Сарнишин ва яке аз халабонҳои ҳавопаймои “Боинг-737-400”, хатсайри Маскав – Хуҷанд, ки субҳи рӯзи 24-уми май ба таври изтирорӣ ба майдони ҳавоии Хуҷанд фуруд омаданд, ба саволҳои Озодӣ дар бораи ин сафари тӯлонӣ ва хатарноки худ посух гуфтанд. Дар ин ҳавопаймо, ҳамроҳ бо мусофирону ҳайати ҳавонавардон 100 нафар нишаста буд. Аз ҷумла, 10 нафарашон кӯдак буданд.
Сӯҳбат дар меҳмонхонаи майдони ҳавоии Хуҷанд ҷараён гирифт.
Аъзам Нодиров, сарнишин: Замони дар майдони ҳавоии Демодедовои Маскав ба ҳаво бархостан, ду чархи ҳавопаймо аз як тараф кафид ва корношоям шуд. Дар натиҷа хатаре пеш омад, ки вақти ба замин нишастан ҳавопаймо метавонист ба замин бархӯрду оташ гирад.
Озодӣ: Дар он ҳол чӣ тасмим гирифтед?
Аъзам Нодиров: Аввал аниқ намудем, ки чӣ ҳодиса рух додааст. Баъд ба қароре расидем, ки парвозро идома медиҳем ва тамоми кӯшишро ба харҷ диҳем, ки бидуни садама парвозро ба анҷом расонем.
Озодӣ: Дар лаҳзаҳои ин парвози оқибаташ хатарнок чӣ фикр шуморо фаро гирифта буд?
Аъзам Нодиров: Ягона мақсади мо ин буд, ки ба касе зарар нарасад. Ҳама мусофиронро сиҳату саломат ба манзил расонем. Ва ҳадди имкон кӯшиш кунем, ки ҳавопаймоямон безарар ба замин нишинад. Худоро шукр, ки ба ин мақсадамон расидем. На мусофирону на аъзои экипаж, ягон кас зарар надид ва ба ҳавопаймо низ зарари калон нарасид.
Озодӣ: Шумо чӣ фикр мекунед, сабаби якбора кафидани балони ду чархи ҳавопаймо чӣ буд: кӯҳнагӣ, нуқси техникӣ ё чӣ?
Аъзам Нодиров: Ин тасодуф буд. Яку якбора кафидани ду балони чархҳои як тараф аз эҳтимол берун аст. Аммо чунин ҳам иттифоқ меафтад, иттифоқи хеле нодир, ки шояд, дар аз миллион парвоз як маротиба пеш меояд. Мо бо чунин ҳолат рӯ ба рӯ шудем.
Озодӣ: Аъзои ҳавопаймо чанд нафар будед?
Аъзам Нодиров: 7 нафар, 4 сарнишин: 2 нафар паси фармон ва 2 нафари дигар, ки моро вақти парвоз рафтан ба Маскав иваз карда буданд, як муҳандис ва се стюард.
Озодӣ: Фарҳод, шумо ҳам дар ин парвоз ҳамроҳ будед?
Фарҳод Алимов: Бале, ман ҳавонаварди дуюм ҳастам.
Озодӣ: Мебинам, шумо хеле ҷавон ҳастед?
Фарҳод: 5 сол инҷониб парвоз мекунам. 27-солаам.
Озодӣ: Ин парвози изтирорӣ шояд, бароятон мураккабтарин буд?
Фарҳод: Ҳа, якумин парвозе буд. Ва, ростӣ, ман фикр кардам, ки оё саломат ба замин менишаста бошем?
Озодӣ: Аъзам, бисёриҳо дар бораи кӯҳнагии ҳавопаймоҳои ширкати ҳавопаймоии “Тоҷик-Эйр” суҳбат мекунанд, оё ин воқеият дорад?
Аъзам Нодиров: Дуруст аст, дар ҳақиқат мо ҳавопаймое надорем, ки нав аз корхона баромадаасту бидуни таъмири бузург бемалол метавонад то 10 сол парвоз кунад. Аммо ҳавопаймоҳое, ки дорем, доимо таҳти назорат аст, қисмҳои эҳтиётӣ саривақт ё қариб саривақт оварда иваз карда мешаванд. Техникаро, ки нигоҳубин кардӣ, хидматат мекунад, агар накардӣ, зарарат мебиёрад.
Ҳавопаймои мусофирбари парвози самти «Маскав-Хуҷанд» субҳи ҷумъаи 24-уми май пас аз якуним соат чарх задан дар фазои фурудгоҳи Хуҷанд ба замин нишаст. Хабарнигори Радиои Озодӣ мегӯяд, ки бештари сокинони шаҳр дар фосилаи соатҳои 8 то 10 субҳ ҳавопаймоеро дар фазо мушоҳида кардаанд, ки давр мезад, аммо нишаста наметавонист.
Ба хотири ҷилавгирӣ аз паёмади номатлуб, Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд умури омодагӣ ва наҷотро рӯи даст гирифт. Дар ин муддат роҳҳои вурудӣ ба фурудгоҳ баста шуда тамоми хадамоти оташнишонӣ, «ёрии таъҷилӣ» ва сохторҳои қудратӣ ба пешвози ҳавопаймо омода шуданд.
Дар натиҷа, ҳавопаймо пас аз комилан харҷ кардани маводи сӯзишворӣ дар ниҳоят ҳудуди соати 10 дар фурудгоҳ нишастааст. Гуфта мешавад, бо шумули ҳайати ҳавонавардон, ҳавопаймо 100 мусофир доштааст ва ин ҳодиса бидуни талафоти ҷонӣ анҷомид. Ҳавопаймои Боинг-737-400 аз фурудгоҳи "Домодедово"-и Маскава ба Хуҷанд меомад.
Ба дунболи ин ҳодиса ширкати "Тоҷикэйр" комиссияи вижаи худро ҷиҳати таҳқиқи ҳолати садамавии ҳавопаймои хатсайри "Маскав-Хуҷанд" ба Хуҷанд фиристод. Дафтари матбуоти ширкати "ТоҷикқЭйр" рӯзи 24-уми май ба "Озодӣ" гуфт, барои таҳқиқи ҳодисаи фуруди изтирории ҳавопаймо дар Хуҷанд, комиссияи вижаеро муваззаф намуд, то сабабҳои аслии пеш омадани ҳолати садамавиро ҳамаҷониба мушаххас кунад.
Муқим Додохонов, сардори хадамоти ташкили ҳамлу нақли майдони ҳавоии Хуҷанд дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ кори ҳайати халабонҳоро "қаҳрамонӣ ва шуҷоат" унвон кард. Вай гуфт:
- Ин ҳавопаймо, ба шарофати устокории ҳайати халабонҳо, моҳирона ва устокорона омада нишаст. Ҳавопаймо болои кафке, ки махсус болои хати парвоз рехта шуда буд, хеле зебо ва беосеб нишаст. Дар фурсати байни 15-20 сония нишаст. Мо сари вақт ба наздаш рафтем, зинапояҳоро гузоштем, духтурҳо расида омаданд. Касе осеб надид.
Ин ҳодиса дар ҳоле рух медиҳад, ки чанд рӯз қабл торнамои Business Insider, мақараш дар Ню-Йорк, ширкати “Tajik Air”-и Тоҷикистонро дар як дараҷабандӣ дар миёни даҳ ширкати бадтарин дар зинаи 9-ум ҷой дод.
Торнамои Business Insider 20 ширкати хубтарин ва 20 ширкати бадтарини ҳавопаймоиро номбар кардааст. Дар садри ширкатҳои беҳтарин Qatar Airways, Asiana Airways, Singapore Airlines ва Cathay Pacific Airways ҷой гирифтаанд. Аксари ширкатҳои бистгонаи беҳтарин аз кишварҳои арабӣ ва Ховари Миёна буда, дар байни онҳо танҳо 2 ширкати аврупоӣ – Lufthanza дар мақоми 14-ум ва Swiss Int’l Airlines дар зинаи 18-ум омадаанд.
Business Insider мегӯяд, барои дақиқ кардани эътибори ширкатҳои ҳавоӣ сифати ғизо ба мусофирон дар салони парвозҳои умумӣ ё эконом- класс, тозагии дохили ҳавопаймоҳо, курсиҳои нишаст, саргармиҳо ҳангоми парвоз, назари мусофирон ва шароити дигари парвоз дар назар гирифта шудааст.