Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Видеои равобити маҳрамонаи наврасони тоҷик дар телефонҳо мечархад


Дар телефонҳои ҳамроҳи хонандагони макотиби миёнаи Душанбе як навори фаҳш паҳн шудааст, ки зоҳиран қаҳрамонони он мактабхон ҳастанд.

Дар ин навори 21-дақиқаӣ як ҷавон дар либоси мактабӣ бо як духтари наврас муносибати маҳрамона мекунад ва аз навор маълум аст, ки дуи онҳо аз наворбардорӣ шудани ин саҳна огоҳанд. Дар шарҳи ин навор гуфта мешавад, ки гӯё ин навор дар хоҷатхонаи мактаби рақами № 44-и шаҳри Душанбе гирифта шудааст. Дурустии ин навор, замони бардошта шуданаш ва шахсияти қаҳрамонҳои дар он сабтшуда ҳанӯз мушаххас нашудааст.

ПОСУХИ МАҚОМОТ:

Навори ҷанҷолбарангез ба мактаби 44-и Душанбе рабт надорад

Дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ баъзе хонандагони мактабҳои миёнаи Душанбе гуфтанд, ки ин навор аслан аз ду қисмат иборат аст. Дар қисмати аввал хонандаи ин мактаб бо ин духтари наврас муносибати маҳрамона карда ба навор мегирад ва ба ҳамсабақонаш нишон медиҳад, то “бубинанд ӯ ба чӣ қодир аст”. Баъдан дар қисмати дувуми навор гӯё иддае аз ҳамасабақони “қаҳрамони аввалӣ” низ аз ин духтари наврас тақозо мекунанд, ки он кореро, ки бо ҳамсабақашон карда буд, бо онҳо низ анҷом диҳад.

Соҳибназар Сафаров, муовини раиси Раёсати маорифи шаҳри Душанбе рӯзи 11-уми январ дар сӯҳбат ба "Озодӣ" гуфт, аз шунидани ин хабар нороҳат шудааст. Вай гуфт, Раёсати маорифи шаҳри Душанбе ба хотири пешгирӣ аз чунин амалҳои ғайриахлоқӣ, дар ҳамкорӣ бо сохторҳои қудратии шаҳри Душанбе аз моҳи ноябр то декабри соли гузашта дар ҳамаи макотиби миёнаи пойтахт бо хонандагони синфҳои 9-11 ва волидайни онҳо мулоқот анҷом дода, сӯҳбатҳо гузаронда буд: “Аксарияти чунин амалҳои номатлуб баъд аз хатми дарсҳо сурат мегиранд. Вазифаи асосии мактаб таълим додан аст. Албатта мактаб ҳам дар давоми таълим дар тарбияи хонандагон муваззаф аст, вале ин бештар масъулияти волидайн аст”.

Ин навор дар ҳоле дар телефонҳои ҳамроҳи бархе мактаббачаҳо мечархад, ки аввали моҳи декабр Радиои Озодӣ дар бораи пайдо шудани видеои дигари баҳсбарангези духтарҳои мактабхони пойтахт гузориш дода буд. Дар ин навор чаҳор духтари мактабхон зоҳиран дар ҳолати сархушӣ бо ҳам бӯсобӯсӣ мекарданд. Ин навор мавриди интиқоди тамошобинони зиёд қарор гирифт ва Раёсати маорифи пойтахт ин ҳодисаро мавриди санҷиш қарор дод.

Бузургмеҳр Ёров, ҳуқуқшиноси тоҷик.
Бузургмеҳр Ёров, ҳуқуқшиноси тоҷик.
Бузургмеҳр Ёров, ҳуқуқшиноси тоҷик дар робита бо навори нави видеоӣ мегӯяд, мувофиқи қонунгузории Тоҷикистон, алоқаи ҷинсии миёни наврасони то 16-сола ҷиноят ҳисобида мешавад: “Паҳн кардани сурат, видео ва дигар ахбороти порнографӣ ҳам мувофиқи моддаи 241-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон, ҷиноят ҳисобида мешавад. Нафароне, ки ба ин амал даст мезананд, метавонанд маҳкум ба зиндон шаванд мувофиқи қонун”.

Аммо бархе аз коршиносон мегӯянд, ки паҳнкунандагони фаҳш тариқи видео ва интернет аз зафъи қонун истифода карда, наворҳои фаҳшро ба унвони эротика паҳн мекунанд, ки он мувофиқи қонун ҷиноят ҳисобида намешавад.

Равоншинос Маҳмуд Кабирӣ ба ин ақида аст, ки дар ингуна мавридҳо муҳимтар аз ҳама баҳои ҷомеа ба аъмоли чунин наврасон аст: “Чунки аз чигунагии бархӯрди ҷомеа тақдири ин наврасон вобаста аст. Агар ҷомеа масъулин сари эҳсос кирдори ин ҷавононро маҳкум карда онҳоро аз мактаб ронанд, мавриди табъиз қарор диҳанд, психикаи ҷавонии онҳо метавонад шиканда ва онҳо якумр бадбахт шаванд”

Ба қавли ин равоншинос, азбаски дар гузашта ҷомеаи суннатии Тоҷикистон чунин ҳолатҳоро шоҳид нашуда буд, якбора мавриди интиқоди шадиди аксар аъзои ҷомеа қарор мегирад. Бархе таъсири ғарбу телевизиони бепардаи Русияро гунаҳгор карда, ба таблиғи суннатҳои мазҳабӣ даъват мекунанд, дигарҳо мегӯянд, ки ахлоқи ҷомеа бозгӯкунандаи вазъи насли наврас аст, ки дар як ҳолати раҳгумзадагии ахлоқиву ақидатӣ қарор дорад ва ҳар чизи хубу бадро ба осонӣ қабул мекунад.
XS
SM
MD
LG