Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шаҳрванди Сурия бо шиносномаи Тоҷикистон боздошт шуд


Шиносномаи тоҷикӣ
Шиносномаи тоҷикӣ

Як шаҳрванди Сурия талош кардааст, бо шиносномаи Тоҷикистон вориди қаламрави Беларус шавад.

Марзбонони беларус ошкор кардаанд, ки бо шиносномаи шаҳрванди Тоҷикистон амалан як шаҳрванди Сурия хостааст аз Украина вориди Беларус шавад.

Ёвари сардори қисми марзбонии Пин дар ин сарҳад, Михаил Бут-Гусаим ба хабарнигорон гуфт, “дар ҷараёни тафтиш маълум шуд, ки шиносномаи ин шахс дасткорӣ ва зоҳиран ба он акси дигар часпонда шудааст.”

Маъмурони амниятии Беларус ҳангоми кофтукови бори ин шахс шиносномаи ҳақиқии ӯро пайдо карданд, ки шаҳрванди Сурия буданашро ошкор намуд. Вай ҳамчунин ҳуҷҷати донишҷӯи хориҷии Донишгоҳи давлатии Тернополи Украина ва як шиносномаи дигари суриягӣ дошт, ки гуфтааст, аз они бародараш аст.

Марди боздоштшуда гуфтааст, ки дар Украина таҳсил мекард ва донишгоҳро хатм намуд, аммо ба иллати нооромиҳои Украина намехоҳад, дар ин кишвар бимонад ва ҳам вазъ дар ватанаш иҷоза намедиҳад, ба Сурия баргардад, аз ин рӯ иқомат дар Беларусро баргузидааст. Вале азбаски раводиди сафари Беларусро надошт, хост, аз шиносномаи тоҷикӣ, ки аз афроди номаълум харидааст, истифода кунад.

Михаил Бут-Гусаим изофа намуд, ки зидди шахси боздоштшуда бино бар қисми яки банди 380-и қонуни кайфарии Беларус, “омода кардани ҳуҷҷати қалбакӣ” парванда боз шудааст. Ин банди қонун ду соли ҳабсро пешбинӣ мекунад.

Дар як соли охир ин бори дувум аст, ки марзбонони Беларус афродеро бо шиносномаҳои қалбакии Тоҷикистон боздошт мекунанд. 28 декабри соли гузашта як шаҳрванди Узбакистон, ки бо иттиҳоми терроризм ва узвият дар гурӯҳи ҷиноӣ аз трарафи Полиси байнулмилал ё Интерпол ҷустуҷӯ мешуд, дар фурудгоҳи Минск, пойтахти Беларус, бо шиносномаи Тоҷикистон ба даст афтод.

Ин шаҳрванди 32-солаи Узбакистон аз соли 2013 дар пайгарди байнулмилалӣ буд. Ҳангоми боздошти шаҳрванди дигари Узбакистон, ки ҳамчун раҳбари як ҳалқаи Ҳаракати исломии Туркистон ҷустуҷӯ мешуд, низ шиносномаи тоҷикии ӯ мусодира гашт, ки ба гуфтаи пулиси Русия, аломатҳои дасткорӣ дошт. Абдуҳофиз Холмуродов рӯзи 1марти соли 2013 дар Маскав ба ҳабс гирифта шуд.

Аввали соли равон шаҳрванди дигари 22-солаи Узбакистон низ бо шиносномаи “ислоҳшуда”-и тоҷикӣ мехост, аз марзи Молдова гузарад. Ба эҳтимоли зиёд сухан аз шиносномаҳои пешинаи тоҷикӣ меравад, ки бо ҷорӣ шудани санади биометрӣ мӯҳлати бақои онҳо маҳдуд шудаанд ва иваз кардани акс дар онҳо осонтар буда, чораҳои амниятии ҳифзи ин шиносномаҳо нокифоят аст.

Дар яке аз барномаҳои телевизионӣ дар Русия нишон доа мешуд, ки аз ҳама осонтар дар Русия шиносномаҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон дарёфт ва хариду фурӯш мешаванд.

XS
SM
MD
LG