарёфти чунин қарзҳои боимтиёзи Узбекистон дар Тоҷикистон зиёд аст. Ба гуфтаи вай, дар шимоли Тоҷикистон соҳибкорон ҳатто дархост кардаанд, ки бо истифода аз ин қарзҳо ба Тоҷикистон фанновариҳои муосир ё ба истилоҳ "нанатехнология"-ҳоро ворид созанд.
Ҷаноби Ёрибек дар ин бора гуфт, ки як ширкат аз вилояти Суғд аз онҳо дархост кард, ки барои воридоти гармкунакҳои сафолии каммасраф аз Узбекистон барояшон қарз бидиҳем.
"Мо ба онҳо машварат додем, ки воридоти чунин маҳсулот роҳи дуруст нест ва шумо бояд тавлиди ин маҳсулот дар Тоҷикистонро роҳандозӣ кунед. Ҳоло онҳо мехоҳанд нахуст “маркази хизматрасонии” ин маҳсулот дар шимоли Тоҷикистонро ифтитоҳ ва сипас корхонаи муштараки тавлиди чунин гармкунакҳо дар вилояти Суғдро сармоягузорӣ кунанд",-гуфт Темур Ёрибек.
Хушҳолӣ аз ҳамкориҳо бо Чин чин ва қарзҳо бо юан
Темур Ёрибек афзуд, ки баъд аз пахши хабари ихтисоси қарзҳо бо юани чинӣ, теъдоди зиёди соҳибкорони тоҷик аз "Амонатбонк" дархости чунин қарзҳоро карда, феълан аз пайи насби миқдори зиёди амборҳои сарди истеҳсоли Чин ҳастанд.
Равобит миёни Тоҷикистон ва Узбекистон дар ду соли ахир рӯ ба беҳбуд ниҳодааст.
"Ҳоло дар Тоҷикистон моҳи июл ба поён мерасад, вале дар бозорҳо кас метавонад гелоси баҳорирор харидорӣ кунад. Ин ҳама натиҷаи ҳамкориҳо бо Чин ва рушди соҳибкорӣ бо фанновариҳои ин кишвар аст", гуфт Темури Ёрибек. Вай афзуд, ки ширкатҳои сохтмонии Тоҷикистон бо истифода аз ин қарзҳо аз Чин низ мошинҳову булдорзерҳои бузург харидорӣ мекунанд, ки дар сохтмони роҳҳову нерӯгоҳҳо аз онҳо истифода мешавад.
"Ҳар ду ҷониб фоида мебинанд"
Пайрав Чоршанбиев, шореҳи иқтисодии хабаргузории "Азия Плюс" дар шарҳи ин мавзӯъ гуфт, ки мақомоти феълии Узбекистон машғули кашфи бозорҳои нав барои тавлидоти худ мебошад. Ӯ бар ин назар аст, ки ихтисоси қарзҳои боимтиёз ба суди ҳарду кишвар аст, зеро соҳибкорони тоҷик қарзҳои арзон мегиранду истеҳсолкунандаҳои узбек барои худ бозори навро боз мекунанд.
“Қарзи боимтиёзро ҳукумати Узбекистон ба Тоҷикистон медиҳад. Мушкили соҳибкорони тоҷик бо дарёфти карзҳои имтиёздор мушкилӣ доранд. Бо истифода аз ин маблағ, онҳо моли тавлидшуда дар корхонаҳои Узбекистонро харидорӣ мекунанд. Дар натиҷа, ҳам тавлидкунандаҳои Узбекистон фоида мебинанд ва ҳам харидорони тоҷик, ки бо нархи арзон маҳсулот харидорӣ мекунанд, ба суди иқтисоди ҳарду кишвар мусоидат мекунанд".
Равобити рӯ ба беҳбуди Тоҷикистону Узбекистон
Равобит миёни Тоҷикистон ва Узбекистон дар ду соли ахир рӯ ба беҳбуд ниҳодааст. Дар моҳи марти соли ҷорӣ раиси ҷумҳури Узбекистон Шавкат Мирзиёев бо як сафари "таърихӣ" аз Тоҷикистон дидан кард. Дар пайи ин мулоқот низоми раводид миёни ду кишвар барои 30 рӯз аз байн бардошта шуд.
Ҳамин тариқ тиҷорат миёни ду кишвар тавсеа пайдо намуда ва робитаҳои фарҳангиву иқтисодӣ миёни ду кишвар рӯ ба рушд ниҳодааст. Интизор меравад, ки сафари Эмомалӣ Раҳмон дар моҳи оянда ба Узбекистон сурат бигирад. Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон мегӯяд, ки дар нимсолаи аввали соли 2018 ҳаҷми тиҷорат миёни ду кишвар назар ба ҳамин давраи соли гузашти 35 дарсад афзоиш ёфтааст.