Дипломатҳои тоҷик мегӯянд, бо шаҳрвандони боздоштшудаи Миср дар тамоси телефонӣ қарор дошта, вале то ҳанӯз иҷозати мулоқоти рӯбарӯ бо онҳоро ба даст наовардаанд. Рӯзи 25 сентябр дар сафорати Тоҷикистон дар Қоҳира ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки тибқи қонунҳои Ҷумҳурии Мисри Араб, мулоқоти дипломатҳо бо шаҳрвандони боздоштшудаи кишварашон танҳо баъди ба маҳкама ё боздоштгоҳ интиқол ёфтани онҳо сурат мегирад.
4 марди тоҷике ки шаби 19 сентябр дастгир шуданд, то ҳол дар идораи полиси минтақаи Ҷиза нигаҳдорӣ мешаванд ва дар чаҳорчӯби тафтишоти пешакӣ ба саволҳои муфаттишони полиси сайёҳӣ, ки онҳоро рӯзи 19 сентябр ба ҳангоми тамошои аҳромот боздошт кардаанд, посух медиҳанд.
Сафорат мегӯяд, ҳанӯз дар бораи ҳуввияти шаҳрвандони боздоштшудааш иттилои санҷидашудаву расмӣ надорад, чун тамоми санадҳои боздоштшудаҳо дар ихтиёри тафтишоти полиси Миср қарор дорад. Сафорат аз ин рӯ аз ироаи исми воқеӣ, маҳалли зист, машғулияти онҳо худдорӣ мекунад ва мегӯяд, ки танҳо баъди санҷидани шиносномаву дигар ҷузъиёти санадҳои онҳо метавонад ба ин савол посух диҳад. Ҳамчунин ҳанӯз мушаххас нест, ки оё ин афрод бо кадом роҳ вориди Миср шудаанд. “Танҳо бо санҷидани ҷузъиёти дохили шиносномаҳо, аз ҷумла, мӯҳрҳои убури марз метавон гуфт, ки онҳо тавассути кадом кишварҳо вориди Миср шудаанд,” - гуфт намояндаи сафорати Тоҷикистон, ки масъули пайгирии ин қазия аст.
То имрӯз маълум шудааст, ки аз чор шаҳрванди боздоштшудаи Тоҷикистон ду нафараш донишҷӯи донишгоҳҳои Миср буда, ду нафари дигарашон калонсоланд. Сабаби аслии боздошти онҳо ин будааст, ки ба ҳангоми тафтиши мошини сабукрав, дар дохили бордон халтае ошкор шудааст, ки дар дохили он як сару либоси мардона, компютери сайёри лептоп ва як навъи корд будааст. Ҳеҷ навъ силоҳ дар дохил бордони мошин ҷой надоштааст.
Се нафар гуфтаанд, ки халтаи пайдошуда моли онҳо нест. Танҳо нафаре, ки то ҳанӯз имкони сӯҳбати телефонӣ бо сафоратро надоштааст, ронандаи мошин аст, ки тибқи иттилои расмӣ, донишҷӯ буда, забони арабиро медонистааст.
Ба иттилои сафорат, боздоштшудаҳо то ҳанӯз аз шароити нигаҳдошту дастрасӣ ба ғизо шикоят накардаанд.
4 шаҳрванди Тоҷикистон шаби 19 ба 20 сентябр дар Ҷиза, маҳалли ҷойгиршавии аҳромҳои бостонии Миср аз сӯи пулиси сайёҳӣ дастгир шуданд. Расонаҳои Миср хабар доданд, ки гӯё дар бордони мошини ин шаҳрвандони тоҷик “маводи шубҳаовар”, аз ҷумла як корду компютери дастӣ ёфт шудааст. Ин расонаҳо ишора кардаанд, ки гӯё то атбои Тоҷикистон бо гурӯҳи тундрави “Давлати исломӣ”, ки дар Сурияву Ироқ меҷангад, иртибот доштаанд.
Намояндаи сафорати Тоҷикистон дар Миср ба Озодӣ гуфт, то кунун ягон мавриди собитшудаи иртиботи шаҳрвандони тоҷики муқими Миср бо гурӯҳҳои тундраве, назири “Давлати исломӣ” мушоҳида нашудааст.
Қаблан дар Миср то 300 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон таҳсил ё кор мекарданд. Аммо дар пайи маъракаи ба Ватан баргардондани толибилмони тоҷик аз мадрасаҳои хориҷӣ дар соли 2010 сафорати Тоҷикистон хабар дода буд, ки дар Миср ҳудудан 40 тани дигар аз шаҳрвандони тоҷик боқӣ мондаанд.