Дар ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қирғизистон, ки рӯзҳои 21 ва 22 ноябр дар шаҳри Бишкек баргузор шуд, масоили марбут ба таъмини амнияти марзҳо ва роҳҳои тавсеаи ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратӣ баррасӣ шудааст. Бишкеку Душанбе дар баробари таъкид ба эътидоли вазъ дар рустоҳои наздимарзӣ дар ду соли охир, аз коҳиши якбораи тиҷорати марзӣ сӯҳбат кардаанд.
Муовини нахуствазири Қирғизистон гуфтааст, ки истиқрори сулҳу субот дар марзи муштараки Тоҷикистону Қирғизистон аз дастовардҳои муҳими сиёсӣ ҳисоб меёбад. Азим Иброҳим, муовини нахуствазири Тоҷикистон ва раҳбари ҳайати ин кишвар дар Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қирғизистон рӯзи панҷшанбеи 24 ноябр ба Радиои Озодӣ гуфт, Жениш Раззоқов, ҳамтои қирғизаш ин ҳарфҳоро рӯзи 22 ноябр дар нишасти хабарӣ дар шаҳри Бишкек иброз доштааст.
Ӯ гуфтааст, дар солҳои 2015-2016 вазъият дар марзи Тоҷикистон бо Қирғизистон дар муқоиса ба солҳои қабл оромтар буда ва мавориди даргирӣ миёни марзбонон ё муноқишаи сокинони наздимарзии ин ду кишвар камтар ба мушоҳида расидааст.
Коршиносон далели ин амрро ба талоши сокинони марзӣ ва мақомоти тоҷику қирғиз барои бо роҳи гуфтугӯву музокираҳо ва “дипломатияи мардумӣ” ҳал кардани мушкилоти мавҷуда марбут хонданд, ки вазъро дар марз нисбатан амн ва ором нигаҳ доштааст. Раззоқов гуфтааст, ки дар ин муддат аз роҳи ташкили ҳамоишҳои фарҳангиву сабқатҳои варзишии сокинони наздимарзӣ, баррасии дастрасии сокинони рустоҳои марзӣ ба об ва мулоқоти дигар ҳарду ҷониб тавонистаанд дар поин бурдани сатҳи таниш дар масоили марзӣ саҳмгузор шаванд.
Ба гуфтаи Азим Иброҳим, дар поёни ҳамоиши Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қирғизистон дар шаҳри Бишкек дар ҳафтаи ҷорӣ миёни ин ду кишвар як протколе имзо шуд, ки дар он ба густаришу тавсеаи ҳамкориҳо дар бахшҳои саноат, кишоварзӣ, ҷаҳонгардӣ, энержӣ ва савдои наздимарзӣ таъкид шудааст.
Аммо мизони ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратӣ коҳиш ёфтааст
Айни замон, Бишкек ва Душанбе эътироф кардаанд, ки дар ду соли охир коҳиши қобили мулоҳизаи равобити иқтисодию тиҷоратӣ миёни ду ҳамсояи наздик мушоҳида мешавад. Иқтисодшинос Собир Вазиров ин таҳаввулро ба бӯҳрони ҷаҳонии иқтисодӣ ва пайвастани Қирғизистон ба Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё марбут хонд. Қирғизистон соли 2015 ба ин иттиҳоди гумрукию тиҷоратии таҳти раҳбарии Русия шомил шуд. Ин иттиҳод гардиши бемамонеаи молу коло дар марзҳои кишварҳои узви созмон (Қазоқистон, Арманистон, Беларус, Русия, Қирғизистон)-ро дар назар мегирад.
Собир Вазиров гуфт: “Вақте Қирғизистон ба Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё ворид шуд, сарҳадоти гумрукии ин ниҳод дар роҳи вуруд ва хуруҷи молҳо аз тариқи Қирғизистонро таҳти назорат гирифтанд. Қаблан бештари молҳо аз Чин ба Қирғизистон ва сипас ба Тоҷикистон ворид мешуд. Ҳоло пеши роҳи ин тарзи интиқоли мол гирифта шудааст. Ин вазъ ба мизони гардиши мол миёни Тоҷикистону Қирғизистон таъсир гузоштааст.”
Тибқи омори расмӣ, мизони ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратӣ миёни Тоҷикистон ва Қирғизистон дар соли 2015 - 97 миллион доллари Амрикоро ташкил дода, дар 7 моҳи соли ҷорӣ танҳо ба 13 миллион доллар баробар шудааст. Ин ҳаҷми гардиши мол дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта 16 дарсад коҳиш ёфтааст.
Бино ба иттилои манобеъи ҳукумати Қирғизистон, пас аз узвияти Қирғизистон ба Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё Русия ба ин кишвар барои навсозии чаҳор гузаргоҳи гумрукиаш 200 миллион доллар додааст, то ба ин васила бозори дохилии ин иттиҳод аз маҳсулоти беруна ҳимоя шуда ба истеҳсолкунандагони ватанӣ бартарӣ дода шавад.
Тоҷикистону Қирғизистон аз 976 километр марзи муштараки байни ин ду кишвар то имрӯз ҳамагӣ 504 километрро пурра таъйин ва аломатгузорӣ кардаанд. Мушкили аслӣ дар мушаххас кардани хати марз такяи ду кишвар ба харитаҳои мухталифи марзбандӣ дар замони Иттиҳоди Шӯравӣ ҳисоб меёбад.
Мушаххас набудани хати марз ва аломатгузорӣ нашудани он боиси моҷароҳои сокинони манотиқи марзии Тоҷикистону Қирғизистон шуда ва мардуми рустоҳои марзӣ дар қаламравҳои баҳсбарангез барои обу чарогоҳу заминҷанҷолу занозанӣ кардаанд.
Масалан, дар соли 2014 дар минтақаҳои баҳсии ин марз, алалхусус дар марзи ноҳияҳои Исфараву Бодканд, байни сокинон ва марзбонҳои ду тараф 30 муноқишаву танишҳои марзӣ рух додаанд, ки бар асари онҳо ду марзбони тоҷик ва 5 марзбону 1 милисаи қирғиз кушта шуданд.