Хабари худкушии Фирдавс Халилов (Фирдавси Халил), як соҳибкори ҷавони тоҷик дар шаҳри Қоҳира, пойтахти Миср, дар миёни ҷамъияти тоҷикони муқими ин кишвари арабӣ сару садои мухталиферо эҷод кардааст.
Яке аз тоҷикони муқими Қоҳира, ки рӯзи 16 март хабари марги Фирдавси Халилро ба Озодӣ расонд, гуфт, ки бачаҳои тоҷик рӯзи 15 март дар маросими намози ҷанозаи як тоҷик ширкат карданд, вале дар бораи иллатҳои марги ӯ овозаҳо хеле мухталифанд ва ин тоҷикони Қоҳираро як андоза нигарон сохтааст.
Дар сафорати Тоҷикистон дар Миср даргузашти Фирдавс Халилов, шаҳрванди 32-солаи Тоҷикистон дар Қоҳираро тасдиқ карданд. Назрулло Назаров, сафири Тоҷикистон рӯзи 16 март ба Радиои Озодӣ гуфт, Фирдавс Халилов субҳи ҷумъа, 14 март худро дар манзилаш дар маҳаллаи Мадинат Насри Қоҳира дор кашидааст ва ҷанозаи ӯро алакай ба Тоҷикистон фиристодаанд: “Сафорат тамоми кумак ва мусоидаташро кард, ки асноди лозим барои фиристодани ҷаноза дар байни як рӯз омода шавад. Мо ҷанозаи Фирдавс Халиловро аз Қоҳира алакай роҳӣ кардем ва бояд субҳи 17 март тавассути ҳавопаймои “Туркиш Эйрлайнз” аз Истамбул ба Душанбе бирасад.”
Аз Фирдавс Халилов 4 фарзанд ятим монд – 3 фарзанд аз ҳамсари аввалаш дар Тоҷикистон ва якеи дигар аз ҳамсари дувумаш дар Қоҳира.
Фирдавс Халилҷонович Халилов соли 1982 дар Кӯлоб ба дунё омада, қабл аз мусофираташ ба Миср дар ноҳияи Фирдавсии Душанбе ба сар мебурд. Ӯ соли 2012 ба Миср омад ва дар инҷо ба Қиматгул Ҳасанова издивоҷ кард. Баъди ин ҳамроҳ бо ҳамсараш дар маҳаллае, ки ба сар мебурданд, яъне дар Мадинат Наср, як ошхонаи таомҳои миллии тоҷикӣ бо номи “Хуросон”-ро таъсис дода буд. Тоҷикони Қоҳира мегӯянд, ошхонаи “Хуросон” ҳарчанд хеле хурд буд, вале бо ғизоҳои хушмаззааш муштарии зиёд пайдо карда буд.
Яке аз нафарони наздик ба Фирдавс Халилов дар бораи ангезаҳои марги ӯ гуфт: “Ӯ қабл аз он ки худро ба дор биовезад, як номаи пеш аз марг ҳам навиштааст. Дар ин нома ӯ аз падару модар, ёру дӯст ва фарзандонаш узр мехоҳад, ки чунин зиндагии бесарусомон дошту умеду орзуҳои онҳоро дар зиндагиаш бароварда карда натавонист."
Дар ин номаи кӯтоҳ, ки дар се варақаи дафтар навишта шудаасту як нусхааш дар дасти Радиои Озодӣ ҳам ҳаст, Фирдавс Халилов аз ҷумла менависад: “...хоҳиш мекунам, ки дар марги ман ягон касро гунаҳкор нашуморанд. Ҳамааш худам гунаҳкор охир сер шудам безор шудам шумоҳо маро фаҳмед дар охир боз ҳам аз ҳамаи дӯсту душман бахшиш мепурсам хусус аз падару модар ва фарзандонам маро бубахшед. Фирдавси Халил. 14.03.2014. соати 08.00 субҳ Қоҳира Ассалому алайкум.”
Ба гуфтаи як ҳамсӯҳбати мо дар Қоҳира, Фирдавси Халил ҳанӯз дар Тоҷикистон аз истеъмоли маводи мухаддир азоб дошт ва як сабаби ба чунин роҳи дароз мусофират карданаш ҳам ин буд, ки Миср кишвари исломисту инҷо аз дарди маводи мухаддир шояд раҳо биёбад: “Аммо мутаассифона, ҳарому фасод дар тамоми дунё ҳаст. Дар Миср ҳам онҳое ҳастанд, ки маводи мухаддир мекашанду мефурӯшанд. Ва бадбахтона, ин ҳамватани мо дар инҷо ҳам ба доми ҳалқаҳои фурӯши маводи мухаддир афтод. Ва як сабаби худкушиаш, фикр мекунам, ҳамин буд, ки ҳеҷ натавонист аз ин иллат худро халос кунад. Безор шуд аз зиндагӣ...”
Фирдавс дар номаи пеш аз маргаш ҳам ба ин мазмун ишораҳое дорад: “Вақте фарзанд ба дунё меояд, падару модар бо сад орзую ҳавас он фарзандро ба воя мерасонанд. Чӣ илоҷ, вақте бисёри фарзандон ба воя мерасанд, дар орзуюу ҳаваси падару модар хок мепошанд, ки ман яке аз онҳо ҳастам.”
Ҳамсари ӯ Қиматгул Ҳасанова гуфтааст, ки Фирдавс қаблан ҳам дар Миср ду дафъа талоши худкушӣ карда буд, вале ҳарду бор онҳо тавонистаанд сари вақт бирасанд ва ӯро наҷот диҳанд.
Як толибилми муқими Қоҳира ба Озодӣ қисса кард, ки Фирдавси Халил субҳи ҷумъа намози бомдодро дар масҷид адо кардаву бо баъзе аз бачаҳои дигари тоҷик сӯҳбат кардааст. Ҳеҷ кадоми онҳо дар чеҳраи Фирдавс кадом аломати яъсу рӯҳафтодагӣ ва безориаш аз зиндагиро мушоҳида накардаанд.
Он тоҷикони муқими Қоҳира, ки аз ҷумлаи муштариёни ошхонаи “Хуросон” буданд, низ ӯро ба ҳайси як нафари зиндадил ва дастбакор ба қалам медиҳанд. Аммо яке аз наздикони ӯ ба Озодӣ гуфт, дар асл умури ошхона дар дасти ҳамсари Фирдавс – Қиматгул Ҳасанова – ва хешу табори ӯ буд ва Фирдавс танҳо гоҳ-гоҳе ба онҳо кумак мекард.
Ин дувумин мавриди марги иҷбории шаҳрвандони тоҷик дар Миср дар ду соли охир аст. Амриддин Норакови 28 – сола, донишҷӯи факултаи шиариати донишгоҳи Ал-Азҳар, моҳи июли соли 2012 дар маҳаллаи Насри Қоҳира дар натиҷаи ҳамлаи як ғоратгар кушта шуда буд. Гуфта мешуд, ки як ҷавони мисрии бекор ҳангоми баромадан аз варзишгоҳ мехоҳад аз дасти Амриддин телефони дастиашро кашида гирад, аммо ба муқовимат дучор шуда, бо қайчӣ то кушта шуданаш ба сари сина, бағал, китф ва гардани Амриддин мезанад.
Аммо ин бор як тоҷики ҷавони ҳамагӣ 32-сола ва падари 4 фарзанд ва он ҳам дар чунин дурӣ аз ватан ба ҷони худ қасд кардааст. Марги Фирдавс, ҳатто бо вуҷуди номаи пеш аз маргаш суолҳои зиёдеро халқ кардааст. Суолҳое ки посухашро Фирдавси Халил бо худ ба гӯр мебарад.