Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Тоҷиккино" 50 ҳазор фиттаи зӯроварӣ ва фаҳшро нобуд сохт


Муассисаи давлатии «Тоҷиккино» 50 ҳазор филму наворҳои зӯроварӣ, фаҳш ва мусиқиро аз нуқтаҳои фурӯши кишвар мусодира карда, бо роҳи шикастан нобуд сохтанд. Шоҳҷони Абдурасул, муовини директории генералии КВД «Тоҷиккино»-и Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Тоҷикистон гуфт, ин миқдор фиттаҳо дар пайи рейдҳои махсуси ин муассиса ва кормандони ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқ ва амниятӣ мусодира шудааст. Ба бовари Шоҳҷони Абдурасул, ин иқдом барои тоза кардани бозори кинои кишвар аз ҳар гуна филму наворҳои ғайриахлоқӣ ва пастсифат унвон мешавад. «Ин гуна фиттаҳои нобудкардашуда ахлоқи мардумро коста мекунанд ва ба амнияти кишвар халал ворид мекунанд. Инчунин наворҳои мазкур бидуни иҷозаи ягон ниҳоди давлатӣ тавлид ва ба бозор бароварда шудаанд»- гуфт ҷаноби Абдурасул.

Ба бовари таҳлилгарон, нобудсозии филмҳои гуногун дар Тоҷикистон дар ҳолест, ки ин кишвар давлати дунявию демократӣ эълом шудаву қонунгузорӣ мардумро аз ҳаққи тамошои филму наворҳои гуногун маҳрум накардааст.
XS
SM
MD
LG