Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти чор шаҳрванди Тоҷикистон дар Миср


Сабаби боздошти 4 тоҷик аз сӯи ниҳодҳои амниятии Миср вуҷуди ашёи машкук дар дохили бордони мошини яке аз шаҳрвандони Тоҷикистон гуфта мешавад.

Чор шаҳрванди Тоҷикистон охири ҳафтаи гузашта дар Миср боздошт шудаанд. Ба иттилои консулгарии сафорати Тоҷикистон дар Қоҳира, ин ҳодиса шаби ҷумъа ба шанбеи 20 сентябр дар минтақаи Гизаи канори Қоҳира дар маҳалли аҳромҳои бостонии Миср рух додааст. Бино бар иттилои расмӣ, яке аз онҳо донишҷӯи донишгоҳи Қоҳира ва се нафари дигар меҳмон будаанд.

Нафари донишҷӯ беш аз як сол мешавад дар Қоҳира таҳсил карда, аз хоки ин шаҳр берун нарафтааст, мегӯянд дар консулгарии Тоҷикистон.

Боздоштшудаҳо ба саволҳои муфаттишони додгоҳи минтақаи “6 октябр”-и Қоҳира, ки дар маҳалли аҳромҳо ҷойгир аст, посух медиҳанд. Консулгарӣ мегӯяд, сабаби боздошти шаҳрвандони Тоҷикистон бозёфти ашёи машкук дар бордони мошине будааст, ки сари чанбари он шаҳрванди Тоҷикистон менишаст.

Сафорат мегӯяд, ки барои кӯмак ва ҳифзи ҳуқуқи шаҳрвандони Тоҷикистон сафарбар шуда, бо мақомоти зирабти Миср дар ин замина ҳамкорӣ мекунад. Аз ҳоло маълум шудааст, ки боздоштшудаҳо ба ҳангоми бозпурсӣ мушкили забонӣ доштанд ва барояшон дар муошират бо тафтишот тарҷумоне мусоидат мекунад. Аз рӯи иттилои аввалия, боздоштшудаҳо соҳиби як вакили дифоъ ҳам ҳастанд.

Дар ҳоле, ки ҳадафи сафар, шахсияти боздоштшудаҳо, машғулияти онҳо дар Тоҷикистон ҳоло мавриди санҷиш қарор дорад, сафорат умедвор аст, ки баъди мулоқоти нахустини рӯбарӯ бо боздоштшудаҳо ба саволҳои худ посух хоҳад ёфт. Қарор аст, то шоми имрӯз тафсилоти бештари мулоқоти дипломатҳои тоҷик бо шаҳрвандони боздоштшуда ба даст ояд.

Ин дар ҳолест, ки баъзе хабаргузориҳо навиштанд, чор шаҳрванди Тоҷикистон бо гумони ширкат дар ҷангҳои Сурия боздошт шудаанд. Намояндаи консулгарӣ дар сӯҳбат бо Озодӣ гуфт, то имрӯз ширкати ҳеҷ як шаҳрванди Тоҷикистон, ки дар хоки ҷумҳурии Миср кор ё таҳсил мекунад, дар амалиёти ҷангии кишварҳои дигар исботи худро наёфтааст.

XS
SM
MD
LG