Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нахустин дидори рӯбарӯи Расулзода ва Сариев


Мулоқоти Сариев бо Расулзода. Акс аз vb.kg
Мулоқоти Сариев бо Расулзода. Акс аз vb.kg

Сарвазирони Тоҷикистону Қирғизистон дар нахустин дидори рӯбарӯяшон дар Қазоқистон масоили ҳамкории ду кишвар, аз ҷумла масъалаҳои марзиро баҳс кардаанд.

Шӯъбаи таъмини иттилоотии ҳукумати Қирғизистион хабар дод, ки сарвазирони Қирғизистону Тоҷикистон Темир Сариев ва Қоҳир Расулзода рӯзи 29 май дар ҳошияи нишасти раисони ҳукуматҳои кишварҳои узви Иттиҳоди кишварҳои муштаракулманофеъ(СНГ) ва Шӯрои байниҳукуматии Иттиҳоди иқтисодии АвроОсиё дар Бурубой, 250-километрии шимоли Остона, пойтахти Қазоқистрон як мулоқоти алоҳида барпо кардаанд.

Мулоқоти рӯзи 29 май нахустин дидори расмии Расулзода бо Сариев аст, ки тоза як моҳ пеш ба мақоми раҳбари ҳукумати Қирғизистон расид.

Темир Сариев ҳамтои тоҷикашро барои анҷоми як сафари расмӣ ба Қирғизистон даъват кардааст.

Сариев бо васфи зарфиятҳои ҳамкориҳои Қирғизистону Тоҷикистон гуфтааст, “равобити мо ба таври динамик ва ба сӯди тарафайн рушд меёбанд.” Ӯ ҳамчунин дар ин мулоқот ба мушкилтарин масъала дар равобити Бишкеку Душанбе – таъин ва аломатгузории марзҳои ду кишвар дахл карда, гуфтааст, “Қирғизистон азми қотеъ дорад, то масъалаи таъйин ва аломатгузории марзи давлатии Қирғизистону Тоҷикистон ҳарчӣ зудтар ва бо дарназардошти манфиатҳои ҳарду ҷониб ҳал шавад.”

Ӯ ҳамчунин ба зарурати густариш ва таҳкими ҳамкориҳои сӯдманди дуҷониба байни ин ду кишвари ҳамсоя, аз ҷумла дар соҳоти тиҷориву иқтисодӣ ва обу энержӣ, таъкид кардаааст.

Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ба навбаи худ низ ба зарурати таҳкими равобити дуҷониба ва тақвияти кори Кумиссиюни байниҳукуматии Тоҷикистону Қирғизистон ва Кумиссиюни масъули таъйин ва аломатгузории марзи ду кишвар таъкид кардааст.

Тоҷикистону Қирғизистон ба фарқ аз кишварҳои поёноби минтақа, ба далели надоштани захираҳои бузурги нафту газ ва камбуди дастрасӣ ба нирӯи барқ дар аксари баҳсҳои доғи минтақа, аз ҷумла дар масоили обу барқ, дидгоҳи муштарак доранд. Аммо равобити ин кишваррро бештар аз ҳама баҳсҳои марзӣ хадшадор кардааст.

Тоҷикистону Қирғизистон 976 километр марзи муштарак доранд, ки бо гузашти қариб 24 сол аз фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ то имрӯз танҳо 519 километраш пурра таъйин ва аломатгузорӣ шудаанд. Баҳсҳои марзӣ бахусус дар якуним соли охир боиси чандин моҷаро, аз ҷумла даргириҳои мусаллаҳона ва занозаниҳо байни сокинони ду тарафи марз, бахусус дар марзи ноҳияҳои Лайлаку Бодканди вилояти Бодканди Қирғизистон бо ноҳияҳои Исфара ва Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғди Тоҷикистон, шудааст. Қирғизистон дар ибтидои соли 2014 дар пайи чунин як низои марзӣ марзҳояш бо Тоҷикистонро барои қариб 3 моҳ баст ва сафирашро аз Душанбе фаро хонд.

Гуфта мешавад, танҳо дар соли 2014 дар марзи Қирғизистон бо Тоҷикистон 30 даргирӣ рух дода, ҷониби Қирғизистон баъди як даргирии моҳи январ дар Исфара ҳатто марзҳояш бо Тоҷикистонро барои қариб 3 моҳ баст. Дар ҷараёни ин танишҳои марзӣ дар соли гузашта дар маҷмӯъ се шаҳрванди Тоҷикистон, аз ҷумла як афсари нирӯҳои марзбонӣ кушта ва аз ҳарду тараф ҳудуди 20 нафар захмӣ шудаанд.

Музокироти ҳайатҳои ду тараф дар сатҳи муовинони сарвазирҳо тавонист оташи танишҳоро то ҳадде фурӯ бинишонад ва як оромии нисбиро дар марзи Тоҷиикистону Қирғизистон зоҳиран таъмин кунад, вале масъалаи асосӣ – таъйин ва аломатгузории 567 километр хатти марзи давлатии ин ду кишвар – ҳамчунон ҳалношуда боқӣ мемонад. Моҷароҳои марзии соли 2014 боис шуд, ки мизони табодули молу коло байни Тоҷикистону Қирғизистон дар соли гузашта башиддат коҳиш ёфт.

Бо вуҷуди нисбатан ором шудани авзоъ дар марз, тиҷорат байни Душанбеву Бишкек ҳамчунон дар сатҳи пойин боқӣ мондааст ва барои мисол, дар ду моҳи аввали соли равон Тоҷикистону Қирғизистон ба ҳаҷми ҳамагӣ 4 миллиону 191 миллион доллар додугирифти мол доштаанд. Аз ин 3,8 миллионашро содироти молҳои Қирғизистон ба Тоҷикистон ташкил медиҳад, вале Тоҷикистон дар моҳҳои январу феврал ба ин кишвари ҳамсоя ба маблағи ҳамагӣ 376 000 доллар мол фурӯхтааст. Ба ақидаи коршиносон, ин маблағ ҳамсанги додугирифти як тоҷири сатҳи миёна аст, на ҷавобгӯи зарфиятҳои ду кишвари ҳамсоя, ки бо якдигар 976 километр марзи муштарак доранд.

Дар поёни нишасти Бурубой қарор шуд, ки ҷаласаи навбатии сарвазирони СНГ рӯзи 30 октябр дар Душанбе доир шавад. Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода бо эълони ин тасмим ба хабарнигорон гуфт, "ман бо камоли майл ҳамаи шумо, ҳамкасбони азизро ба пойтахти Тоҷикистон даъват мекунам."

XS
SM
MD
LG